Назаре ба китоби тозанашри Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат (Душанбе: Маориф, 2016, 414 саҳ.)Чанде пеш бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул гардидани «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат» китоб бо номи «Эмомалӣ Раҳмон - пешвои миллат» интишор гардид, ки он дар заминаи маърӯзаҳои олимон, адибон, сиёсатмадорон, чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар конфронси илмии ҷумҳуриявӣ «Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» рӯйи кор омадааст. Конфронси мазкур ба муносибати қабул гардидани қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат», ки 9-уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, бахшида шуда, нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии мардум инъикос намуд.
Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки дар зери роҳбарии ӯ Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷаҳон пазируфта шуд. Аз ин рӯ, омӯхтани таърихи зиндагии ин шахсияти нотакрор, роҳи тайкардаи ӯ дар расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ ва гиромидошти номи ӯ аз вазифаи муқаддаси имрӯзиён маҳсуб мешавад.
Дар китоб 42 мақолаи пурмӯҳтавои сиёсатмадорону сиёсатшиносон, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, олимони маъруф, муаррихон ҷой дода шудааст. Мақолаи Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров ба масобаи сарсухан дар партави сухани собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак ба қалам омадааст: «Мардуми Фаронса ҳеч гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш намекунад».
Муаллифи мақола ёдрас мекунад, ки замоне, ки сарварии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмони чиҳилсола вогузор гардид, кишвари тозаистиқлоли мо дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Мардуми зиёд қурбони ҷанги бародаркуш гардида, бештар аз миллион нафар гурезаву муҳоҷири иҷборӣ гардиданд. Сарвари ҷавону дурандеш бо нахустин суханронии худ ба дили мардум шӯълаи умедро ато намуд: «То охирин фирорӣ ба ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Ба андешаи муаллифи мақола, ки ҳақиқати маҳз аст, Эмомалӣ Раҳмон пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд кард ва силсилаи корҳоеро ба анҷом расонид, ки онҳо имкон фароҳам оварданд, мардуми парешони тоҷикро атрофи дастурхони густурдаи сиёсии миллат ба ҳам биёрад. Шукурҷон Зуҳуров аз андешаву суханрониҳои Сарвари давлат нуктаҳоеро ёдрас мекунад, ки воқеан, дар он замон ба мардум таъсири бузург расонида буд ва таконеро барои баргаштан ба Ватан эҷод мекард. Чунончӣ, сухани Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем», муассиртарин сухани он замон буд, ки имрӯз ҳам баъди гузашти солиёни дароз ба дили ҳар як фарди ватандӯст асар мекунад ва арзиши бештари таърихии худро ба бор меорад.
Дар мақолаи мазкур зикр мешавад, ки амали ҷавонмардона, далерона ва даст задан ба амалҳои бузург аз сифатҳои инсонии олию оддӣ, аз қабили меҳрубонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзиву ҷасорат, хоксориву ғурури миллӣ, риояи одоби гузаштагон дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллату ватан сарчашма мегирад. Дар мақола андешаву гуфтори шахсиятҳои маъруфи таърих чун Дабири кулли Созмони Муттаҳид Кофи Аннан, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Қувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғаним истинод шудааст, ки он баёнгари эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори ояндабину матинирода, принсипнок, ботаҳаммул ва ғамхори халқ аз тарафи сарони кишварҳои олам мебошад.
Сироҷиддин Аслов – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ» оид ба мақоми Сарвари кишвар ҳамчун тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ сухан кардааст. Ба андешаи муаллиф дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо дар мавриди идоракунии бахши иқтисодиву иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, вале дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё мавҷуд набуд ва ё хеле маҳдуд буд. Аз ин рӯ, Сарвари мамлакат дар ин самти фаъолият низ корро аз сифр оғоз намуд. Ба қавле ба ақлу дониши худ, тадбир бо истифода аз эътимоду иттико ва хираду заковати мардум ба ҳадафи хеш расид. Нуктаи зарифе, ки дар мақола таззакур ёфтааст, ин бозгӯи усулҳои муаррифӣ кардани сиёсати хориҷии давлатҳои дунё мебошад. Ба қавли муаллиф: «Давлатҳои маъруфшудаи олам ё бо зӯри силоҳ ё бо маҳсулоти пешрафта ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҷаҳон нақшофарӣ кардаанд». Вале, Пешвои миллати мо кишвари моро бидуни сарфи маблағҳои дохилӣ, содироти техникаҳои нодир, кӯмакҳои фаровони башарӣ танҳо бо тадбир, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созанда, робитаҳои инсондӯстона, забони ширину таҳаммулпазирӣ ба оламиён маъруфу машҳур кард.
Муаллифи мақола зикр мекунад, ки Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дошта, 150 давлат истиқлолияти моро эътироф кардаанд ва бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон бузургтарин тасмимҳои дастҷамъӣ дар минтақа сурат намепазирад. Дар мақола баробари зикри мақоми кишвари мо дар баргузор шудани ҳамоишҳо, конфронсҳо ва нишастҳои байналмилалӣ, ҳамчунин оид ба ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, сухан меравад. Зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон муаллифи се ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли байналмилаии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт 2005-2015» мебошад. Дар фароварди мақола муаллиф дуруст зикр мекунад, ки ҳар кишваре, ки бо мамлакати дигар ҳамкории дарозмуддатро мехоҳад ба роҳ монад, пеш аз ҳама, бо оромиши кунунии он ва заминаҳои босуботи ояндааш назар мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо шарофат ва баракоти сулҳпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи шарикони хориҷӣ чун кишвари дорои ояндаи босубот ва сиёсати устувор шинохта мешавад. Марбут ба мавзуи мақолаи мазкур профессори ДМТ Ниёз Мирзоев дар навиштаи хеш “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори дипломатияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол” низ изҳори назар карда, гуфтааст, ки сиёсати оқилона, озмудшуда ва мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият самараи нек ба бор овард.
Мусаллам аст, ки Сарвари давлат дар рушди фарҳанги миллӣ нақши беандоза дорад. Мақолаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода «Нақши таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллӣ» ба ҳамин самти фаъолияти Президенти мамлакат бахшида шудааст. Ба андешаи муаллиф Эмомалӣ Раҳмон «Кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард». Ба қавли ӯ дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти меҳанамон Тоҷикистон қомат афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат қадами устуворе дар баланд бардоштани маънавиёти миллат гузоштааст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон идомабахши пешаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон – Исмоили Сомонист, ки тавонист миллатро дар партави фарҳанги воло аз парокандагӣ наҷот бахшад. Муаллифи мақола дуруст зикр мекунад, ки Пешвои миллат номидани Сарвари давлат ин ҳам падидаи фарҳангист, ки он омили муттаҳид шудани халқи тоҷик дар атрофи сарвари хеш мебошад. Дар мақола оид ба чорабиниву воқеаҳои фараҳбахши фарҳангие, ки давоми бештар аз бист соли охир рӯи кор омадаанд, сухан рафтааст. Аз мақола метавон чунин бардошти саҳеҳ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ба омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми тоҷик табдил дод. Ҳамин мавзӯъ дар нигоштаи доктори илмҳои педагогӣ , профессор Диловар Латипов “Фарҳанг ва таҳкими ваҳдати миллӣ “ вусъат ёфта, муаллиф ба масъалааи муҳим муносибати халқу миллатҳо ва якпорчагии Ватани азизамон руҷӯъ менамояд. Муаллиф ба воқеаҳои солҳои 90- ум ба чашми таҳқиқ назар карда, зикр мекунад, ки он замон майдони маҳалчигӣ, миллатгароӣ ва дигар падидаҳои ғайричашмдошт пайдо шуд, ки дар натиҷа алоқаҳои мадании давлатҳо ва ҳатто гурӯҳҳои гуногуни миллиро дар доираи як давлат халалдор кард. Арзишҳои фарҳангӣ, ки аслан воситаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад он замон бо “эҳтимом”- и душманони миллат дар баробари дигар омилҳо падидаҳои фарҳангии маҳалҳои гуногуни кишварро зидди ҳам гузошта, ҳамчун омили сар задани ҷанги шаҳрвандӣ истифода карданд. Сарвари давлат бошад, бо ақлу заковати баланди хеш тавонистанд, фарҳанг, ҳунар ва санъатро барои бунёди ваҳдати миллӣ истифода баранд, ки дар натиҷа беҳтарин арзишҳо ва комёбиҳои маҳаллҳои гуногуни мамлакат фарҳанги умумимиллии моро ғанӣ сохт ва манфиати моро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намуд. Ҳамин тариқ, давоми 25 соли истиқлолияти кишвар собит шуд дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши фарҳанг, махсусан фарҳанги маънавӣ хеле бузург аст.
Дар мақолаи доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода «Оғози неку наҷотбахш» мухтасар ба таърихи начандон дури кишвари мо ва мақоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду такмили давлату давлатдорӣ руҷӯъ шудааст. Муаллиф дар бораи Иҷлосияи таърихии шонздаҳум сухан карда, ба ёд меорад, ки дар он рӯзҳои фоҷиавӣ бештари сиёсатмадорони кордон мӯътақид буданд, ки дар вазъияти ба вуҷудомада ягон ходими шоистаи давлатӣ пайдо намегардад, ки корвонро сорбонӣ кунад. Муаллиф аз изҳороти таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сардори давлат ба вакилони мардумӣ ёдрас мешавад: «Аввалин иқдоми ман баҳри мӯътадил гардонидани вазъияти иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, хотима бахшидан ба хунрезӣ равон карда мешавад». Муаллиф дуруст зикр мекунад, ки замону таҷрибаи таърихӣ исбот карданд, ки барои Эмомалӣ Раҳмони интихобшуда роҳи дигари алтернативӣ вуҷуд надошт. Муҳимтар аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон он замон масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифта, манфиатҳои умумихалқиро бар манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ муқаддам донист.
Абдураҳим Холиқзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мақолаи худ «Се амали таърихии Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон» перомуни хидматҳои шоиста ва боистаи Ҷаноби Олӣ дар мавриди эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон сухан кардааст. Якум амали Сарвари давлатро муаллифи мақола дар таъсиси ҳокимияти давлатӣ мебинад. Зеро маҳз ташкил намудани низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ метавонист халқро аз балои ба сараш омада халос намояд. Ӯ зикр мекунад, ки ин амалро Сарвари давлат дар ҷои холӣ ва низоми фалаҷи мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намуд, ки имрӯз низоми идоравии амалкунанда сифатан аз даврони шӯравӣ ва ҳатто ибтидои замони истиқлолият фарқи куллӣ дорад. Амали дуюми Президентро муаллифи мақола дар фароҳам овардани ваҳдати миллӣ мебинад. Бо мисолҳои собит зикр мекунад, ки Сарвари давлат тавонист дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кунад ва ваҳдати миллиро барқарор созад. Амали сеюми Сарвари давлат интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, ки ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона мекард, тавонист кишвари моро ба оламиён чун давлати пешрав муаррифӣ намояд.
Дар мақолаи Лутфия Раҷабова – Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон «Нақши асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф» оид ба хидматҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маорифи кишвар сухан рафтааст. Муаллиф дар баробари он ки оид ба воситаҳои танзимкунандаи соҳаи маориф, санадҳои меъёри ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намояд, зикр мекунад, ки маҳз бо нишондод ва дастгирии Сарвари давлат дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад. Махсусан, эълон шудани соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» такони ҷиддие дар ин соҳа буд. Муаллиф қайд мекунад, ки гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути маркази миллии тестӣ дастовардҳое мебошанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф тайёр намудани мутахассисони илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ дод. Нуктаи бориз ин аст, ки зиёда аз 16.000 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ дорои маълумоти олӣ ва соҳиби касб шуда, ба халқу ватан содиқона хизмат карда истодаанд.
Дар китоби «Эмомалӣ – Пешвои миллат» якчанд мақолаи дигар аз ҷумла, мақолаи Қосимзода Идигул «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори соҳаи маориф», Латофат Назирова «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор, мураббӣ», Ғуломқодир Бобизода «Пешвои миллат ва рушди мактабу маориф», Ҳамидуллохон Фақиров «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат» оид ба рушди маорифи Тоҷикистон бо дастгириву пуштибонии Сарвари давлат бахшида шудааст. Махсусан, оид ба таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба мустахқам кардани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи ҳамаҷониба ва саривақтии барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳо, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типии нави инноватсионӣ ва монанди инҳо муаллифони номбурда изҳори назар кардаанд. Аз нигоштаи муаллифон ҳақиқати воқеии фаъолияти Сарвари давлат, ки маорифро яке аз рукнҳои муҳими зиндагии имрӯза меҳисобад, возеҳ мешавад.
Дар мақолаҳои Ҷонмамадов Шермамад «Донишгоҳ зодаи истиқлолият аст», Мӯъмин Шарипов «Хизмати таърихии Пешвои миллат» дар бораи хидматҳои бузург ва таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари давлат ба фаъолияти мактабҳои олӣ, аз ҷумла, рушду такомули донишгоҳҳои олӣ дар қаламрави кишвар сухан меравад.
Дар мақолаи Насиба Сиддиқова «Кафили рушди босубот” хидмату саҳми Пешвои миллатро баробари дар ҷабҳаву самтҳои гуногун зикр кардан дар таҳия ва қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаст. Ҳамзамон оид ба моҳияти қабули ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон яке «дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигаре «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муаллиф ба тафсил қалам ронда, ба хулосаи илмӣ мерасад, ки манзмун ва мундариҷаи ҳар ду қонун хусусияти миллиро шомил мебошад. Воқеан ин ду қонун дар мавриди тарбияи мардум оид ба мувофиқ намудани руҳияи онҳо ба талаботи замон, аҷргузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодон, шикастани қолабҳои исрофкорӣ дар маъракаҳо, дур шудан аз зоҳирпарастиву худнамоӣ ва покиза нигоҳ доштани расму суннатҳои динӣ арзиши баландро доро буда, саривақтӣ ва муҳим будани худро исбот кард. Муаллиф дар радифи силсилаи хислатҳои шоиста ишора ба масъулиятшиносии Сарвари давлат менамояд, ки дар давраи вазнину тақдирсози таърихӣ бо иродаи қавӣ заковатмандӣ ва дурбинӣ ҳамаи вазниниро ба дӯши хеш гирифта, дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии кишвар нақши муассир ва ҳалкунанда гузоштааст.
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сиёсии худ дар сатҳи роҳбарикунанда ба масъалаи ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса дорад. Сарвари давлат ба ҷавонони кишвар эътимод ва бовариии калон дорад ва ояндаи миллатро ба ақлу заковат, ҷаҳонбинии васеъ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиии ҷавонон мебинад.
Аҳтам Абдуллозода раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолааш «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли истиқлоли давлатӣ», ҷавонони мамлакатро пайрави Пешвои миллат ва кору пайкори Эмомалӣ Раҳмонро мактаби бузурги омӯзиши ҷавонон хондааст. Самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолияти Тоҷикистон мебошад, ки ин натиҷаи таваҷҷӯҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ мавзӯи меҳварии китоби «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат» ба ҳисоб меравад, зеро бузургтарин хизмати Пешвои миллат ин барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Муаллифони мақолаҳо қабл аз зикри хидматҳои дигари Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷоннисориву ҷонбозиҳои ӯ дар барқарор ва ваҳдати миллӣ ибрози назар кардаанд. Марбут ба ин мавзӯъ мақолаҳои алоҳида низ бахшида шудааст, ки яке аз онҳо «Нақши Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» унвон гирифтааст, ки ба қалами Худойбердӣ Холиқназаров - директори маркази тадқиқотӣ-стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутааллиқ аст. Муаллиф аз санаи 27- июни соли 1997 ёд мекунад, ки бо кӯшиши Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Муаллиф аз таърихи гуфтугӯву музокираҳо ёд карда, аз шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад. Ба қалам додани нуқтаи назари вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд соли 1995 пас аз баргаштани ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз Кобул ба Душанбе аз шуҷоат, далерӣ ва миллатдӯстии Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт.
Носирҷон Салимӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мақолаи хеш “Пешвои барҳақ” иртиботи батнии фаъолияти имрӯзаи Сарвари давлатро бо дарунмояи фикрии давлатдории хонадони Сомониён дарёб карда, имрӯза ҳифзу инкишофи забон ва ҳувияти тоҷиконро аз ҷониби Пешвои миллат ба ҷоннисориҳои даҳ аср муққаддами Исмоили Сомонӣ монанд мекунад. Муаллиф ба барномарезиҳои оқилонаи Президенти кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ишора карда, зикр менамояд, ки он дар густариши фазои демократӣ нақши бориз гузошт ва “дарёфти тавозуну таносуб дар ҳама самтҳои фаъолияти сиёсӣ бо ҳусни таваҷҷӯҳ ба армонҳои мардум адолати иҷтимоиро дар бунёди низоми нави давлатдорӣ устувор намуд, ки аз заминаҳои бисёр муҳими пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд”. Нуктаи зарифи дигаре, ки дар мақола таззакур ёфтааст, чун гавҳари офариниш дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон қарор доштани инсон мебошад, ки арзиши олиро сазовор аст. Муаллиф аз таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи “Шоҳнома”- и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675- солагии ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700- солагии олим, шоир, мутафаккири барҷастаи Шарқ Мисаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси “Авасто”, 2500- солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хисрав, 1025- солагии Ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310 - солагии пешвои мазҳабии миллати мо - Имом Абӯҳанифа(р), 3000-солагии Ҳисори шодмон ёдовар шуда, зикр мекунад, ки ин зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешавад ва он маҳсули ибтикор ва раҳнамоиҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин мақола бо асноди собит зикр мегардад, ки сиёсати Сарвари давлати мо маънавиасос буда, дар худ сабақҳои таърихи миллатро таҷҷассум мекунад ва роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан менамояд.
Дар мақолаи Ҷамшед Ҷӯрабоев - доктори илмҳои таърих, профессор “Эмомалӣ Раҳмон ва масоили андешаҳои миллӣ” сухан дар бораи китоби якум ва дувуми пурарзиши Сарвари давлатамон “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” рафтааст. Муаллиф дар мавриди аҳамияти таърихии асар сухан оғоз карда, менависад, ки “омӯзиши асар дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тақвияти андешаи миллии халқи тоҷик аҳамияти беандоза муҳим дорад.” Дар мақола аз китоби мазкур дар радифи нигоштаҳои пурқиммати Савари давлат оид ба таърих ва сабақбардорӣ аз он, нуктаи зерин махсус қайд шудааст: “Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”. Дар мақола масъалаи таърихнигорӣ ва аҳамияти таҳқиқи таърих мавриди тавзеҳ қарор мегирад, ки Сарвари давлат онро аз масъалаҳои муҳим шуморида, донистани таърихи гузашта чи дуру чи наздикро дар камолоти шахсият ва ташаккули ҷомеа дорои аҳамияти аввалиндараҷа медонанд. Дар идома муаллиф андешаи Пешвои миллатро оид ба таърих ва бардошт аз сабақҳои он аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” истинод менамояд, ки он агар аз як ҷониб ифодагари меҳру аҷргузорӣ ба гузаштагони сарбаланди мо бошад, аз ҷониби дигар баёнгари дониши баланд ва истеъдоди фавқулоддаи пажӯҳишгарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад:
“Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”. Ҳамчунин дар мақолаи мазкур назари илмии Эмомалӣ Раҳмон оид ба китоби муқаддаси “Авасто”, рисолати таърихии Зардушт ва таълимоти ӯ сухан меравад. Воқеан ин таълимот, ки ҷавҳарашро “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил мекунад, Сарвари давлат ба як маънӣ яке аз ҷанбаҳои сиёсати хирадмандонаи хеш донистаанд, ки мардумро ба сӯи рӯшноӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободкорӣ раҳнамун месозад. Ҳини таҳқиқ сари китоби дувуми “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” муаллифи мақола оид ба методологияи нави омӯзиши таърихи ниёгон, ки аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, ибрози назар мекунад. Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи оғози давлатдории тоҷиконро аз давлатдории Каёниён, на аз даврони Сомониён маҳсуб донистан аз назари илми таърих сухани тозаест, ки дар натиҷаи таҳқиқи амиқ ва жарфо рӯи кор омадааст. Ҷамшед Ҷӯрабоев ҳамаи бобҳои китобро аз назари арзиши таърихӣ баҳогузорӣ намуда ба хулосае меояд, ки Сарвари давлат дар ин китоби баландпояи хеш андешаҳои миллии тоҷиконро бо арзишҳои тозаи маънавӣ ғанӣ гардонидааст.
Дар такя ба маводҳои илмиву таърихии китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” доктори илмҳои филология профессор Нуралӣ Солеҳов дар мақолаи худ ”Мақом ва манзалати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллии тоҷик”- мавзӯи болоиро идома бахшидааст. Дар ин самт бо ташаббуси Пешвои миллат зинда шудани ҷашни Наврӯз ва мақоми давлатӣ гирифтани онро аз муҳимтарин дастовардҳо ва аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии мардуми тоҷик дар замони истиқлолият шуморидааст. Муаллифи мақола ба таърихи начандон дури ба баҳонаи ҷашни динӣ дучори таъқибу маҳдудиятҳо гаштани Наврӯз таваққуф менамояд. Воқеан, ҷашни Наврӯз маҳз мақому манзалати аслии худро дар замони Истиқлолияти миллӣ дарёфт ва моҳиятан ба дуввумин ҷашни миллӣ (баъди Рӯзи Истиқлолият) табдил ёфт. Ба қавли Пешвои миллат ”Пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни Ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.”
Мақолаҳои номзади илмҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳов – “Роҳ сӯи рушди устувор бо сарварии Пешвои миллат” доктори илмҳои иқтисод, профессор Диловар Қодирзода “Нақши пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ”, доктори илмҳои иқтисод Лутфулло Саидмуродов ”Нақши Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули заминаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Тоҷикистон” ба масъалаи мақоми Сарвари давлат дар ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти кишвар бахшида шудааст. Дар мақолаи якум оид ба се ҳадафи марҳалаи аввал, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ сухан рафта, зикр мегардад, ки минбаъд бо пешниҳоди Президенти кишвар сифати нав касб кардани ҳадафҳо, аз ҷумла, гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти комуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод. Муаллиф бо санаду мисолҳои мушшахас оид ба амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла, ҷалб намудани сармоягузорони хориҷа, рушди инфрасохтории соҳаи саноат ва истифодаи технологияи инноватсионӣ, дифферсификатсия намудани содироти ватанӣ, амалигардонии сиёсати ивазкунадаи воридот, ки ҳамагӣ назари нисбатан нави Пешвои миллат дар ин самт мебошад қалам рондааст. Дар мақола андешаҳо, пешниҳодҳо, иқдому дастуроти муҳим ва муфиди Сарвари давлат барои пешрафти иқтисодиёти тоҷик баён, таҳлил ва баҳогузорӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар мавриди рушди соҳаи энергетика, дуруст қайд мешавад, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат лоиҳаи бунёди шабакаи ягонаи энергетикии кишвар дар асоси муттаҳидсозии шабакаҳои ҷануб ва шимоли кишвар амалӣ гардиданд. Бо таъкидҳо ва сарварии Сарвари давлат тадбирҳо дар самти муайан намудани сарчашмаҳои нави захираҳои энергетикӣ андешида шуда истодаанд, лоиҳаи НБО-и Роғун амалӣ гардида истодааст ва аз ҷумла, дар оянда ба кишварҳои минтақа фурӯхтани нерӯи барқ лоиҳаи КАСА-100 амалӣ гардида истодааст. Муаллиф дар амалӣ шудани ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар самти беҳдошт иқтисодиёт ҷидду ҷаҳд, ҳиммати баланд ва меҳнатдустии мардуми кишварро низ муҳим мешуморад ва изҳори боварӣ мекунад, ки сокинони диёр якдилона Пешвои хешро дастгирӣ мекунанд.
Диловар Қодирзода назаре ба таърихи ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти мамлакт менамояд ва аз душвориҳои дар солҳои 90-ум мавҷуд будаи ин соҳа бо санаду мисолҳои мушаххас ибрози назар мекунад. Аз таҳлили дастовардҳои соҳаи иқтисод дар солҳои истиқлолият маълум мегардад, ки дар барқарор кардани иқтисодиёти кишвар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Муаллифи мақола бо нақшаи махсус динамикаи афзоиши ММД Ҷумҳурии Тоҷикистони солҳои 1996- 2014 нишон медиҳад, ки он аз 910 млн доллари ИМА (С.1996) ба 9,24 млрд доллари ИМА расонида шуд. Ҳамчунин дар мақола таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ низ сурат гирифтааст, ки аз беҳдошти вазъи зиндагии мардум дарак медиҳад ва ҳадафи дигари Сарвари Давлат масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ бад-ин васила таъмин намудани шуғли аҳолӣ то андозае ҳалли худро ёфт. Лутфулло Саидмуродов бошад, дар мақолаи пурмӯҳтаво ва пурарзиши худ ба масъалаи ташаккули иқтисодиёти конститутсионӣ, яъне таъсири ҳуқуқи конститутсионӣ ба равандҳои иқтисодӣ руҷӯъ намуда, мақоми Сарвари давлатро дар ин раванд муассир ва таърихӣ шуморидааст. Ба андешаи ӯ ба туфайли иродаи қавии сиёсии Президенти кишвар марҳалаи фаъоли шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёти конститусионӣ да Тоҷикистон ҷанбаи комилан нави сифатиро ба худ касб кард.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов дар мақолаи хеш “Пешвои миллат ва таърихи навин” ҳамчун нафаре, ки бештар аз бист сол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият доштааст, аз мушоҳидаҳои шахсии хеш бо овардани санадҳои воқеӣ аз иродаи сиёсии Пешвои миллат дар мавриди паси сар кардани ҳама гуна мушкилот ибрози назар кардааст. Нақли муаллиф аз аввалин суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад ва дар мавриди санаи 19 ноябри соли 1992 баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон муаллиф қайд менамояд, ки “Барои ба дӯш гирифтани бори сангини роҳбари мамлакат иродаи матини сиёсӣ ва дили саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватани Эмомалӣ Раҳмон лозим буд ва ӯ дар байни элитаи сиёсии онвақта ба худ ҳамтое надошт. Гузашта аз ин, муаллифи мақола аз ҳиммати баланд, ҷасорату дурбинии Сарвари давлат давоми фаъолияти Куммисияи оштии миллӣ, сафарҳои Президент барои музокира ба Афғонистон хотираҳои хешро баён намуда, бо ифтихор аз моҳи октябри соли 2005 Рӯзи Тоҷикистон дар Юнеско-Созмони маориф, илм ва фарҳанги Милали Муттаҳид ёд мекунад. Аз мулоқоти Президенти мо бо Президенти Фаронса Жак Ширак зикр карда, бо ифтихор аз он сухан менамояд, ки дар Фаронса Сарвари мамлакти Тоҷиконро дар сатҳи баробар бо генерал де Голл баҳогузорӣ кардаанд.
Ноиби Президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов бо мақолаи худ таҳти унвони “Нигоҳе ба таҷрибаи давлатсозӣ ва фарҳангсолории Пешвои миллати тоҷик“ се хусусияти шахстиятҳои таърихиро номбар намудааст: нерӯи тафаккури ҳадсӣ, қобилияти ба вуҷуд овардани раванди сохторофаринӣ ва омода будан ба фидокорӣ. Дар мисоли ин шахсияти таърихӣ муаллиф аз зиндагинома ва фидокориҳои асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ муҳимтарин нуктаҳое, ки қавииродагӣ, сиёсатмадорӣ, ватанпарастии ӯро собит мекунад баён менамояд. Ва дар ин самт шинохтани шахсияти Исмоили Сомонӣ ва арҷгузорӣ ба ӯ аз ҷониби Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои сарҷамъии миллат ва ваҳдати он ҳамчун василаи муҳим шинохтан маънии онро дорад, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”. Кароматулло Олимов низ ба таърихи даврони оғози Истиқлолият руҷӯъ менамояд ва зикр мекунад, ки маҳз маънавияти баланд, донистани таърих, таваҷҷӯҳ ба илм, иқдомҳои фарҳангии Сарвари давлат моро то ба ин рӯзи неку ором овард. Дар мақолаи Сахидод Раҳматуллозода “Нашъунамои забони давлатӣ- тантанаи сиёсати миллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ба яке аз масъалаҳои муҳими давлати забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар оғоз аз таърихи забон, се давраи инкишофи он, бурду бохти забон изҳори назар намуда, қайд менамояд, ки “Баъд аз зимоми давлатдориро ба даст гирифтани меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи татбиқи Қонуни забон муҷаддадан дар мадди назари ҳукумат, хусусан Сарвари он қарор гирифт. Зимнан муаллиф дар бораи таърихчаи иҷрои Қонуни забон, мушкилотҳои он, кори комиссияи татбиқи Қонуни забон, такмили муҷаддади имлои забони тоҷикӣ, баҳсу мунозираи олимону муҳаққиқон сухан карда, мақоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзи забони модарии мо бо санадҳои собит зикр менамояд.
Номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадризо Алимшоев оид ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳамешагӣ дар диққати таваҷҷӯҳи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад дар мақолааш “Истиқлолияти давлатӣ – рушди босуботи ВМКБ” ба тафсил сухан кардааст. Ин мақола бозгӯкунандаи таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба рушду инкишофи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар мақолаҳои раиси иттифоқи нависандагон Низом Қосим “Пеши роҳи ту во бод”, шоир Меҳмон Бахтӣ “Раҳнамо ва меҳрпарвари миллат”, шоир Назри Яздонӣ “Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ” файласуф Нодир Одилов “Беҳтарин сиёсат садоқат аст”, доктори илмҳои филология профессор Атахон Сайфуллоев “Фарҳангсолори бузург” хусусиятҳои нодири роҳбарӣ, инсонӣ ва кордонии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баёни факту далелҳои мӯътамад ироа гардидаааст.
Ҳамин тариқ, ағлаби мақолаҳои китоби «Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат» дар заминаи омӯзишу таҳқиқи амиқи илмӣ аз ҷониби шахсиятҳои донишманду фозил ва таҳлилгарони жарфназар, ки назари мустақилу воқеъӣ доранд, таълиф шудааст ва маводҳоеро пешорӯи хонанда вогузоштааст, ки шомили маълумоти як андоза мукаммал дар бораи фаъолияти пурсамари сиёсии Пешвои миллати тоҷик, Президенти кишвар, Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Китоби мазкур метавонад ҳамчун як сарчашмаи муқаддамотӣ барои таълифи минбаъдаи як китоби фундаменталӣ дар бораи Сарвари давлат заминагузор бошад. Зеро китоб дорои нуктаҳои тозаи зарифест, ки агар аз як ҷониб муттахасисони ҳирфавӣ ба фаъолияти сиёсии Сарвари давлат дар ҷабҳаҳои гуногун баҳои воқеӣ дода бошанд, аз ҷониби дигар, баъзе аз арзишҳои сиёсиву миллии фаъолияти Президент бори аввал баъди гузашти фосилаи таърихӣ, баъди ҷамбасти як марҳалаи ташаккул ва инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар баён гардидааст. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки фаъолияти Президенти кишвар ба таърихи Ватани азизи мо сахт марбут аст ва ин маънии онро дорад, ки навиштани зиндагинома ва фаъолияти Сарвари давлат бо назари таҳлилу таҳқиқи илмӣ баробар бо навиштани таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология, дотсент, сардори раёсати илм ва иноватсияи ДДҲБСТ