Қатле, ки на сабаб дошту на мақсад25-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Пушти панҷараи толори Суди Олӣ марде нишастааст, дар чеҳраи камранги ӯ ягон аломати хосае эҳсос намегардад. Ӯ на тарсу менамояду на нотарс аст, зеро чашмонашро аз нигоҳи росту пок мегурезонад. Ӯ на пушаймон метобаду на соҳибифтихор аст, зеро сархам нишастааст. Вай гӯё тамоми эҳсосоти худро пинҳон доштанӣ мешавад. Ҳамчуноне ки як шабе баъди қатли зане ба хонааш баргашта оромона хӯроки шом хӯрда, бо наберааш бозӣ мекунад ва бе ҳеҷ ҳаяҷону ларзиши қалбу бадан оромона ба ҷогаҳи хоб медарояд, дар ҳоле ки мақтулеро бо дастони худ ба дарё афкандаву аз ҷасади бо дастони худ куштааш ба фикри худаш «халос» хӯрда буд. Вале ҳеҷ ақлаш намегирифт, ки чуноне мегӯянд: «ин мулк бесоҳибу ин шаҳр бе дарвоза нест». Ҷиноятро ҳатман ҷазо дар пеш аст ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират.
Набиев Баротмаҳмад Абдуллоевич, ки инак дар ҳолати номуайянӣ дар толори суд миёни нигаҳҳои ҳазини хешу табори худ, теғи нигоҳи чашмони ғазаболуди ақрабои даъвогар ва симои ҷиддии ҳайати судӣ нишастааст, пайомади амали кардаи хешро тӯли чандин ҷаласаҳои судӣ мунтазир аст. Ӯ чанд моҳе қабл ҳолати дигаре дошт, рӯзи 11 январи соли 2016 тахминан соати 13 дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Ҳисор бо Ҳусайнова Сановар Ҳайдаровна тибқи ваъдаи пешакӣ вохӯрда, бо мақсади “истироҳат” кардан ӯро бо автомашинаи шахсияш ба деҳаи Доманакӯҳи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад. Аз қавли худи ӯ дар толори суд ва ҳуҷҷатҳои тафтишоти пешакӣ бармеояд, ки гӯё онҳо то соати 17 дар мошин суҳбат карда мешинанд ва бо як сабаби ночизе байнашон ҷанҷол ба вуқуъ меояд ва Б. Набиев бо дасти росташ ду- се маротиба ба сари С. Ҳусайнова мезанад, ки дар натиҷа зан аз ҳуш меравад. Чӣ муносибате миёни ин ду нафар буд ва бо чӣ ҳақе мард ба сари зан даст мебардорад, дар ҳоле ки онҳо ҳамсар, хоҳару бародар, ҳақу ҳамсоя ҳам нестанд, шояд мепурсед? Онҳо ба ин ҷойи беодам ба мулоқот омадаанд, на барои ҷанг, вале шояд ҳар ду ҳам ҳанӯз намедонистанд, ки оқибати ин “суҳбат” як фоҷиае барои ду авлод мегардад. Аз қавли судшаванда онҳо ду ё се соат дар дохили автомашина дар хусуси муносибатҳои шаҳвонӣ суҳбат кардаанду баъдан, С. Ҳусайнова ба вай пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Вале ин марди ба андешаи худаш “баномус”, ки занеро бо мақсади дигаре ба ҷойи хилват бурдааст, гӯё ӯро насиҳат карда гуфтааст, ки шавҳарат дар Россия мебошад ва барои чӣ бо ин кори ғайриахлоқӣ машғул мешавӣ? Шояд судшаванда ҳамаро чун худаш гӯлу гаранг мепиндорад, ки мехоҳад толори судиро ба “фариштахисолӣ” – и худ бовар кунонад. Дар асл барои насиҳати як зан ё барои ба роҳи рост ҳидоят кардани заифе оё зарурат буд, ки ӯро ба чандин километр дурӣ аз хонаи худ ва манзили он зан бибарад, бо ӯ се соат “суҳбат” кунад ва баъд насиҳаташ намояд, ки вай бояд ба шавҳараш содиқ бошад. Аҷаб. Не? Дар ҳақиқат аҷоиб! С. Ҳусайнова гӯё ҷавоб додааст, ки: “ҳама занҳо бо ҳамин кор машғуланд”, баъди шунидани ин гап гӯё ӯ дар ғазаб шуда бо дасти росташ ду - се маротиба ба тарафи чапи сари зан задааст, ки вай дар ҷои нишастааш афтодааст. Ин “марди покдил” чанд соате бо ҷисми афтодаи зан дар даруни мошин нигариста, пайт мепояд, то чодари торикӣ рӯйи олам бипӯшад ва ӯ идомаи ин ҷинояти худро ба нақша бикашад. Дар сари ӯ андешаи раҳоӣ аз ҷисми ин зани чанд лаҳза пеш барояш “маҳбуб” меафтад. Бо ин мақсад занро ба лаби дарёи Кофарниҳон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дидаву дониста, ки вай дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, ба дарё мепартояд. Худаш гӯё ҳодисае нашуда бошад, сари чанбари мошин нишаста ба хонааш деҳаи Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ омада оромона зиндагияшро идома медиҳад, вале... барои чанд рӯзаке. Мувофиқи хулосаи судии тиббӣ сабаби марги Ҳусайнова Сановар Ҳайдаровна аз хафашавии ( асфиксия) механикӣ дар натиҷаи баста шудани роҳҳои нафас яъне ғарқшавӣ дар об мебошад. Яъне вақте ки ин марди “хушахлоқу насиҳатгар” зани ба мулоқоташ омадаро ба об мепартофт, ӯ ҳанӯз зинда буд. Ҳамин тариқ, судшаванда Б. Набиев бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз зиндагӣ маҳрум сохтани нафари дигар, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани вай аён аст, ӯро аз ҳаёт маҳрум сохта ҷинояти вазнине кардааст. Сановар Ҳусайнова, ки соҳиби се фарзанд буда дар боғчаи кӯдаконаи шаҳри Ҳисор ба сифати мураббия кор мекардааст. Зиндагониашон аз ҳисоби ба мардикорӣ рафтани шавҳар ва писари калониаш аз нақли шоҳидон хеле хуб ҳам мегузаштааст. Вале ин занро ҳавою ҳаваси шаҳвонӣ гӯё махсус ба кӯйи марг кашида, ки дигар чизе на ҳамчун зани содиқу вафодор, на ҳамчун як модар ва гузашта аз он тарбиятгари кӯдакон аз роҳ нагардонид магар, ки қадам ба ин роҳи то нобакуҷо зад ва оқибати он шармандагиву марг гашт. Инак, дар мурофиаи судӣ духтари мақтул С. Азизова шоҳидӣ медиҳад, ки ӯ ва модараш судшаванда Набиевро ҳамчун хешу табори янгаи модараш мешинохтаанд. Модараш бошад мақсади гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дошта, рӯзи 11 январи соли 2016 ба ӯ гуфтааст, ки ба ноҳияи Ҳисор барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагиаш меравад. Тахминан соати 11 модараш либосҳояшро пӯшида аз хона баромада рафта, бегоҳӣ ба хона барнагаштааст. Ӯ чанд маротиба ба телефони мобилии вай занг задааст, вале хомӯш будааст. Рӯзи дигар ӯ ба хешу таборонашон занг зада дар куҷо будани модарашро пурсон шудааст. Рӯзи 13 январ бошад кормандони милитсия ба ӯ хабар додаанд, ки ҷасади модарашро аз лаби дарёи Кофарниҳон пайдо кардаанд. Шоҳид М. Набиев дар мурофиаи судӣ гуфт, ки судшаванда Баротмаҳмад Набиев падараш буда, дар оила онҳо шаш фарзанд мебошанд. Модараш гирифтори бемории саратон буда, тахминан чор сол мешавад, ки роҳ гашта наметавонистааст. Падараш бо автомашинаи ба иҷора гирифтааш ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро пеш мебурдааст. Инак, Як амали олуда ба ҳисси ҳайвонии ин ду тан ва андешаи даромади муфт, ки судшаванда ба зан ваъдаи дар ивази маблағи муайян гирифта додани шаҳодатномаи ронандагиро дода буд, шояд бо амри тақдир боиси ин фалокати сархӯр гашт. Акнун ду хона вайрону мотамдор, фарзандон сарсону саргардон ва хешу ақрабои ду авлод сархаму шарманда бори ин ҳодисаи нангин бар дӯш мегарданд. Зани бемори вазнин, писарону бародарони ҷинояткор низ бовар ба ин кирдори ваҳшиёнаи Набиев надошта, аз суд хоҳиши сабуксозии ҷазои ӯро мекунанд, вале ӯ дигар дар назди қонун ҷавоб медиҳад, зеро дар назди виҷдону имони худ ҷавобгариро кайҳо файсал карда буд. Ҳамин тариқ, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Кенҷазода М.Т. ва машваратчиёни халқӣ Ҳ. Ализода ва М. Бобоева бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ С. Бобозода ва ҳимоятгар С. Юсупова кирдори судшаванда Набиев Баротмаҳмад Абдуллоевичро бо моддаи 104 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, банду баст намуд. Б. Набиев бо моддаи 104 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд. Бо анҷоми ин парванда ва ба ҳукми қонунӣ даромадани ҷазо касро андешаҳое водор ба таҳлил месозанд, ки оё чӣ ваҷҳи муҳиме барои куштори як инсон аз тарафи як одами дигар боиси рух додани ин фоҷиа бояд мегашт. Посух хеле паҳлуҳо дошта метавонад, вале онро як чиз метавон гуфт: қатле, ки на сабаб дошту на мақсад. Он танҳо оқибат дошт, оқибати фоҷиабор барои яке ва маҳрумӣ ба муҳлати тӯлонӣ барои дигаре гузашта аз он сархамӣ барои чанд насле аз ин ду авлод. Дар ҳоле ки ҳеҷ кас ҳуқуқи аз ҳаёт маҳрум кардани каси дигарро надорад, ҳеҷ кас!.. М. Кенҷазода, судяи Суди Олии ҶТ, Ҳ. Ализода, машваратчии Суди Олии ҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.