Нерӯю илҳоми тоза гирифтам24-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Сад шукр, ки бо амри тақдир ва тақозои вазифа якчанд маротиба дар мулоқоти Сарвари давлат иштирок намудам. Рости гап пас аз ҳар як мулоқот ва шунидани баромадҳои Президенти кишвар гӯиё, ки аз нав тавлид меёбам. Аз суханрониҳои ин марди шариф қуввату нерӯ мегирам, ҳисси ватандӯстиам чандин карат боло меравад, аз он, ки ориётаборам ифтихорам меафзояд. Ба меҳани худ муҳаббатам садчанд зиёд мешавад, шукргузор аз он мешавам, ки тоҷикаму Ватани азизам Тоҷикистони биҳиштосо аст ва пешвою раҳнамои кишвари ман шахси хирадманду порсо ва хайрхоҳу адолатпеша аст.
Ин навбат ҳам ба ман муяссар гардид, ки дар мулоқоти Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Суғд иштирок намоям ва аз суханрониҳояшон, ки таҳлили дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят таи даҳ соли охири даврони Истиқлолиятро дар бар гирифт, бархурдор бошам. Бо баробари зикр гардидани дастовардҳои мардуми вилоят ва изҳори қаноатмандӣ намудан аз он Сарвари мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ боз ҳам барои ноил гаштан ба зиндагии шоистаи мардум дастуру супоришоти амиқ доданд, ки роҳнамои ҳамаи самтҳои фаъолияти мо хоҳад гашт. Хосса суханронии он кас бобати эҳтиром доштан ба арзишҳои миллӣ, рӯ овардан ба ҳунарҳои миллӣ, дӯст доштани обу хоки диёр барои ҳар як фарди бонангу ор дарси ибрат ва ватандорӣ маҳсуб мешавад. Дар мавриди даҳ соли вилоят таҳти сарварии роҳбари муаззам танҳо ҳамин рақамро гуфтан кофист, ки мо рӯ ба пешравием. Танҳо дар ду соли охир, пас аз эълон шудани соли роҳҳои обод наздик ба 1000 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва маҳаллӣ аз навсозӣ, таъмиру тармим гардид. Ҳар як сокини ҷумҳурӣ медонад, ки ташрифи Ҷаноби Олӣ ба ин ё он маҳал боиси ободиву сарсабзии он минтақа мегардад. Моён, фаъолзанони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ки тарғибгарони сиёсати хирадмандонаю оқилонаи давлату Ҳукумат ва Сарвари доною пешвои муаззами он ҳастем, вазифадор мебошем, ки мӯҳтавои суханрониҳои Сарвари давлатамонро ба дилу дидаи мардум ҷой намоем, то онҳо аз сиёсати имрӯзаи кишвар пурра огоҳ бошанд, шукри ин давлату ин миллат намоянд, барои ободию гул-гулшукуфиаш саҳм дошта бошанд. ©Мукаррама Неъматова, мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.