Ванҷ ба минтақаи содиротии Бадахшон табдил меёбад6-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 556 нафар
Назарҳо: 0
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ноҳияи Ванҷ ба яке аз минтақаҳои пешрафта на танҳо дар Кӯҳистони Бадахшон, балки дар ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ пешравиҳои зиёде рӯи кор омаданд ва муҳимтар аз ҳама, бо рушди босуботи кишвар дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия иброз доштанд: «Равшан ба назар мерасад, ки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат, иқдомоти ватандӯстонаи сокинону соҳибкорон ва шахсони ободкор чун дигар минтақаҳои кишвар, хусусан дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои муқаддаси миллӣ боз ҳам ободу зебо гардида истодааст».
Баъди мулоқоту дидорбинии Пешвои миллат бо сокинони ноҳия дар водии зебоманзари Язгулом суҳбате доштем бо вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардов дар бораи пешрафту ободӣ, корҳои созандагӣ дар водии Язгулом ва умуман дар ноҳияи Ванҷ. Мардуми Язгулом чун тамоми ҳамватанон шукрона аз ваҳдату истиқлол доранд ва таҳти таассуроти ниҳоят фараҳбахш аз дидору мулоқот бо Пешвои миллат кору зиндагӣ мекунад. Дар ду даҳсолаи охир ин дуюмин сафари Роҳбари давлат ба водии Язгулом аст ва ин дар ҳолест, ки дар 70 соли замони Шӯравӣ ҳатто ягон вазире ба ин водӣ қадам нагузошта буд. Чунин суханони Сарвари давлат: «Водии зебоманзари Язгулом на танҳо бо табиати дилписанд ва кӯҳҳои осмонбӯс, балки бо мардуми боғуруре, ки садсолаҳо суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои гаронбаҳои мардуми куҳанбунёди моро ҳифз кардаанд, шуҳрат дорад. Ман ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони ин гӯшаи зебои кӯҳистон боварӣ дорам», мардумро хеле рӯҳбаланд намуд. Воқеан, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар қиёс ба дигар минтақаҳои вилоят сокинони Язгулом ба мушкилоти бештаре рӯ ба рӯ шуданд. Силоҳбадастоне, ки баъди сари қудрат омадани Ҳукумати қонунӣ аз дигар минтақаҳои даргири кишвар чун гуреза вориди Бадахшон гардиданд ва ба Язгулому мардуми он иртиботе надоштанд, бо зӯри силоҳ Язгуломро қароргоҳи худ интихоб карданд ва ҳатто дар даромадгоҳи он дидбонгоҳи худро гузоштанд. Дар дашти Язгулом дар як задухӯрде, ки байни марзбонони рус ва силоҳбадастон ба амал омад, қариб 20 тан аз ҳар ду тараф ҷонашонро аз даст доданд. Гузарондани тӯю маъракаҳо дар деҳоти ин ҷо мамнӯъ гардид ва ашхосе ҳам буданд, ки аз ин даҳшати ба сари мардуми озодандеш омада хушҳол буданд, иддае аз бошандагони ин гӯшаи зебои Тоҷикистон ба ояндаи хеш бовариро аз даст дода буданд. Аммо нури пурҷилои ваҳдат, ки шуълаи фурӯзони он аз дасти фарзанди ваҳдатофари миллат дар фазои Тоҷикистон фурӯзонтар мегашт, хушҳолии душманони миллатро зери хок ва яъсу ноумедии мардумро аз қалбҳо берун кард. Дар нахустсафарашон Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон 17 сол қабл ба водии Язгулом пайки сулҳу ваҳдат, ободию созандагӣ, нури маърифату саодат овард. Бо пахш гардидани тугмачаи рамзии нерӯгоҳи барқии обии Андарбак чархҳои он гардону хонаи мардум чароғон гардид. Бо дастури Роҳбари давлат корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи 9 деҳаи ҷамоати деҳот, ки бештар аз 6200 нафар аҳолӣ доранд, равнақи тоза гирифтанд. Дар деҳаҳои Мотравн ва Жамаг биноҳои нави мактаб бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба деҳаи Зайч дар масофаи 8 километр роҳи мошингард сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи мошингард байни деҳаҳои Андарбак-Жамаг, ки дар ҳолати харобӣ қарор дошт, бо маблағгузории бештар аз 300 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳоло сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Мотравн бо иқтидори зиёда аз 300 киловатт - соат идома дорад. Пешвои миллат ҳангоми боздид аз ҷои сохтмон бо бинокорон суҳбат ороста, супориш дод, ки то ҷашни соҳибистиқлолии кишвар сохтмони онро бо сифати баланд анҷом диҳанд. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои ба 500 киловатт-соат расондани иқтидори НБО-и Андарбак тадбирҳои зарурӣ андешанд. Айни замон кашидани хати баландшиддати барқии Вознавд-Деҳ-Шипад-Дашти Язгулом ва пайваст гардидани он бо шабакаҳои барқдиҳии Мотравн-Андарбак имконият фароҳам меорад, ки аҳолии ин минтақа тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин гардад ва ин дар навбати худ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ин минтақа мусоидат менамояд. Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳавзаи интихоботии Язгулом аз дастовардҳое, ки дар деҳоти ҷамоат дар замони истиқлолият рӯи кор омаданд, боз далелу мисолҳои зиёде дар даст дорам ва чунин пешравиҳо дар тамоми қаламрави ноҳияи Ванҷ зиёданд. Аз рӯи ҳисоботи нопурра дар чоряк асри соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бештар аз 200 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ин давра дар ноҳия ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, барои рушди соҳаҳои мухталиф аз буҷети давлатӣ 220 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар 17 соли охир фақат бо иштироки Пешвои миллат дар ҳудуди ноҳия бештар аз 20 иншооти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, аз ҷумла бозори байнисарҳадӣ дар мавзеи Хумроғӣ, кӯпруки калони мошингард дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма аз болои дарёи Ванҷоб бо маблағгузории беш аз 17 миллион сомонӣ, манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Ваҳдат, варзишгоҳ ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия, НОБ-и Ванҷ-2, мактаб дар деҳаи Ҷовидон, сехи коркарди равғани ангат, фермаи истеҳсоли шир ва гӯшт, корхонаи коркарди меваю сабзавот дар маркази ноҳия номгӯи нопурраи онҳо мебошанд. Он чиз ҳам лоиқи гуфтор аст, ки ин иншоотҳо дар муҳлати ниҳоят кӯтоҳ, бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуданд. Бисёр иншооти дар ҳудуди ноҳия бунёдгардида, бахусус иншооти хизматрасонӣ самараи амалӣ гардидани барномаи рушди соҳибкории хурду миёна мебошанд. Дар маҷмӯъ, чуноне Роҳбари давлат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия зикр намуданд, дар солҳои истиқлолият барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорон 440 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Барои тараққиёти ноҳия фақат дар соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ 35 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Он нуктаро ҳам бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳия ҳадафҳои стратегии давлат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва дар заминаи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадриҷан амалӣ мегарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ сол ба сол афзоиш ёфта, дар заминаи он ҷойҳои корӣ ҳам зиёд мегарданд. Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро барои солҳои 2015-2019 тасдиқ намуд, ки дар доираи он дар панҷ соли оянда татбиқи 241 лоиҳа бо маблағгузории 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ноҳия дорои имкониятҳои фаровон барои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, чормағз, картошка, зироатҳои полезӣ дорад. Имрӯз дастранҷи боғдорону деҳқонони ноҳия рафҳои бозорҳои на фақат вилоят, балки дигар минтақаҳои кишварро зеб медиҳад ва боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик он ба бозори ҷаҳонӣ ҳам роҳ ёфта, Ванҷ ба минтақаи содиротии Бадахшон табдил меёбад. Н.Хайруллоев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.