Маҷалаи нав27-05-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташабуси раиси кумитаи ибтидоии БМШ-и КИ ҲХДТ дар шаҳри ТурсунзодаТоҷиддин Ятимов барои кормандони соҳаи тандурустии шаҳри металургҳои тоҷик маҷаллаи “Тибби Бӯаллӣ”интишор гардид.
Маҷалла дар ҳар се моҳ як маротиба ба нашр мерасад. Дар маҷаллаи мазкур масъалаҳои мубрами рӯз пешгирии амрози гуногун, маслиҳатҳои методӣ, роҳои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои мухталиф, ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами табибон, маслиҳатҳои мутахасисон ва ғайраҳо ба табъ мерасанд. Аъзоёни ҲХДТ Абдуқодир Ҳаитов (Муҳаррир), Файзалӣ Холов, ( ҷонишини муҳарир) Норқул Рабиев (котиби масъул) кӯшиш намуда истодаанд, ки маҷаллаи “Тиби Бӯалӣ” босифату хонданбоб ба дасти муштариён расад. Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҳисоби табибони шаҳри турсунзода нафар аъзоёни ҲХДТ мебошанд. Ба чоп расидани маҷаллаи мазкур дар шаҳри Турсунзода тӯҳфаи хубест ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.