Идигул Қосимзода: Худкушии занон доғ аст4-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 442 нафар
Назарҳо: 0
Мавзӯи калидии нишасти навбатии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводиси худкушии занону духтарон буда, Раиси Кумитаи номбурда яке аз омилҳои ин тамоили нанговарро аз бетарафии атрофиён мебинад.
Ҳарчанд ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғд бештар ба мушоҳида мерасад, марги ҷавонзани норакӣ Зӯҳро Маҳмуродова, ки зимистони соли гузашта худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохта буд ва Парвина Абдуллоева аз ноҳияи Ёвон тобистони гузашта бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт, ки дар натиҷа кӯдаконаш фавтида, худаш зинда монд, миёни ҷомеаи кишвар сару садоҳои зиёде ба бор оварда буд. Агар Зӯҳро тамоми орзуву омоли худро бо фарзандонаш ба хок бурд, Парвина Абдуллоева чун қотили фарзандонаш ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Таҳлили ваъз вобаста ба содиршавии ҷиноят дар шаш моҳ нишон медиҳад, ки дар ин давра 2172 ҷиноят нисбати занону ноболиғон содир шудааст. Дар ҳамин давра мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохила аз 2089 арзу шикоят ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст. Раиси Кумита Идигул Қосимзода аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ намуда, решакан намудани хушунату зӯровариро яке аз вазифаҳои аввалини мақомоти кор бо зан ва оила маънидод менамояд. М. Маҳмудов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.