Сурудҳои ватандӯстона-неруи таҳкимбахш ва қувваи бузурги пешбаранда барои сарбозон11-10-2016, 09:07
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
![]() Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли равон бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфитеатри «Боғи Ирам» гулчини сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид. Дар маҳфил хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир ба Ватан ва Тоҷикистон сурудҳои ҳарбию ватандӯстона сароиданд. Дар маросими баргузории гулчини сурудҳои ватандӯстона гуфта шуд, ки суруд, санъат ва фарҳанг дар ҳаёти сарбоз нақши муассир дошта, дар муборизаҳо бо аҷнабиён чун неруи таҳкимбахш ва қувваи бузурги пешбаранда ба артиш хизмат мекунанд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- мустаҳкам кардани меҳру муҳаббат дар замири насли наврас ва ҷавонон нисбат ба Ватан мебошад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.