Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мурғоб ба шаҳраки транзитӣ табдил меёбад

Мурғоб ба шаҳраки транзитӣ табдил меёбад

6-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
Мурғоб ба шаҳраки транзитӣ табдил меёбад
Ин сатрҳо баъди як суҳбате дар хаймаи чорводорон, дар деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб, соле, ки сокинони ноҳияи Мурғоб бахусус роҳсозон ба мавриди истифода қарор додани роҳи мошингард ба Чин тавассути ағбаи Кулма омодагӣ медиданд, рӯи коғаз омаданд. Суҳбат сари дасторхон, дар ҳалқаи пирони бохирад доир шуд. Сухан аз дирӯз, имрӯз ва фардои ин минтақаи дурдасту макони тундбодҳои шадид қарор гирифтани Бадахшон мерафт. Ҳар кас ҳам назару андешаи хешро дар иртибот бо ин мавзӯъ баён медошт. Амаки Тағойбой, ки зодаи ин деҳа буд (ҷояш ҷаннат бод) ва бо тақозои вазифаи хизматӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба маркази ноҳия кӯчида буд, ҳарфи ҳар нафари дар суҳбат ширкатдоштаро бодиққат гӯш мекард ва агар дар овардани ин ё он далел дар робита ба мавзӯъ касе ҳарфи носаҳеҳ мегуфт, суханашро ислоҳ мекард. Тағойбой бо вуҷуди синну соли зиёд, ки расидан дар Помири Шарқӣ ба он орзуи ҳазорон фард аст, бо ҳофизаи қавӣ, аз гузашта, аз пасту баландиҳои ҳаёт, амалу заҳмат, бурду бохт, зиндагии ҳамдиёрон қисса мекард ва шукргузорӣ аз он менамуд, ки умри хешро бо фарзандонаш сарфи ободии диёраш намудааст. Ӯ аз гузаштаю имрӯзаи Мурғоб хотираҳои зиёдеро нақл намуд.

- Бо бунёд гардидани шоҳроҳи Хоруғ-Уш, ки дар ибтидои солҳои сиюми асри гузашта мавриди истифода қарор гирифт ва имрӯз ҳам сокинони пиронсоли Помир онро «Роҳи ҳаёт» ном мебаранд, барои хонадони мо ва боз чанд хонаводаи Мурғоб дар баробари чорводорӣ пешаи нав – роҳсозӣ арзи вуҷуд намуд, - гуфт Тағойбой. Падарам чорводор буд. Ман бошам, бо дуои падар касби роҳсозиро пеша намудам ва имрӯз писарам Мамадҳаким бо пайроҳаи ман қадам гузоштааст. Мардуми мо мегӯянд, ки аз он ҷое, ки роҳ мегузарад, дар он ҷо ободӣ аст. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Агар роҳи Уш-Хоруғ сохта намешуд, он ободию он зиндагие, ки имрӯз мардуми Мурғоб доранд, дар доираи хаёл ҳам намеғунҷид ва акнун бо сохта ва ба истифода дода шудани роҳи мошингард ба сӯи Чин марҳилаи нави ободии кӯҳистон шурӯъ мешавад ва Мурғоб ба як шаҳраки транзитӣ табдил хоҳад ёфт. Вақте Шӯравӣ аз байн рафту дар Тоҷикистон нооромӣ шуд, таъсири он ба Мурғоб хам расид, гарчанде дари ин ҷо авзоъ ором буд. Дӯкону мағозаҳо дар як вақт холӣ гаштанд ва мардум ба пораи нон зор буданд. Шукри Парвардигор дар ин давраи ниҳоят мушкил зимоми давлатдориро дар мамлакат ҷавоне бар дӯш гирифт, ки бо хиради азалиаш, истеъдоди давлатдории модарзодиаш, фарҳанги сулҳу ваҳдатофариниаш оташи ҷангро хомӯш, мардуми парокандаро сарҷамъ, пояи давлатдории қариб ба нестӣ расидаро побарҷо намуд,-гуфт ба аҳли нишаст Тағобой. Баъдан Тағобой ба мӯйсафедон чи тавр бо мошини «Нива» аз Аличур омадани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳия, нахуст мулоқоти ӯ бо сокинони Мурғоб, супоришу ҳидоятҳояш ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ вобаста ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Мурғоб нақл намуд. Баъди он мулоқот Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар доираи амалисозии ин барнома дар ноҳия як қатор иншоотҳои маъмурӣ ва аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ дошта, аз ҷумла бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ барои 400 хонанда дар маркази ноҳия, биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар Бошгумбазу Рангкӯл, биноҳои маъмурии «Агроинвестбонк», молия, «Телеком», дар аксари деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тағойбой Ғозибеков соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои мошингарди Уш-Хоруғ ва Кӯлоб-Калъаихум-Хоруғ-Кулмаро бузургтарин рӯйдодҳои садаи бистум ва ибтидои садаи бистуякум медонист. Тағобой фаъолияти меҳнатиашро дар муассисаи роҳсозии ноҳияи Мурғоб чун коргари одӣ шуруъ намуд ва то мақоми роҳбари ин корхона расид. Ӯ чун устои роҳсоз дар бунёди роҳи мошингарди Мурғоб-Шаймоқ, ки акнун қисмати шоҳроҳи эҳёгаштаи Абрешим ба сӯи Чин аз ин ҷо мегузарад, бевосита иштирок намуда, аз он ифтихор дошт, ки дар марҳилаи аввали мавриди истифода қарор додани қисмати роҳи Мурғоб-Кулма-Кароқурум саҳм гузоштааст.
Н.Хайруллоев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: