Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сарварӣ доноиву азхудгузариҳоро мехоҳад

Сарварӣ доноиву азхудгузариҳоро мехоҳад

30-11-2016, 14:34
Хабарро хонданд: 565 нафар
Назарҳо: 0
  Сарварӣ доноиву азхудгузариҳоро мехоҳад

Ончуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст, «ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».

Пайдост, ки рӯзноманигорони имрӯзи мо ҳангоми дар саҳифаҳои матбуот бознамоёндани дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо ба бозтоби нақши маҳз сарварони мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатӣ ба таври боиста аҳамият намедиҳанд. Мо, ки дар пайи иҷрои корҳои ба уҳда дошта, ғолибан дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рафтуомади зиёд дорем, сайъу талошҳои бисёре аз раисони шаҳру ноҳияҳоро мушоҳида карда, чунин натиҷагирӣ намудаем, тавсифи корҳои шоёни як идда сарварони шаҳру ноҳияҳо, ки арзандаи ситоиш мебошанд, ҳамсон ба таҳсини мо баҳри дастовардҳои ояндаашон хоҳад буд. Дар ин саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштанӣ, мехоҳам дидори хонандагони гиромии нашрияро ба корҳои шоёни таҳсини раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷалб намоям.

Набояд нуктаеро нодида гирифт, ки Ховалинг бо хусусиятҳои ҷуғрофиёӣ ва иҷтимоиву иқтисодии худ аз дигар навоҳии кишвар баъзе тафовутҳо дорад, ки яке аз онҳо дар баландкӯҳҳо қарор доштан ва надоштани роҳҳои дурусти автомобилгард мебошад. Дар замони шӯравӣ, бинобар иқлими сарди зимистонии ин мавзеъ, ҳатто ба нақша гирифта шуда буд, ки маводи хӯрокаи ноҳияро, (ба сони ноҳияҳои Бадахшон), то оғоз ёфтани мавсими сармо, ба анборҳои идораи савдо ҳамлу нақл намоянд. Мардуми баъзе деҳот, дар зимистон то имрӯз савори маркаб ё пиёда ба маркази ноҳия рафтуо доштанд. Якчанд мавзеи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки калонтарини онҳо Ҳалқаёр унвон дошта, дар соҳили чапи рӯдхонаи Яхсӯ ҷойгир аст, аҳолӣ (шумораашон 2500 нафар) дар зимистону баҳор, имконияти гузаштан аз рӯди пурталотуми Яхсуро надоштанд. Рӯзҳои ба душвориҳои сангин дучор омадан, мардум аз сандуқи (гидрологии) рӯи сим овезон кор мегирифтанд, ки онро обуҳавошиносони замони шӯравӣ барои ду нафар коршиноси обсанҷи худ таҳия намуда буданд. Мардуми корафтода, ғолибан 6 – 7 нафар, худро ба он сандуқ ҷой карда, бо биму ҳароси канда шудани сим ва ба сели рӯди хурӯшон афтидан, бо дастони захмбардошта, симро ба сӯйи худ мекашиданд, то ки ин сандуқи ларзону ҷунбон онҳоро ба соҳил расонад.

Мусофирон пас аз ранҷу азоби нимсоата ба соҳил расида, ба автомашинаҳои кирояи тамғаи УАЗ ё Нива, ки маъмулан дорои 5 ҷойи нишаст мебошанд, 12 – 14 нафар худро ҷой карда, ба самти деҳа роҳӣ мегаштанд. Аммо сафари баъзе аз онҳо бо ин ранҷҳо ба поён намерасид, зеро ба истилоҳ самти мошини таксӣ танҳо ба деҳаи Ҳалқаёр буд. Дигарон ҳар кадоме то деҳаи худ, аз ҷумла деҳоти сераҳолии Зардолудашт, Сангиуғур ва Канаб пиёда мерафтанд, ё аз роҳи тамос гирифтан бо телефонҳои мобилӣ, онҳоро наздиконашон бо маркаби саворӣ ба хонаашон мерасонданд. Чунин воқеа ҳам рух дода будааст, ки ҷанозаи каси дар бемористони Душанбе вафот кардаро, азизонаш бо он сандуқи рӯи сим овезон гузаронида, то деҳа ба асп бор карда бурдаанд.

Раиси ноҳия Нурулло Мирзозода, дар баробари ба мақоми раисии ноҳия муқаррар гардидан, аз ин ки сиёсати Сарвари давлатро дар пиромуни бунёди роҳҳо ва раҳоӣ бахшидани мардум аз бунбастҳои коммуникатсионӣ, сарнавиштсоз медонист, пеш аз ҳама захираҳои дохилии ноҳияро ба сохтмони пулҳо, аз болои рӯдҳои дар баҳорон касногузар, аз ҷумла ба бунёди пули 117 метра ба самти деҳоти Ҳалқаёр, пули 157 метра аз болои рӯди Оби Мазор, ки маркази ноҳияро бо деҳоти Токак, Даҳани Шол ва ҳазорон гектар заминҳои муассисаҳои кишоварзӣ мепайваст, пули Сари Осиёб ба дарозии 36 метр ва таъмиру азнавсозии роҳҳои Сафедшаҳрак, Лоҳутӣ, Таги Ҷар равона кард,. Ногуфта намонад, ки мафҳуми захираҳои дохилии ноҳия, ишора ба сафарбарсозии мардум, ҷалб намудани диққати соҳибкорони маҳаллӣ ба ин паҳлӯи зиндагии иҷтимоии деҳотиёнро дорад. Гумон мекунам, ки сарвари корозмуда ва дорои зеҳни жарфбин, бо пайравӣ аз биниши ғайриоддиву созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, интизор ба маблағгузориҳои марказ нашуда, захираҳои дохилии маҳалро пайдо мекунад.

Ҳамин аст, ки танҳо дар сохтмони пулу роҳҳои номбаршуда маблағи беш аз 2 270 000 сомониро, саҳми соҳибкорони ноҳия ташкил медиҳад.
Раиси ноҳия захираҳоро на танҳо барои сохтмони роҳҳову пулҳо пайдо карда тавонист, балки барои беҳсозии як нуктаи муҳими идоракунии маҳаллӣ, худкифо будани буҷети ноҳия, дарёфт. Чуноне ки соли 2014 субвенсия (мададпулии ҳукуматӣ) аз 69% ба 43% фароварда шуда, соли 2015 ноҳияи Ховалинг аз субвенсияи ҳукумат ба пуррагӣ берун баромада худкифо шуд, ки ин дар замони вазнини буҳрони сахти иқтисодии ҷаҳонӣ кори шоёне мебошад. Ба ин дастоварди Нурулло Мирзозода ва ҳамкорони ӯ нигариста метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки агар талошу кӯшиши самимӣ шавад ва сарвари ноҳия такя ба ҳунару дониш дошта бошад, ҳатман ба ҳадаф мерасад.

Шояд дар ин варта пурсише ба миён ояд, ки роҳҳои пайдо кардани захираҳо чӣ гуна аст? Посухи ин пурсишро низ дар иҷро кардани дурусту бечунучарои дастуру раҳнамоиҳои Сарвари Давлат метавон пайдо кард. Ба ёд оварда шавад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохӯриву баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки мебояд соҳибкорону тоҷиронро дастгирӣ намуда барои фаъолияти онҳо фазои мусоид фароҳам овард. Ва он соҳибкорони кишвар, ки ба сохтмони корхонаҳои тавлидотӣ рӯ овардаанд, аз пардохти андозҳо озод карда шуданд. Нурулло Мирзозода бо ҳар яке аз соҳибкорони дохили ноҳия ва берун аз он вохӯрӣ доир намуда, талаботашонро барои ҷудо кардани замин бароварда сохт, нагузошт ки баъзе сохторҳои санҷишгар дар марҳилаи бунёди коргоҳ, ба онҳо халал оварад ва аз ҳама беш, тавонист дар дили онҳо тухми умед ба ояндаи неки соҳибкориашон бикорад. Соҳибкорон чун пай мебаранд, ки раиси ноҳия ҳар рӯз аз ҷараёни корҳояшон бохабар мешавад, ба муҳандисон машваратҳои фаннӣ медиҳад, дар симои ӯ ҳамкори хешро мебинанд ва чунин кирдори роҳбар шахси эҷодгарро рӯҳбаланд месозад. Ҳамин аст, ки агар дар поёни соли гузашта, барои бунёди гулгашт ва тандиси Восеи қаҳрамон аз ҳисоби буҷет маблағи 1 700 000 сомонӣ сарф шуда бошад, ҷидду ҷаҳди соҳибкорон бар он равона гаштааст, ки то ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон, бо харҷи 1, 5 миллион сомонӣ дар боғи ноҳия, 5 адад бозиҳои атраксион, «чархифалак», «лимпопо», ҳавзи шиноварии кӯдакон, бунёд гардад. То фарорасии ҷашни пуршукӯҳ корхонаи коркарди мева (ба маблағи 800 000 сомонӣ), баҳрабардорӣ гардад. Дастовези ҷашн ҳамчунон бунёди нахустин биноҳои панҷошёна ва ду бинои сеошёна низ мебошад. Дар табақаи аввали бинои панҷошёна, коргоҳи дӯзандагӣ барои 60 нафар коргар, сартарошхона ва хизматрасониҳои дигари маишӣ, ҷой хоҳанд гирифт. Соли гузашта ду бинои мактаб (яке аз ҳисоби буҷет ва дигар аз ҳисоби соҳибкор) дарҳои худро барои хонандагон кушода буданд ва ҳама бунгоҳҳои тиббӣ бо афзорҳои зарурӣ таъмин гардиданд.

Гарчи фурсати мо барои бозтоби ҳама корҳои шоиста ба тавсифи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Ховалинг маҳдуд ҳам бошад, ёдкард аз бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шугнов ва Лоҳутӣ, деҳоти дурдасти Ҳалқаёр, Садбаргҳо баҷост, зеро пас аз ба кор даромадани он панҷ адад бунгоҳҳои тиббӣ, дигар акнун масъалаи дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир намудани муассисаҳои табоатӣ комилан аз байн бардошта шуд.

Чуноне ба назар мерасад, корҳои дар боло ёдкардаи моро, раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло Абдулҳай, ба қавли мардум, дар як паллаи тарозу мебинад ва иҷрои супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳ ва ваҳдат Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар паллаи дигар тасаввур мекунад, ки аз ташрифи кориашон дар моҳи октябри соли 2013 ба ноҳияи Ховалинг, бармеоянд. Аз рӯи он супоришҳо, дар баробари ба субут расондани як силсила корҳо, сохтмони роҳи автомобилгарди замонавӣ, аз ноҳияи Восеъ то маркази ноҳияи Ховалинг ба масофаи 72 км ва роҳи автомобилгарди Ховалинг – деҳаи кӯҳии Шехон, ба паҳнии 10, 5 м. ва дарозии 17, 5 км., бо мақсади дар ояндаи наздик асфалтпӯш кардани он, дар назар гирифта шуда буд. Инак бунёди роҳи ба истилоҳи мардум чун кафи даст ҳамвор ба дарозии 72 км, дар арафаи ба поён расондан аст. Сохтмони роҳи деҳаи Шехон низ босуръат ҷараён дорад. Ёдоварии ин нукта лозим дониста мешавад, ки инҷониб аз таҷрибаи шахсии кор бо роҳсозон, бо ҳилаҳои баъзе аз онҳо як каме огоҳам. Масалан агар муҳандиси роҳсоз бихоҳад корҳои иҷро кардаро аз асл бештар нишон диҳад, ё аз камбуди як сантиметри пӯшиши шағалдори роҳ сарфи назар кунад ва ё ним дараҷаи сатҳи баландии онро аз рӯи лоиҳа поён нафарорад, ба чашми оддӣ наменамояд, аммо шахси корозмударо наметавон фиреб дод, зеро новобаста бо коргирӣ аз асбобҳои теодолиту нивелир, ба зудӣ он камбудиҳо ба чашмаш мехӯранд ва дар сурати зарурӣ, бо истифодаи он олаҳои санҷишӣ норасоиҳои ниҳон рӯ мезананд. Раиси ноҳияи Ховалинг дар ин ҷо низ намояндаи Президенти Тоҷикистон будани худро нишон дода, роҳсозонро водошт, ки якчанд норасоиҳои ҷой доштаро бартараф кунанд. Вагарна ӯ, ки ҳатман узви комиссияи қабули корҳои ба анҷом расида хоҳад буд, ба он комёб мегардад, ки роҳи сохта шуда ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ба ақидаи Нурулло Мирзозода мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ин гӯшаи дидании Тоҷикистон ҳақ доранд, ки аз неъмати Истиқлолият, аз лутфу эҳсони Пешвои миллат пурра баҳраманд бошад.

Имрӯз хиёбони марказии ноҳияи Ховалинг, ки тантанаҳо ва сайру гашти ҷашнӣ дар он ҷо баргузор хоҳад шуд, ба ростӣ ҳам наварӯси оростаеро мемонад. Барои гулафшон сохтани маркази ноҳия бо ҳамёрии соҳибкорони комёб, аз гулистонҳои дигар ба ин ҷо 18 ҳазор адад гулу гулбуттаҳо оварда, рӯёнданду парвариданд. Пиёдаравҳои мармарин касро аз байни чаманистони пур аз гулу савсану себарга, сарву санавбарони шаҳноз, фаввораҳои атри судапош, ба пеши тандиси воқеан ҳам реалии қаҳрамони халқи тоҷик, Восеъ мебарад.
Мо ба заҳматкашони ноҳия бо сарварии раиси он офарин хонда, дар роҳи иҷрои супоришҳои дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нерӯ ва иродаи устувор орзу мекунем.

Зафар Мирзоён,
узви Иттифоқи нависандагон ва
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: