Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ифтихори мо

23-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Ифтихори мо
Яке аз 25 нафар иштирокчиёни ҶБВ, ки имрӯз дар ноҳияи Деваштич дар қайди ҳаёт ҳастанд, Уктам Мирзоаҳмадов 90 сола шуд. Ба ин муносибат соҳибҷашн аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.

Бо гузашти ҳар як рӯз сафи падарони шуҳратманд, ки роҳҳои пуроташро дар солҳои ҶБВ тай кардаанд, кам мешаванд. Аз ҷумла, аз сафи 2400 нафар мардони шуҷои ноҳияи Деваштич, ки сарбаландона аз ҷанг баргашта буданд, имрӯз хамагӣ 25 нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд. Аз ин рақам боз чанд нафарашон ранҷи болини бистарӣ мекашанд.

Аз ҷумла, имрӯз дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич алҳол 6 нафар истифода аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебаранд. Яке аз онҳо Уктам-амак Мирзоаҳмедов навадсола шуд. Ин падари зиндадил панҷ сол дар хизмати Модар-Ватан буду пас аз Ғалаба ҳам 9 моҳ пою пиёда дар роҳҳои Манчурияю Муғлистон ва Хитой ранҷ кашида, то лонаи милитаристони Ҷопон расидааст. Аз майдони набардҳо бо чанд ордену медалҳо баргашту тамоми умри хешро ба рушти кишоварзию чорводорӣ бахшид. Деҳқони одди шуд, сарварии бригадаро ба уҳда гирифт, мудири фермаи чорводорӣ шуд. Дар замони меҳнати осоишта ҳам чанд нишонҳои сарисинагию Ифтихорномаҳо гирифт. Имрӯз Уктам-амак истифода аз дастуру супоришҳои Савари давлат ба майдони 5 гектар хоҷагии деҳқони таъсис додаасту ҳамроҳи фарзандону набераҳо баҳри таъмини Барномаи озуқавории мамлакат саҳм мегирад.
Ифтихори мо
Ана ҳамин марди шариф навадсола шуд. Ба ин муносибат намояндагони роҳбарияти вилоят барои табрикаш омаданду Номаи табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро бо туҳфааш ба соҳибҷашн тақдим намуданд. Дар ҷавоби чунин ҳурмату эҳтиром Уктам Мирзоаҳмадов барои сулҳу осоиштагӣ, ободии ватан даст ба дуо кушод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: