Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам

28-07-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 520 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам
Муаррифӣ

Собирҷон Абдуллоев (1917-1995). Зодгоҳ: шаҳри Конибодом. Таҳсилот: мактаби шаҳр, омӯзишгоҳи миллии Андиҷон, Донишгоҳи омӯзгории Тошканд, факултаи географияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Арсаи фаъолият: ноҳияи Темурмалик (солҳои 1934-1939 ва 1944-1956), хизмати ҳарбӣ (1939-1944), иштирок дар ҶБВ (1941-1944), ноҳияи Рӯдакӣ (1956-1980), шаҳри Душанбе (1980-1995).

Мукофотҳо: орденҳои «Ситораи Сурх», «Шараф» ва «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 1), 13 медал, нишони «Аълочии маорифи ИҶШС», беш аз 10 ифтихорнома.


Соли гузашта аз ғалаба дар ҷанге, ки онро дар ҷаҳон ҳамто набуду дар таърихи башарият ба таври абад бо номи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сабт шуд, 70 сол сипарӣ гашт. Ин ҷаҳони куҳанбунёду пурҳаводис дар иртибот бо ҷангҳои фаровон пирӯзиҳои зиёдеро дидааст, вале ба тасдиқи ҳамагон, он пирӯзие, ки халқи Шӯравиро пас аз набардҳои шадиду ҷоннисориҳои гӯшношунид, баъди маҳрумиятҳои беандозаву комёбиҳои пуровоза насиб гашт, ҳам аз нигоҳи моҳияту аҳамият ва ҳам аз лиҳози шукӯҳу шаҳомат, воқеан ҳам, назир надошт. Ин ғалабаи ғулғулаафкан дар саросари ҷаҳон ва оғозбахш ба марҳилаи тозаи таърихи оламро бо гузашти айём эътибор меафзояд ва маҳбубияти иштирокдорони фидокори зафарманди он боз ҳам бештар мегардад. Чӣ расад ба халқҳои захмхӯрда аз теғи фашистон, ки тамоми мардуми ростоину башарпарвари ҷаҳон ҳамду санои ҷанговарони озодкору ҷоннисори Шӯравӣ мегӯянд. Дар ин ғалабаи оламшумул дастаи бузурги далерони тоҷик, ки шоҳбайти «Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем»-ро шиор доштанд, нақши шоиставу нозудуданӣ гузоштанд. Собирҷон Абдуллоев дар радифи эшон буд. Ӯ ду сол қабл аз оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оғози хизмати ҳарбӣ кард ва аз нахустрӯзҳои ин ҷанги даҳшатбор иштирок дар сангинтарин набардҳо дошт…

Ҳамасола Рӯзи Ғалабаро бо меҳри саршору бо ҷаҳоне ифтихор дар сафи ҳамдиёрони арҷмандаш таҷлил менамуд Собирҷон. Ҳама бори дигар ва батакрор табрику таҳсинаш мегуфтанд, гулдастаҳо нисораш мекарданд, эҳтиромона хоҳишаш менамуданд, ки аз хотираҳои ҷангиаш нақл бикунад, ба суолҳояшон посух бигӯяд. Ва чароғи хотироташро рӯшан мекард ҷанговари шуҷоатманду маърифатоини тоҷик. Пеши назараш меомаданд он набардҳои хунин, он селборонҳои тиру тӯп, он оташистонҳои марговару шабохунҳои пурхатар. Ва низ ёдовар аз он мешуд, ки чӣ қадар аламовару ҷигарсӯз буд аз даст додани ҳар ваҷаб марзи Ватану чӣ қадар нишотовару пурифтихор буд (бо вуҷуди талафоту ҷонбозиҳо) бозситондани он… Оре, аз маҳбубтарин ва арҷмандтарин ҷашнҳо буд барои диловармарди зафарманди тоҷик Собирҷон Абдуллоев Ҷашни Ғалаба бар фашистони бадгуҳару истилогар.

*****
Тавсифи ин дудмонро метавон ба таври басо фишурда бо як вожа ифода кард: маърифатгустар. Волидони Собирҷон равшанзамиру фарҳангпарвар буданд, аҳли илму адаб соҳибэътибор буданд пеши эшон. Мехостанд фарзандонашон низ аз аҳли зиё ва таҳсилдидаву равшанзамир бошанд. Ва дар армон намонданд волидон. Фарзандонашон пурзиётарин пеша-омӯзгориро пазируфтанд ва бо даъвату ҳидояти замондорон пайи маърифатгустарӣ берун аз зодбум, ба минтақаи дурдасту кӯҳсори Тоҷикистон рафтанд: ба ноҳияи Темурмалик. Ин охири солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юми садаи бист буд; солҳои басо пурошӯби мубориза баҳри маҳви бесаводӣ. Фарзандони амаки Абдулло, ду омӯзгор – Саъдуллоҷон ва Содиқҷон дар ин ноҳия ҳамчун ҷавонмардони босаводу накукор ва хушрафтору самимӣ номвар буданд ва аз ин ифтихорманд буд падар. Боре дидори фарзандонро пазмон шуду бо аҳли оила озими ноҳияи Темурмалик шуд амаки Абдулло. Омаду чанд муддат ин ҷо монд, бо мардуми саводташна ва хушниҳоду дилкушоди ноҳия унс гирифт, аз муносибати самимии эшон нисбат ба фарзандонаш сипосгузор шуд ва дигар азми бозгашт накард. Мутаассифона, пас аз як сол (соли 1933) фарзанди азизаш Содиқҷон аз дасти босмачиён, ки дар остонаи маҳв қарор доштанду талвосаи ҷонканӣ мекарданд, ба қатл расонда шуд. Зимомдорони ҷаҳолат таҳаммули фаъолияти маърифатгустаронро надоштанд.

Собирҷон (писари сеюми хонадон), ки он вақт ҳамагӣ понздаҳ сол дошта бошад ҳам, мактаби зодгоҳ (Конибодом) ва омӯзишгоҳи миллии Андиҷонро хатм карда буд, чун падар зарбаи шадиде ба дил гирифт аз ин ҳодиса ва қотеъона азм кард, ки идомабахши роҳи бародари ҷавонмаргу шаҳидаш хоҳад шуд ва алорағми ҷаҳолатпарварон тамоми умр маърифатгустар хоҳад буд, ҳамеша дар хизмати халқу Ватани хеш қарор хоҳад дошт. Ва шурӯъ кард ба фаъолияти омӯзгорӣ, афсари неруманде шуд дар арсаи мубориза баҳри маҳви бесаводӣ.

Солҳои бистуму сиюми садаи бистум дар Тоҷикистон ҳар лаҳзаву ҳар соату ҳар рӯз воқеаҳои гуногун (гоҳ таассуфбору гоҳ нишотангез) ба вуқӯъ мепайвастанд. Неруҳои наву кӯҳна ба ҳам бархӯрди шадид доштанд. Мардуми зиёде бинобар камиттилоотию костагии бинишу фаҳмиш дар сари дуроҳаи зиндагӣ раҳгум зада буданду ба моҳияту мазмун ва аҳдофи ҳодисаҳо, рухдодҳои навин сарфаҳм намерафтанд. Бесаводӣ ва камсаводии оммавӣ ин ҳолатро мураккабтар мекард. Иддае аз каҷниҳоду бадсириштон ва тамаддунқимобон бо истифода аз ин ҳолати печида даст ба фитнагарию тахрибкорӣ мезаданд, мардумро бо иғвою бо тарсангезӣ ба вартаҳо мекашиданд. Дар чунин айёми мураккаб фурӯзонгурӯҳе аз зиёиён, ки омӯзгорон зубдаи эшон буданд, раҳнамои ростину наҷотбахши мардум гаштанд, ҳамагонро аз моҳияти айёми нав ва ҳадафҳои инқилоб огоҳ сохтанд ва ба ҷодаҳои наҷотбахшу нишотовар ҳидоятгар шуданд. Дар ноҳияи кӯҳсори Темурмалик аз ҷумлаи чунин фурӯзонгурӯҳ буд Собирҷон Абдуллоев. Он ҳангом ӯ ҳанӯз бист сол надошт, вале чун саводи комилу фаҳми дурусту азми қавӣ дошт, ба гунаи солормарде таҷрибадида кор мекарду шогирдони аз ҳафтсола то ҳафтодсолаашро аз маҳдудаи бесаводӣ берун мекашид. Мактаб ягона чароғи фурӯзони маърифат буд он айём дар кӯҳистони тоҷик ва омӯзгор чароғафрӯзу раҳнамо.

Собирҷон дар мактаби чанд деҳаи ноҳияи Темурмалик омӯзгорӣ мекарду ҳамагон ҳурмату эҳтиромаш менамуданд, бо эътиқоду эҳтиром устодаш мехонданд. Бадхоҳонаш низ аз шумори душманони сохти нав ва ҷоҳилон кам набуданд. Аз ин рӯ, борҳо ба хатару таҳдидҳо низ бархӯрд кард, вале дар ҳама гуна вазъ меҳр аз мактабу аз шогирдон наканд; гоҳ аз шиддати сармо ларзида, гоҳ аз таъсири шадиди гармо ба обу арақ ғӯтида, гоҳ пинҳон-пинҳону гоҳ давон-давон, гоҳ хазидаву гоҳ дар оташи бим аз бадниҳодон тапида роҳ сӯи мактаб пеш мегирифт ва чун ворид ба ҳалқаи шогирдон мешуд, ҳама ташвишҳояшро, ҳама ранҷу дардҳояшро фаромӯш мекарду бо тамоми ҳастӣ ба таълиму тадрис мепардохт.

Чӣ рӯзҳову солҳои ташвишзову пурвасваса ва гоҳе даҳшатзоеро аз сар гузаронд ин ҷавонмарди хирадпешаи матинирода… Шабҳое буданд, ки баҳри таъмини бехатарии кӯдакону бо онҳо машғулиятҳои илова баргузор кардан дар мактаб-интернат мемонду рӯи тахтапораҳо хоб мекард. Рӯзҳое буданд, ки фарсахҳо роҳро пиёда тай намуда, ба деҳе дар бағали кӯҳсор мерасиду бо мардум суҳбатҳое гарму самимӣ меорост, то рӯй ба саводомӯзӣ биоваранд, то монеи таҳсили фарзандонашон нашаванд, то ба ояндаи нек бовар дошта бошанд, то фирефтаи фатвои каҷниҳодони нотавонбин ва хурофотӣ нагарданд.

… Дареғ, ки бо ин ҳама пажӯҳишу баррасиҳо таърихи он солҳои пуртазод дар ҷумҳурии мо ҳанӯз ба таври шоиста омӯхта нашудаасту корномаи маърифатгустароне чун Собирҷон Абдуллоев баҳои воқеиву тавсифи сазовори худро дарёфтааст. Онҳо пойдевори зиндагии навро, ки бародарию баробарӣ ва саводомӯзӣ маромаш буд, гузоштанд, ҷавониашонро, неруи тавонояшонро, тамоми ҳастиашонро садоқатмандона нисори Ватан ва фардои шукуфои он карданд.

Собирҷон дар ноҳияи Темурмалик дар вазифаҳои гуногун: омӯзгор, ҷонишини директори мактаб, ҷонишини раиси комиҷроия, мудири шуъбаи кадрҳо ва нозири шуъбаи маориф, сарвари мактаб, мудири шуъбаи маориф, директори хонаи бачагон… шарафмандона кор кард ва ҳамеша соҳибэҳтирому маҳбуби мардум буд ва дар рушди иҷтимоии ин ноҳияи кӯҳсор нақши нозудуданӣ гузошт. Фарзанди азизи худ хонда буданд аҳли ноҳияи ӯро. Ин марди ҷасуру ғаюр аз сари меҳру эътиқод ба ин диёр пас аз чаҳор соли дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзидан боз ҳам ба ноҳияи Темурмалик баргашта, фаъолияташро идома бахшид. Дар ҷанг чаҳор маротиба ҷароҳатҳои вазнин бардошт, дар муҳорибаҳои даҳшатбор ширкат варзид, чандин маротиба бо марг рӯ ба рӯ омад, вале шукр, ки зинда монд ва бо ҷисми захмзада дар ақибгоҳ идомаи мубориза кард ва дар оғӯши мактаб паёми ғалабаро шуниду бо ҳамкорону шогирдонаш нидо дардод: «Ура! Мо ғалаба кардем!»

Метавон гуфт, ки Собирҷон Абдуллоев тамоми умр монои афсаре буду баҳри густариши маърифат, тантанаи сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат, баҳри ободонию бунёдкорӣ мубориза мебурд ва хушо, ки ҳамеша ғолибу сарбаланд буд. Ӯ соли 1956 ба пойтахти мамлакат кӯчида, расо 24 сол дар вазифаи ҷонишини директори мактаби рақами 46-и ноҳияи Рӯдакӣ кор кард ва ниҳоят, ба нафақа баромад, вале афсар куҷову оромиву канорагирӣ куҷо?! С.Абдуллоев аз соли 1980 то охири умр (1995) сарвару раҳбари аҳли маҳаллаи Равшангарони пойтахт буд. (Воқеан, ин маҳалла аввал «Якум советский» ном дошт ва маҳз бо ибтикору такудави ин марди маърифатоин номи зебои мазкурро гирифт).

