Бар фарози қуллаҳо22-06-2016, 12:01
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Ҳангоме ки мо аз оғӯши кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи Тоҷикистон, аз соҳили дарёҳои пуртуғён, аз миёни дараҳои танг ва дашту саҳро гузар менамоем, беихтиёр мурғи хаёламон ба парвоз омада, дар фарози асру замонҳо ва ҳазорсолаҳо сайр менамояд ва гузаштаҳои басо дурро пеши назар ҷилвагар месозад.
Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳолат низ бисёр рӯ ба рӯ омадааст. Ӯ пайваста ба гӯшаву канори Тоҷикистони азиз сафар менамояд ва ҳамеша ба мулоқоти мардум мешитобад, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гардад, садои дилашонро бишнавад. Ӯ дар аснои роҳ ба қуллаҳои кӯҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медӯзад, андешаҳояш ба умқи таърих фурӯ меравад ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонаш ҷилвагар мешаванд. Чунин мепиндорад, ки қуллаҳо аз афкори оливу бегазанд, аз ҷавҳари андешаҳои лоязолии фарзандони бузурги миллат, аз хуни поку муқаддаси қаҳрамонон, ки ҳаёти худро нисори озодиву истиқлоли Ватан намудаанд, медурахшанд ва ҷило медиҳанд. Сарвари давлат дар хусуси он меандешад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо сипоҳиёни савораву пиёдаи Искандари Мақдунӣ, ӯрдуи селосову офатбори Қутайбаи золим, сарбозони ваҳшитабиату хуношоми Чингизхони биёбонгард ва даҳҳо сарлашкару соҳибсилоҳони хомтамаъ ва бадному насаб бари домони муқаддаси сарзамини моро поймол намуда, аз худ харобӣ, дарёи хун, шаҳрҳои сӯхтаву валангор, китобхонаҳои хокистаршуда ба ёдгор мондаанд. Дар хусуси он меандешад, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷеаҳои хунини рӯзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва такя ба ҷавҳари маънавиёти воло намуда ва умри ҷовидон ёфтаанд. Сарвари давлат пирамардеро пеши назар меорад, ки сар то по ғарқи нур буда, хомаашро дар анвори дурахшони офтоб тар намуда, дар қуллаҳои осмонхарош се ҷавҳари поки рӯзгори башар – Кирдори Нек, Гуфтори Нек, Пиндори Некро сабт менамояд, то ки онҳо ба назари ҷаҳониён ҳамеша тобон бошанд ва роҳнамои рӯзгори онон гарданд. Ин шахси ботадбир Зардушти хуршедзамир аст, ки ба зодагони инсон хитоб мекунад: - Чор унсури пок – хоку об, ҳаво ва оташро поку муқаддас бидоред, зеро ҳастии мо аз онҳо сарчашма мегирад. Бипарастед Офтобро, ин кӯраи оташзо ва ҳаётофаринро, бипарастед Заминро, ин гаҳвораи башарро, махзани ризқу рӯзиро! Онро аз ҳама гуна газандҳо эмин бидоред, зеро: Аз Замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест, Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест. Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим, Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест. (М. Турсунзода) Аҷнабиёну яғмогарон пайваста кӯшидаанд, то арзишҳои волои «Авесто»-ро аз байн бубаранд, аммо ҳамеша тири ҳасодаташон ба хок хӯрдаааст, зеро ба қавли Сарвари давлати мо ин асари ҷовидона ниёгони моро аз даврони валодат то дами марг дар шебу фарози ҳаёт роҳнамоӣ мекард. Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ дарк намудааст, ки барзгарон сурудоятҳои «Авесто» дар лаб ба Замин дона мекоштанд ва бо мурод ғалла медаравиданд, соҳибони чорпову сутур афзоиши рамаву галаҳояшонро таманно доштанд, сарлашкарону сипоҳиён сурудҳамосаҳои ҷангӣ бар лаб ба душман ҳамла меоварданд ва аз эзидон фатҳу зафар мехостанд, подшоҳону тоҷварон бо тавбаву надомат худро ба паноҳи Аҳурамаздо супурда, аз яздони пок тинҷиву осоиши мулкро металабиданд, муъбадону коҳинон аз панду ҳикматҳои ин китоби муқаддас вазъ мегуфтанд. Фосилаи таърих аз «Авесто» то имрӯз ҳар қадар афзояд, ҳамон қадар арзиши фалсафию ахлоқӣ ва маънавии он барҷастатар ҳувайдо мегардад. «Авесто» дар сайри таърихии хеш борҳо хокистар гашта, чун мурғи Ҳумо аз нав ба парвоз омадааст. - Олампаноҳо, - ба гӯш мерасад аз қаъри асрҳо садое. – Мо аз оташкадае китоби бузурге пайдо кардем. Бигӯ, чӣ кунем бо вай? - Он чӣ китобест? – мағрурона мепурсад Искандар. - Бо лавҳаҳои тиллоиву матнҳои зарандуд болои дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов сабт шудааст. - Магар ин ҳамон «Авесто» нест, ки шуҳраташ оламро фаро гирифтааст? - Бале, олампаноҳам, «Авесто»-ст. - Китоби муқаддаси ориёинажодон! Кишваре, ки мутеи ман хоҳад шуд, оё меарзад, ки сазовори чунин китоби бузург бошад? – бонг мезанад Искандар ва пас аз таваққуфи кӯтоҳе мегӯяд. - Нусхаҳои «Авесто»-ро дар тамоми қаламрави Суғду Бохтар оташ занед, оташкадаҳоро бо хок яксон кунед! Нахустин бор дар таърихи инсон сарбозони Искандар аз китобҳо оташ афрӯхтанд ва ин расми нангин то ба имрӯз аз ҷониби аҳриманзодагон ва душманони илму фарҳанги башар идома дорад. Ҳангоме ки Искандар чашм ба алангаи китобҳо дӯхта, сокит ғарқи андеша буд, аз гӯшае садои валвала баланд мешавад ва суруди суғдӣ ба фазо мепечад. - Чӣ моҷарост он ҷо? – бо талвоса мепурсад ӯ. - Бо амри олампаноҳам 30 нафар суғдиёни саркашро сӯи қатлгоҳ мебаранд. Онҳо хунсардонаву бебокона сурудхонон ба истиқболи марг мераванд, - посух дод лашкаркаше. - Сурудхонон? – бо тааҷҷуб ва изтироб мепурсад Искандар. Искандар ларзид, аммо ҳарфе нагуфт. Шояд бори аввал дарк намуд, ки пирӯз гардидан ба мардуми Суғду Бохтар амрест бас маҳол ва хаёлест басо хом. Искандар ба худ омад ва канда – канда гуфт: - Бо амри ман 120 ҳазор суғдиён аз дами шамшер гузаштанд. Ин магар ба саркашону исёнгарон сабақ нагашт? Искандар атрофро наззора намуд, ба дуродур назар афканд ва сӯи лашкаркаш теғ кашида нигоҳ кард ва бо оҳанги фармон амр намуд: - Фардо набарди шадиде оғоз мешавад. Бифармоед, то ба сипоҳиён офаридаи Софокл «Шоҳ Эдип» - ро намоиш бидиҳанд. Бигзор, ба онҳо неруи тоза бахшад! Имрӯз тоҷикон – авлодони суғдиёну бохтариён, ки дар асри XXI сарбаландона зиндагонӣ менамоянд, ҳақ доранд аз Искандар бипурсанд: - Оё аз лавҳи хаёли ту гузашта буд, ки баъди дуним ҳазор соли қатлу кушторҳоят ва бидуни фармони ту «Шоҳ Эдип» бо тамоми ҳашамат рӯи саҳнаи тоҷик падид меояд ва бо як ҷаҳон шӯру исён ба тоҷикӣ сухан мегӯяд. Оё ин далел пирӯзии ҳунар бар лашкар ва қатлу куштор нест? Мардуми тоҷикро на шамшери хунин ва амру фармонҳои Искандар, балки ҳунару илму фалсафаи Юнон тасхир кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои кӯҳсорон, ки аз партави офтоб медурахшанд, дида медӯзад ва чунин мепиндорад, ки аз фарози онҳо хуни муқаддаси Спитамон қатра – қатра чакида, атрофро лолагун сохтааст. Спитамон чун лашкаркаши тавонои сарзаминҳои Суғду Бохтар ларза бар пайкари ӯрдуи Искандар андохта буд. Гӯё имрӯз аз дили кӯҳсорон овози раъдосои ин лашкаркаши даврони бостон ба гӯш мерасад: - Мо дар соҳилҳои Ому, Сиру Зарафшон, дар саросари Суғду Бохтар ба душмани ғаддор амон нахоҳем дод. Дар соҳили Зарафшон се ҳазор пиёданизом ва 800 нафар аскарони савораи Искандарро нобуд сохтем. Фардо ҳама ба қиём! Ба қиёми хунин! Дар посухи ин садо гӯё аз қаъри кӯҳу дара ва дарёҳо нидоҳо баланд гардида, заминро ба ларза меоваранд: - Дуруд бар Спитамон! Поянда бод Спитамон! Ба набард то охирин қатраи хун! Набарди шадид оғоз мегардад, аз хуни шаҳидон кӯҳу даман пероҳани сурх ба бар мекунанд. Оваҳ! Спитамон ҳангоми ақибнишинӣ ба таври ногаҳон ва ғайричашмдошт ба зарбаи қабилаҳои бодиянишин рӯ ба рӯ мегардад. Онҳо сари қаҳрамонро аз тан ҷудо карда, чун армуғон ба Искандар мефиристанд, то мавриди таваҷҷуҳи вай қарор бигиранд. Аммо амали зишташон чун рафтори хоинон дар сафҳаи таърих сабт гардид ва наслҳои нав ба нави инсонӣ ба душманоне, ки дар дохили кишвар аз пушт ханҷар мезананд, лаънату нафрин мехонанд. Ниёгони мо пас аз заволи давлати Искандар дар аҳди давлатҳои мухталифе чун Кӯшониёну Сосониён саргарми зиндагиву бунёдкорӣ буданд. Неруи тавонои созандагӣ онҳоро ба сӯи дастовардҳои нав ҳидоят менамуд. Ҳунари волои аҳди Кӯшониён ва Сосониён то ба имрӯз ҷаҳониёнро ба шигифт меоварад. Солҳо сипарӣ гаштанд ва боз балои азиме ба сарзаминҳои муқаддаси авлодони мо ҳамлаовар шуд. Ин сели офатбор ин дафъа дар симои лашкари ҷаррори хилофати араб падид омад ва боз ҷӯйҳои хун ба ҳар сӯе ҷорӣ гаштанд. Ба қавли Фирдавсӣ саҳронишинон, ки бистарашон реги равон ва хӯрокашон шири шутуру сусмор буд, дар орзуи тахти Каён афтоданд. Боз ба назар қуллаҳо аз хунҳои бегуноҳон сурхпӯш гардиданд. Боз фармонҳои хунин ва теғи хунин баланд мешаванд: - Манам Қутайба, қоиммақоми Хуросон, пешвои лашкари араб! Шаҳру деҳотро ба хун ғарқа намоед, ҳар ҷунбандаеро аз дами теғ гузаронед! Сарбозон дар ҷавоб шамшерҳои бараҳнаи худро ба ҷилва оварда ва омода будани хешро барои қатлу кушторҳои нав намоиш медиҳанд. Садои Қутайба ба таври боз ҳам даҳшатангез атрофро ба ларза меоварад: - Сари он ашрофзодагони суғдиро, ки ба қатл расидаанд, аз тан ҷудо кунед, номашонро ба гӯшҳояшон нависед ва сарҳояшонро ба камарбанд овехта, ба қароргоҳи худ баргардед, он чиро, ки ба ғанимат гирифтаед: силоҳу камарбанди заррин, матоъҳои гаронбаҳо, аспҳои бодпо, асиронро ҳама ба шумо, фотеҳони майдони ҷанг мебахшам. Хоки Суғдзаминро бубезад! Хуросону Мовароуннаҳро мутеъ созед! Садоҳо яке дигарро иваз мекунанд, мавҷи исён ва ғазабу нафрат нисбати яғмогарон ларза ба дили кӯҳҳо меандозанд ва мардумро ба по мехезонанд. Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ ба онҳо гӯш фаро медиҳад: - Эй, душмани хуношоми биёбонгард! Беҳуда шодмониву ифтихор нанамо! Манам Абӯмуслими Хуросонӣ! Бо лашкари худ ҳозири майдонам! - Манам Сунбоди Муғ! Хун ба хун, ҷон ба ҷон! Қасди шаҳидони бегуноҳро аз қотилон хоҳам ситонид! - Манам Устод Сис! Мардуми Ҳиротро ба исён, ба набарди хунин бархезондаам. - Манам Деваштич, лашкаркаши Суғдзамин! Мо дар муҳосира қарор дорем. Аммо хунҳоямон дар ҷӯш ва шамшерҳоямон дар даст медурахшанд. - Манам, Муқаннаъ, пешвои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон! Мо ҳама чун як тан меҷангем, то хасми нопокро маҳву нобуд созем! Ҳама ба набард! Ба набарди адлу дод! Муборизаи зидди душман шадидтар ва хунинтар мегардад. Хуни сарлашкарону сарбозон ба ҳам омехта мешаванд. Деваштич пас аз зарбаҳои камаршикан бар душман худро ба саргаҳи Зарафшон расонид, то ба дигар минтақаҳо робита барқарор намуда, муборизаро идома диҳад. Ҳайҳот! Душман қаҳрамонро муҳосира мекунад, ҳалқа дар атрофаш тангтар мегардад. Ташнагони хуни Деваштич сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва чун шоҳиди ба ном қаҳрамонии хеш ба ҳокимони Ироқ мефиристанд. Магар дар Ироқ касе маҷоли онро дошт, ки ба сари бурида ва бетани вай назар афканад? Номи Деваштич чун раъду барқи осмон сарзамини истилогаронро ба ларза ва даҳшат оварда буд. Суғдзамин, ки маънояш «дурахшидан» ва «сӯхтан» аст, воқеан машъали рахшоне буд ва он дар оташи ҷанг сӯхту нобуд шуд ва дурахши он бо хоки сиёҳ баробар гашт. Ёдгориҳои бостонӣ, ки имрӯз аз қаъри замин ва асру замонҳо падид меоянд, ҷаҳониёнро дар баробари ҳунару фарҳанги суғдиён ба шигифт меоваранд. Пас аз хорию зориҳои бардавом, пас аз қатлу кушторҳо, ки 200 сол идома ёфт, дар фарози Мовароуннаҳру Хуросон номе ба дурахшидан оғоз кард ва мардум чашми умед сӯи вай дӯхтанд ва имрӯз садояш дар тамоми қаламрави тоҷикнишин баланд аст: - Ман, Исмоили Сомонӣ, дар зери чархи гардун 58 сол умр дидаам, комрониву мубориза кардаам, давлатеро поягузорӣ намудаам, ки шуҳраташ баҳру барро фаро гирифта буд. Баҳри саодати мардум, адлу дод, ваҳдату якпорчагии кишвар шамшер кашидаву ҷонбозиҳо кардаам. Ҳазор сол аст, ки рӯҳи исёнгари ман дар набард аст. Пас аз ранҷу азобу озурдагиҳо, пас аз таҳқиру фаромӯшиҳо боз аз нав бар тахти салтанат биншастам. Дуруд ба миллате, ба давлате, ба сарваре, ки маро дубора эҳё кард, мақому манзалати тоза бахшид ва тахту тоҷи гумкардаамро аз нав ато кард. Акнун ман то абад устувору пойбарҷоям! Ман забон ва фарҳангеро бар тахти салтанат биншондам, ки он аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш аз кӯҳсори Қафқоз то Халиҷи Форс домон густурда, дар фарози олам медурахшад. Ман, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, бо тамоми шаҳомату ҳастӣ аз болои хоросанг қомат афрохта, рӯзгори шуморо наззора мекунам. Ман бо шумо пайванди ҷовидонӣ дорам, ман то абад бо шумоям! Пеши назари Эмомалӣ Раҳмон симои арҷманди устод Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров намудор мегардад, ки суҳбати гарме аз боби Исмоили Сомонӣ доранд. - Бобоҷон, - мегӯяд андешамандона устод Айнӣ, - ҳамин ки қалам ба даст бигирам, пеши чашмонам Исмоили Сомонӣ падидор мегардад. Ман мафтуни қудрату матонати ӯям. - Шумо, устоди арҷманд, - мегӯяд бо табассуми ҳалимона Бобоҷон Ғафуров, - имрӯз байрақи Исмоилро дар дастони худ устувор доштаед. Дӯстон аз шумо сарфароз, душманон аз шумо дар ҳарос. Андешаҳоятонро дар бораи давлати Сомониён ва нақши онон дар таърихи тоҷикон хондам, басо хушнуд шудам. - Воқеан, Бобоҷон, агар Сомониён зуҳур намекарданд, агар дар арсаи таърих Исмоил пайдо намешуд, маълум набуд, ки мо имрӯз бо чӣ забоне ҳарф мезадем, бо чӣ фарҳанге сару кор доштем. Пайдо набуд, ки тақдири мо ба чӣ меанҷомид. - Устод ният дорам саргузашти халқамро, сайри таърихии онро, мақоми тоҷиконро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳон аз нигоҳи ҳақиқат собит созам. Дар ин хусус андешаҳоямро ба рафиқ Сталин ошкоро гуфтам. Вақте ӯ фаҳмид, ки тоҷикон «Шоҳнома» - ро назар ба эрониён хубтар ва беҳтар мефаҳманд, ба ҳайрат афтод. Гаштаву баргашта таъкид кард, ки инро аз назари илмӣ бояд таҳқиқ намоем. Ӯ пешниҳодҳои маро перомуни омӯзиши воқеии таърих комилан тарафдорӣ кард. - Ростиро заволе нест, Бобоҷон. Ҳақиқати таърихро ҳеҷ кас наметавонад инкор намояд. На подшоҳ, на дарвеш. - Устод, имрӯз вақте ки шуморо бо як овоз аввалин президенти Академия интихоб намудем, сарам ба осмон расид. Бубинед, тоҷикон соҳиби Академия! - Бобоҷон, ман аз он ифтихор дорам, ки дар сари давлати мо, дар ҳимояи илму фарҳанги Тоҷикистон шумо барин фарзанди содиқу вафодор ва донишманду андешаманд қарор дорад. - Устод, орзу дорам, ки Тоҷикистони мо шуҳрати Сомониёнро дубора дарёбад. - Иншооллоҳ дармеёбад, - бо оҳанги қатъӣ мегӯянд устод Айнӣ. – Халқ офаридгор аст. Аминам, ки фарзандони баномус Тоҷикистонро машъали Машриқзамин хоҳанд кард. Боз солҳо, чеҳраҳо, ҳодисаҳо яке дигареро иваз мекунанд. Дар лавҳи хотири Эмомалӣ Раҳмон лашкаркаши ҷавоне дар либоси дарвешӣ падид меояд, ки дар баробари оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ба зону нишаста, ба вай саҷда меоварад ва бо ӯ дар муколама аст. - Исмоил, эй ҷадди бузургворам, эй пешвои давлату миллат, ба ман нерӯи тоза бубахш, то ба душманонат пирӯз гардам, ононро сарафканда бинам, - мегӯяд лашкаркаши ҷавон. - Кистӣ? Нашинохтамат. - Мунтасирам, авлоди туам. Ба зиёратат омадам, то аз ту имдод биталабам. Ман охирин ва ягона намояндаи Сомониёнам, ки алайҳи душман меҷангам. - Сарфарозам аз ҷасорату мардонагиат. - Исмоил, эй пешвои муаззам, ба атроф нигар, бубин чи гуна давлати овозадорат рӯ ба завол овардааст. Душманони гургтабиат аз ҳар ҷониб ба он дарафтодаанд, мехоҳанд пора – порааш кунанд. - Ту чиҳо мегӯӣ?! – ба изтироб меафтад Исмоил. – Кӣ гуфт, ки давлати ман рӯ ба завол ниҳодааст? - Ба давлат ва ба номи поки ту хиёнат карданд. Хиёнат аз паси хиёнат. Бодиянишинон ба тоҷу тахти мо соҳиб гаштаанд. - Бодиянишинон мегӯӣ? Охир, ман онҳоро чунон саркӯб карда будам, ки дар тӯли сад сол маҷоли сар боло кардан надоштанд. Магар ман тахти Каёнро ба хотири он дубора устувор сохтаам, ки имрӯз ба дасти онҳо афтад? - Бухороро, - пойтахти давлататро забт намуданд. Суккони давлатро ба даст гирифтанд. - Во дареғо! – фиғон баровард Исмоил ва ин фиғон дар дили замину осмон танин андохт. – Фурӯ рав, эй чархи гардун бо ин ҳама пастӣ! Дари қабрро боз кунед, ман ба пой хоҳам хест. Шамшеру аспи маро биёваред! Мунтасир, ту маро роҳнамоӣ бикун! Шоистаи тахти Сомониён, танҳо туӣ, Мунтасир! Умедам ба туст. Ҳеҷ неруе, ҳеҷ султоне наметавонад фурӯғи давлати маро хомӯш созад. Фурӯғи давлати Сомониён ба абадият пайвастааст! Эмомалӣ Раҳмон ба андешаи амиқ меравад то ҷавҳари ҳастӣ ва даҳои Исмоили Сомониро дарёбад. Дарёбад то чӣ боис шуд, ки дар шароити асри миёна ӯ дар синни 24 – солагӣ зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта, дар тӯли умри кӯтоҳи худ корнамоиҳои беамсоле нишон дод, ки дар муддати беш аз ҳазор сол шӯҳрати он коста нагардида, балки афзунтар ва дурахшонтар мегардад. Исмоил дорои рӯҳи матин ва дили огоҳ ва бедору бузурге буд. Ба қавли муҳаққиқон ӯ ба худшиносии фардӣ ва миллӣ, ба худшиносии сиёсӣ ва фалсафӣ расида, гузашт ва бахшояндагӣ аз бузургтарин хислатҳои фаъолияти давлатдорӣ ва шахсии ӯ буд. Исмоил инсонест бузург, инсонест офарандаи таърих ва таърихи давлатдории мо, шоистагии тоҷикон, аз зуҳури шахсияти барҷастаи ӯ оғоз мегардад. Имрӯз ҷаҳониён бо чашми сар мебинанд, ки Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, кишваре, ки дар як гӯшаи давлати овозадори Сомониён арзи ҳастӣ намудааст, андешаҳои волои Исмоили бузургро идомаву инкишоф дода ва орзуву ормонҳои ӯро ба ҳаёт татбиқ месозад. Имрӯз авлодони Исмоили Сомонӣ бо камоли ифтихору муҳаббат дида ба чеҳраи бовиқор ва пурифтихори ӯ дӯхта, аз забони шоир Лоиқ Шералӣ иброз медоранд: Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, Ғулғули Сомониён ояд ҳаме. Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон, Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме. Эй Душанбе, дар канорат рӯи тахт, Мири Сомон ҷовидон ояд ҳаме. Аз миёни чанд қарни ашку хун, Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме. Бо насими бӯи ҷӯи Мӯлиён, Бар Ҳисори Шодмон ояд ҳаме. Эмомалӣ Раҳмон боз ғарқи андеша мегардад. Боз садои асру замонҳо, садои таърихи бо хун оғӯштаи миллати мо баланд мешавад: - Чингиз омад! Чингиз омад! - Вабо омад! Бало омад! Чингизхон дасти хунолуд ва шамшери хунолуди худро боло намуда, ҷунунвор наъра мекашад: - Манам, Чингизхон, фотеҳи ҷаҳон! Ҳар куҷо тоҷике дучор ояд, зуд шамшер баркашед ва сараш аз тан ҷудо намоед! Бидуни пурсиш, бидуни санҷиш ба қатл расонед. Лашкаркаше бо ҳаяҷону изтироб дар баробари Чингизхон таъзим намуда, канда – канда мегӯяд: - Дар Самарқанд 110 ҳазор сарбозони тоҷик таҳти роҳбарии Муҳаммади Хоразмшоҳ даст ба қиём задаанд. Дар Бухорову Хуҷанд бар зидди мо исён бардоштаанд. Лашкариёни мо ба ҳоли табоҳ афтодаанд. Чингизхон мисли гурги саҳроӣ дар рӯ ба рӯи лашкар уллос мезанад: - Шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Ҳироту Балх, Марву Утрор, Нисову Хоразм, Хуҷанду Чағониёнро ба хок яксон ва шудгор намоед! Ва лашкариён барои иҷрои фармон ба ҳар сӯе пароканда мегарданд. Сарбозе халта бар китф тозон меояд ва таъзим мекунад. - Дар халта чӣ дорӣ, - зери лаб мепурсад. Чингизхон. - Магар зару зевар овардӣ? - На, ифтихори тоҷиконро овардам, олампаноҳ. - Бе парда сухан гӯй! – наъра мекашад Чингизхон. - Девони Рӯдакиро овардам. Тавонотарин шоири мулки Аҷам! Чӣ кунем бо вай? - Оташ занед! – бонгу ғирев мебардорад Чингизхон. Саросари кишварро шуълаи оташ фаро мегирад. Китобхонаҳо, мадрасаҳо, адибону донишмандон ба коми оташ кашида мешаванд. Ҳар ҷо, ки офаридаи донишу хирад буд, оташ гирифт, хокистар гашт, ба боди фано рафт. Дастовардҳо ва офаридаҳои нотакрори Сомониён ба хоки сиёҳ яксон гаштанд. Сарлашкаре дар баробари Чингизхон қарор мегирад ва бо тафохур мегӯяд: - Муждаи хуш овардам, шоҳи олам. - Бигӯ! - Самарқандро аз дами теғ гузаронидем. Нисфи мардум талаф шуд, зиёда аз 30 ҳазор косибону ҳунармандони тоҷик ба писарон ва хешу табори олампаноҳам тақдим гаштанд. Ва 30 ҳазори дигар аз мардуми шаҳр ба хидмати қӯшун фиристода шуд. Шаҳр харобазор ва аз одам холӣ гардид. Аммо аз Хуҷанд хабарҳои шум мерасанд. Ҷавоне бо номи Темурмалик ҷанги шадиде оғоз кардааст. - Темурмалик?! – гӯё аз мағзи дилу ҷон фиғон баровард Чингизхон. - Бадзот, тоҷики исёнгар! Илоҷе кунеду зинда даст гиред, ба пою гарданаш занҷир зада, назди ман ҳозир намоед! Дар ин ҳангом аз гӯшае шӯру мағал, садои ба ҳам бархӯрдани шамшерҳо, садои шиҳаи аспон ва сарбозон баланд мешавад. - Чӣ моҷарост он ҷо? – наъра мезанад Чингизхон. - Саҳнаи басо мудҳиш, - посух дод лашкаркаше. – Панҷ тан аз мардони тоҷик зидди ҳафтсад сарбози муғул меразманд. Заррае тарсу ҳарос надоранд. Сарбозони мо ҳатто наметавонанд он панҷ танро ба муҳосира бигиранд. - Эй, тарсуҳо! – хитоб намуд Чингизхон сӯи майдон. – Магар шарм намедоред, ки ҳафтсад марди номдоре ҳастед, аммо панҷ нафар тоҷикро наметавонед ба қатл расонед?! Шармандагӣ! Раҳ кушоед, ман худ ба майдон медароям ва он панҷ танро бо хоку хун мекашам. Гиру дори муғул, қатлу куштори муғул, ба коми оташ кашиданҳо ва ба яғмо бурданҳои муғул саросари Аҷамро фаро гирифт. Сарҳо ба бод мерафтанд, шаҳрҳо месӯхтанд, ҷӯйҳои хун ҷорӣ мегаштанд. Дашту даман аз хуни тоҷик лолагун мешуд. Аз қаъри асрҳо, аз фарози кӯҳсорон нолаи ҷонгудози ҷавони шердил ва асоратнописанди тоҷикро мешунавем ва ӯ як сафҳаи дурахшони достони мардонагиро дар рӯ ба рӯи мо боз менамояд: Дар дашт будам, зилзилаи ҷанг омад, Шамшери муғул ба гарданам танг омад. Мардбача будам, гурехтанам нанг омад, Хуни ҷигарам ба ҳар сари санг омад. Ин ҷавон дар симои Темурмалики сафшикан қомат барафрохта, рӯ ба мардум хитоб мекунад: - Марг авлотар аст назар бар он ки мо дар асорати муғул ба сар барем! Бубинед, сафаҳоти рӯи замин аз хуни тоҷик гулгун гаштааст. Мо набард мекунем, қасос мегирем то нафаси охирин меҷангем! Сайҳунро аз хуни душман рангин месозем. Истилои муғул даҳшатноктарин ва фоҷеаангезтарин саҳифаи таърихи тоҷикон аст. Маҳз дар ҳамин даврони офатбор сарватҳои маънавии халқи мо, аз ҷумла осори шуарову удабо чун устод Рӯдакӣ нобуд гаштанд. Оқибати зарбаи гароне, ки аз ҷониби чингизиён ба фарҳанги мо зада шуд, то ба имрӯз эҳсос мешавад. Забон ва фарҳанги мо ба оби ҳаёт табдил ёфтанд ва миллати моро умри дубора бахшиданд ва ба ҳазораи сеюм расониданд. Роҳҳои нави Тоҷикистони тозаистиқлол гузаштаҳои дури диёри моро, имрӯзу фардои онро ба ҳам мепайванданд. Ҳар боре, ки Сарвари давлати мо роҳҳои наву кӯҳнаи кишварро мепаймояд, пеши дидагонаш корвонҳои қатор андар қаторе, ки бо Роҳи бузурги абрешим дар ақсои олам равуо доштанд, ҷилвагар мешаванд. Аз Бадахшону Хатлон то Хуҷанду Истаравшану Панҷакент, ки дар чаҳорсӯи шоҳроҳи овозадори абрешим қарор доштанд, зангӯлаи корвонҳо танинандоз мекарданд. Баъди сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон Роҳи бузурги абрешим аз нав эҳё гардид. Сохтмони роҳҳо, ки дар Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кардааст, идомаи ҳамон Роҳи бузурги абрешим аст, ки ҳадаф аз он бо тамоми ҷаҳон пайвастани Тоҷикистон ва густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дӯстиву ҳамгироист. Ин роҳ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон ба таври ҷовидон мепайвандад. Роҳи ағбаи Анзоб барои ҷумҳурии мо аҳмияти ҳаётан муҳим ва тақдирсозе дошт ва сохтмони он замоне дар ҳузури И. В. Сталин мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Моҳи феврали соли 1947 Бобоҷон Ғафуров дар Кремл бо Сталин перомуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон суҳбат мекунад ва зимни он мегӯяд: - Рафиқ Сталин, дар ҳалли як масъала ёрии шуморо мепурсем. Мо мехоҳем, ки аз водии Зарафшон ба воситаи Такфон ва ағбаи Анзоб ба пойтахти ҷумҳурӣ роҳи оҳан кашем. Ин кор аҳамияти махсуси стратегӣ дорад. Дар баробари ин масофаи роҳ се маротиба наздик мешавад. Инчунин барои мавриди истифода қарор додани боигариҳои табиӣ шароити мусоид фароҳам меояд. Сталин ба харита нигариста, лаҳзае сукут мекунад ва дар ҷавоб мегӯяд: - Ба фикрам, шумо ин масъаларо як сол пеш ба миён гузошта будед. - Дуруст, рафиқ Сталин. Аммо ҳаёт тақозо менамояд, ки ҳалли ин масъаларо дубора аз шумо хоҳиш намоям. - Пешниҳоди хуб, аммо ҳоло имкон надорем. Мо бояд аввал шаҳрҳо ва ҳазорон пулҳоеро, ки аз ҷанг хароб шудаанд, барқарор намоем. Ин кор маблағи зиёдро талаб мекунад. Баъди як сол пешниҳоди шуморо меомӯзем. Ваъдаи Кремл чун ваъдаҳои пешин дар хусуси бартараф намудани беадолатиҳо дар тақсимоти миллӣ ва нодида гирифтани ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон танҳо дар забон ва рӯи коғаз боқӣ монду халос. Имрӯз танҳо Роҳбари давлати соҳибистиқлол ва дорои ифтихори миллӣ сарбаландона ва қотеъона гуфта метавонад, ки мо омода ҳастем баҳри ваҳдати миллӣ ва нашъунамои кишвар бо нохун аз дили санги хоро роҳ бикушоем. Роҳҳои нав аз дилу ҷони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ибтидо ёфта, рамзу самараи истиқлолияти Тоҷикистон мебошанд. Истиқлолияте, ки имрӯз ба халқи мо неруи тоза ва болу пар бахшидааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар соат гӯш ба набзи истиқлоли кишвар мениҳад, то итминони комил пайдо намояд, ки тапиши он солиму муназзам ва устувор аст. Ӯ итминони комил дорад, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меравад, устуворонаву ҷасурона қуллаҳои навро фатҳ менамояд. Қуллаҳои кӯҳсорони мо аз партави хуршеди тобон медурахшанд. Гӯё онҳо аз шарори дили Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми нурҷӯву ҳақиқатхоҳи мо, аз партави созандагиҳои диёр нурафшонанд. Нурҳои ҳаётофарини офтоб дар фарози қуллаҳо суханони «Тоҷикистон», «Сулҳ» ва «Ваҳдат»- ро бо ҳарфҳои зарин сабт менамоянду атрофро мунаввар мегардонанд ва навои рӯҳбахшу мутантан ба ҳар ҷониб паҳн мегардад: Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар, Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар. Эмомалӣ Раҳмон бо қалби моломоли шодию ифтихор ба қуллаҳои пуранвор менигарад ва чунин мепиндорад, ки Тоҷикистони азизу муқаддас ҳамроҳ бо офтоби оламоро ба роҳи басо дур, ки онро бо ҳазорсолаҳои нав мепайвандад, равон аст. Сарвари давлат бори дигар чашм ба фарози қуллаҳо медӯзад ва мегӯяд: - Роҳат сафед, иқболат дурахшон ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистонам! Саидмурод Фаттоҳзода, Раҷабалӣ Қудратов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.