Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи маъюбон

Таҷлили Рӯзи маъюбон

11-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи маъюбонҲамасола санаи 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи маъюбон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон чорабинии бошукуҳ доир гардид.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурхони идона густурда шуда, ба онҳо дар маҷмӯъ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ туҳфаҳои пулии Раиси вилояти Суғд тақдим гардид. Нахуст, Роҳбари вилоят ба онҳо саодатмандӣ ва сиҳатмандии комил таманно намуда, зикр карда шуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2015 дар назди ҷамъияти мазкур майдони футболи хурд ифтитоҳ гардида, барои сохтмони ин майдонча ва таъмири бинои ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Дар охир, маъюбон аз ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки барои рушди Тоҷикистони азиз ҳамеша саҳмгузор хоҳанд буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: