«Шифобахш» - ташкилоти нави ҳизбӣ27-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади вусъат бахшидани фаъолият ва ҳамзамон афзун намудани сафи ҳизб тадбирҳои муфидро анҷом дода истодааст. Роҳбарияти комиҷроияи ҳизбӣ бо назардошти талаботи рӯзафзуни шомил шудани довталабон ба ҲХДТ корҳои таблиғотиро беш аз пеш ривоҷ медиҳанд.
Бо ҳамин ният ҳафтаи сипаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявӣ бинобар вуруди аризаҳои зиёди хоҳишмандони шомилшавӣ ба ҳизб маҷлиси тадорукотӣ оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барпо гардид. Дар кори ҷаласаи нахустини ҳизбӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ва муовини раиси комиҷроияи ҳизбӣ дар шаҳри Ваҳдат ширкат доштанд. Дар оғоз сардухтури беморхона Қамаруддин Шоев ҳозиринро бо ҳадафи ҷамъомад ошно сохта, зикр намуд, ки кормандони беморхона нақши шоистаи ҲХДТ-ро дар мавриди таҳким бахшидани иқтисоду баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хуб дарк менамоянд. Бинобар ин мехоҳанд, ки ба Ҳизби Халқии Демократӣ шомил гардида, мустақиман дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм гузоранд. Ӯ аз комиҷроияи ҳизбии шаҳри Ваҳдат хоҳиш намуд, ки аризаи шомилшавии хоҳишмандонро қонеъ гардонад. Раиси кумитаи иҷроия Р.Раҳматзода зимни баромади худ аз дастовардҳои соҳибистиқлолии Ватан сухан ронда, тазаккур дод, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби роҳнамо ва амаликунандаи ормонҳои халқ фаъолияташро мутобиқи нишондодҳои Низомнома ва Оинномаи ҳизб роҳандозӣ намуда, баҳри ободию шукуфоии ин сарзамин талош мекунад. Комиҷроияи ҳизбӣ аз зиёд шудани сафи хоҳишмандоне, ки мехоҳанд тақдири худро ба ин ҳизби созанда ва раҳнамо бипайванданд, истиқбол мекунад. Бовар ва эътимоди мо бар он аст, ки ташкилоти ҳизбии нави табибон, ки номи зебои «Шифобахш»-ро гирифтааст, барои сиҳатию саломатии мардум нақши арзанда гузошта, ҷиҳати ободию шукуфоии Ватан саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ниҳояти ҷаласа дар бораи ташкил намудани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қарор қабул карда шуд. Ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифобахш» якбора 38 нафар шомил гардид ва ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. А. Яқубов, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Ваҳдат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.