Дар Ҳалаб оташбаси нави "башардӯстона" эълон шуд16-12-2016, 12:02
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҳалаби Сурия шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе низоми нави оташбас барои бурунрафти сокинони осоишта ва захмиён аз шаҳр оғоз шуд. Дар ин бора намояндаи расмии шӯришгарон иттилоъ додааст. Шоҳидон низ мегӯянд, аз субҳ ба ин сӯ садои тирпаронию бомбаборон шунида намешавад. Вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи Сурия ва манобеи дигар, амалиёти ҷангӣ идома дорад. Кормандони Салиби сурхи байналмилалӣ ва Сурия гуфтаанд, ки амалиёти ихроҷи сокинон ва маҷруҳон ҳанӯз оғоз нашудааст ва онҳо аз ҷонибҳои даргир дархости кӯмак кардаанд. Шаби чаҳоршанбе намояндаҳои режими Башор Асад хабар доданд, ки ихроҷи гурӯҳҳои шӯришгар аз шарқи Ҳалаб шуруъ шудааст. Қаблан, худи ҳамон рӯз нерӯҳои президент Башор Асад сарфи назар аз созиши оташбаси башардӯстонаи 13 декабр бо миёнравии Русия ва Туркия, ҳамларо ба мавзеъҳои шӯришгарон дар шарқи Ҳалаб аз сар гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.