С.Абдуллоев бо ҷидду ҷаҳду талошҳои ҷавонмардона Равшангаронро ба яке аз маҳаллаҳои ободтарини шаҳри Душанбе табдил дод. Бо ташаббуси ӯ маҳалла бо хати телефон, гази табиӣ, хизматрасонии тиббӣ пурра таъмин гардид, роҳҳо таъмир шуданду гулгаштҳо бунёд ёфтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар маҳалла тартибу низом, дӯстӣ ҳукмрон буд; ҳама гуна ҳамоишу маъракаҳо бо риояи қоидаҳои дахлдор баргузор мегаштанду ташкили ҷамъомаду маҳфилҳои фарҳангӣ ба анъанаи нек табдил ёфта буд. Ба тариқи ҳашар дар маҳалла кохи хурди ҳамоишҳо бунёд карда шуд, ки ин ҷо аҳли маҳалла суханрониҳои чеҳраҳои маъруфи кишварро дар бораи муҳимтарин ҳаводиси айём, аз ҷумла, дар бораи санаду ҳуҷҷатҳои тозаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мешуниданд…

Сокинони Равшангарон ифтихор аз он доштанд, ки маҳаллаашонро чунин марде рӯзгордидаву таҷрибаандӯхта ва соҳибхираду нексиришт роҳбарӣ мекунад…

*****
Дилбохтаи фарҳангу маърифат, камарбаста ба хидмати мардум буд Собирҷон Абдуллоев. Машҳурбайти савгандгунаи «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам»-ро батакрор вирди забон мекарду яқин, шиори зиндагияш пазируфта буд. Ҳамин буд, ки шабу рӯз дар сар андешаи ободию бунёдкорӣ дошту талош мекард, бо тамоми ҳастӣ мекӯшид, ки аз ҳар лаҳзаи умр нақше ба рӯзгорон бигзорад. Дар нимаи аввали солҳои навадум, ки зиндагии аҳли кишвар бинобар даргириҳои бемаънии фоҷеабор пургиреҳу гаронвазъ шуда буд, такудаву гирумони бештаре дошт, худро масъул медонист, ки аҳли маҳалларо пуштбону ҳимоятгар, дастгиру нерубахш бошад. Батакрор дар суҳбату маъракаву ҳамоишҳои аҳли маҳалла дилпурона мегуфт, ки «Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр». Ҳидоят мекард, ки ҳамагон ба Ҳукумати тозатаъсиси ҷумҳурӣ, ба Роҳбари ҷавону неказми он, ба сиёсати сулҳдӯстонаи Шахси аввали мамлакат бовар кунанд, рӯҳафтода нашаванд, ба ободонии Ватани маҳбуб бикӯшанд… «Ҳамааш паси сар мешавад, рӯзҳои нек мерасанд», - ин каломро чун дуое ҳамеша сари забон дошт сарвари маҳалла Собирҷон Абдуллоев. Ва чун ҳамин гуна дуои ҳазорон ҳазор ашхоси некниҳоди ҷумҳурӣ ин дуои марди фозил мустаҷоб шуду сулҳ омад, рӯзҳои пурнишот расиданд, мамлакат обод шуду бунёдкорию созандагӣ авҷ гирифт. Вале… Дареғ, ки Собирҷон Абдуллоевро дидани ин рӯзҳои сурурбору болидагии аҳли диёр насиб нагашт. Ӯ соли 1995 ҳангоми иҷрои вазифаи ҷамъиятиаш вобаста ба ободонии маҳаллаи равшангарон бар асари садамаи автомобилӣ аз олам чашм пӯшид…

То ба имрӯз мардуми маҳалла ва гирду атрофи он ҳамвора ёди ин марди шарафманд мекунанду аз кирдору гуфтори манфиатбору ҳикматрезаш ҳикоятҳо мекунанд, мегӯянд, ки ӯ дар шумори он афроди садоқатоине буд, ки на баҳри худ, балки бештар баҳри манфиати мардум зиндагӣ кардаанд. Ва таъкид мекунанд, ки дар маҳалла ҳатман бояд кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад. Кӯчаи ба номи Собирҷон Абдуллоев боз як далели эҳтироми мо нисбат ба фарзонамардони сарсупурдаи Ватан хоҳад буд.
Абдурауф Муродӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: