Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намирад гар бимирад некноме…

Намирад гар бимирад некноме…

8-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Намирад гар бимирад некноме…
8 июни соли 2016 хабари марги Султон Мирзошоев - шахсияти барҷастаи ҷамъиятию давлатӣ дили пайвандон, дӯстон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ғамгин кард.

Дар ёди мо, ихлосмандонаш тарҷумаи ҳоли ин марди накуном аз забони худи эшон мондааст.

Султон Мирзошоев 9 январи соли 2012 ҳаштодсолагиашро ҷашн гирифт. Дар ҳамон рӯзҳо буд, ки дар як мусоҳибааш гуфт: - Ман дар 15-солагиам фаъолияти кории худро дар мактаби Ғарғараи ноҳияи Данғара ҳайси сарвожатии пионерон оғоз кардам. Баъд омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кулобро хатм намуда, дар КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолият намудам…

Нақли ӯ саҳифаи рӯзгори пуррангу бобаракаташро пеши назар чун навори филм намоён мекунад: хатми университети тарбияи муаллим дар соли 1953, кор дар шуъбаи маорифи халқи вилоят, хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ дар яке аз қисмҳои воқеъ дар хоки Литва, котиби дуюми ҳизб дар ноҳияи Восеъ (он вақт Арал), таҳсил дар Мактаби олии ҳизбӣ дар Москва…

Чанд муддат дар вазифаҳои раиси идораи Тоҷиккино ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони СССР кор кардааст.

Дар соли 1990 пас аз дубора барқарор шудани вилояти Кӯлоб ба мақоми котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизби коммунист таъин гардида, ҳамзамон раиси Шӯрои вакилони халқ интихоб шуд.

Дар соли 1993 Мирзошоев ба нафақа баромад, аммо бо вуҷуди ин дар навсозию барқарор кардани давлати мустақили Тоҷикистон саҳм гирифт. Пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон Раҳбари давлат ӯро ба мақоми раиси дастгоҳи иҷроия таъин кард. Дар солҳои баъдӣ ӯ инчунин дар Ҷамъияти саҳҳомии «Интурист» ва муҷтамаи давлатии «Ваҳдат» раҳбарӣ намудааст.

Ин пири хирад дар ҷараёни умри бобаракати худ ба нависандагӣ ва эҷод ҳам машғул шуда, чандин китоби таҳқиқию таҳлилӣ навиштааст.

Ӯ мегуфт: - Нахустин китобам дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Артисти халқии Тоҷикистон Борис Кимёгаров буд, ки соли 1972 бо ҳамин ном чоп шуд.

Пас аз он «Роҳи кинои тоҷик» ном китоби дуввумаш ба нашр расид, ки ҳоло ҳам як асари таҳқиқотии муҳим ва пурарзиш дар бораи таърихи таъсис ва таҳаввули ин соҳаи санъати кишвармон дониста мешавад. «Арзи дил», «Дуои хайр», «Поёни марг», «Робитаи ду насл», «Сулҳофарин», ки китоби тарҷумаҳолӣ дар бораи Раҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон (ки дар ҳамкорӣ бо нависанда Шодон Ҳаниф навишта шудааст), аз ҷумлаи дигар асарҳои ба ёдгормонда аз ин мард аст.

Ёди корҳои неку муносибати хайрхоҳонааш дар қалбҳо човидон хоҳад монд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: