ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ВА РОҲБАРИ МОНДАГОР17-11-2025, 10:00
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
![]() Яке аз марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрии тоҷикон ба баргузории Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Бояд иброз дошт, ки пас аз барҳам хӯрдани низоми Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба мисли дигар давлатҳо соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Вале мутаассифона, ҳифз ва нигоҳдошти ин падидаи нодир ба осонӣ муяссар нагардид ва ҷомеа ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шуд. Таѓйирёбии вазъи сиёсии кишвар боиси ташаккули ҳизб ва ҳаракатҳои мухталиф гардид, ки ҳадафи онҳо ѓасб намудани ҳокимият дар мамлакат буд. Дар он замон дар назди бинои Ҳукумати ҳамонвақта гирдиҳамоии ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсӣ барои сарнагун кардани Ҳукумати амалкунанда рӯйи кор омад. Тавре баъдан маълум гардид, сарпарастони он гурӯҳҳои мухолиф аз хориҷи кишвар маблаѓгузорӣ мешуданд. Бо сабабҳои гуногун пояҳои Ҳукумати кишвар, аксари мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои ором намудани вазъият заиф гардида буданд. Хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харитаи сиёсӣ таҳдид мекард. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз бо ташаббуси қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳи миллат зарурати даъвати Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад. Лозим ба ёдоварист, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ даъват гардида, он то 2-юми декабри ҳамон сол идома ёфт. Дар кори Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ аз 236 нафар вакил 193 нафар вакил иштирок намуда, 23 масъалаи муҳимму зарурии ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Яке аз масъалаҳои муҳимитарини Иҷлосияи мазкур интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ниҳоят, 19-уми ноябр аз ҷониби ҳайати вакилони мардумӣ Раиси вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Вазъи минбаъдаи мамлакат бори дигар собит намуд, ки интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ саривақтӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, дарвоқеъ, гардиши куллие дар таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ба кори минбаъдаи Иҷлосияи мазкур бо интихоб гардидани Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Иҷлосия ва тамоми халқи кишвар умеди раҳоӣ ёфтан аз парокандашавии давлат тақдири онро ба ин чеҳраи мондагори миллат супориданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро ба ҳам омадани ин миллат ва дар ваҳдати миллӣ медиданд ва барои дар амал татбиқ намудани ин заҳмати зиёд кашиданд. Бо гузашти солҳо мо шоҳид гашта истодаем, ки таҳти сиёсати дурбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои мавҷуда тадриҷан рафъ гардида, Истиқлоли давлатии моро 187 давлати ҷаҳон ба расмият шинохт ва имрӯз кишвари мо бо 160 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дорад. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар баробари дигар абарқудратҳо дар бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид дорои як овоз мебошад. Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боварии на танҳо намояндагони халқ, балки ба кулли тоҷикистониён сазовор гардиданд. Омили асосии муваффақияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва ниҳоди давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эҳсос кардан ва ба халқ такя карданашон мебошад. Роҳбари давлат дар тамоми марҳилаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифин дар самти ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот ба ягон гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ ва қудрати хориҷӣ такя накарданд. Пешвои миллат дар фоҷеабортарин даврони таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонистанд халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонанд ва давлатро аз вартаи нобудӣ берун кашанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз миёни халқ баромада буданд, аз дарду талаботи ҷомеа ба хубӣ огаҳ буданд ва дарк мекарданд, ки ба миллати тоҷик чӣ лозим аст ва чӣ бояд кард, ки сулҳу оштӣ миёни мардум ба вуҷуд ояд. Мардумӣ будани ин фарзанди фарзонаи миллат то имрӯз собит шудааст. Роҳбари давлат ягона шахсияте буданд, ки дар чунин ҳолати вазнину мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ ба халқ такя карданду манфиати онҳоро ҳимоя намуданд. Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки бештар таваҷҷуҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаи сарнавиштсоз ҷалб карда буд, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ аз хоки кишвари ҳамсояи Афѓонистон ба ҳисоб мерафт. Аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин мамлакати ҷангзада Сарвари давлатро бештар нигарон карда буд. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таҳкими боварии тарафайнро дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар бахшиши ҳамдигар, сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ медиданд. Тавре дар кори Иҷлосияи XVI-ум таъкид карда буданд: “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором намеҳисобам”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвар ҳастанд, ки панҷ сол ҷони худро дар хатар монданду ҳайати мухолифинро барои ба созиш омадан розӣ намуданд ва 27-уми июни соли 1997 бо роҳбари мухолифин Созишномаи сулҳ ва ризояити миллиро ба имзо расониданд. Бо ибтикори Сарвари давлат аркони муҳимми давлатӣ, ба монанди сохторҳои қудратӣ, Конститутсия, Артиши миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ташкил ва қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо дар амал татбиқ шуданд ва Истиқлоли давлатӣ аз хавфу хатар ва таҳдидҳои бемаҳал ҳифз карда шуд. Рамзҳои давлатӣ соҳибихтиёрии миллату давлати тоҷиконро муаррифӣ карданду Артиши миллӣ пояҳои истиқлолро ҳифз намуд. Конститутсия бошад, мавқеи ҳар шахсро дар ҷомеа ва дар назди давлат муайян карду рушду дурнамои давалатдории тоҷиконро мушаххас ва равшан намуд. Танҳо ҷуръати инсонӣ ва тасмими қавии ин фарзанди фарзонаи миллат, ки бори гарони бунёди давлатдории миллиро бар дӯш гирифтанд, худ қаҳрамонӣ ва корнамоии беҳамто аст. Роҳбари давлат бе дудилагӣ, бо тасмими мардонагӣ ва шуҷоати фавқулода бар дӯши хеш масъулияти вазнину мураккаб - хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, эъмори пояҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдории миллиро гирифтанд. Ба шарофати Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар радифи дигар соҳаҳо ба пешрафти илму фарҳанг низ мусоидат намуданд. Ин омилҳо иборат буданд аз таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, қабул ва амалӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илму маориф ва фарҳанг. Ҳамин тариқ, миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ба қадам дар сарҷамъии миллат ва дар умури давлатдорӣ ба пешрафт ва муваффақиятҳои беназир ноил гардид. Воқеан ҳам, миллати тоҷик имрӯз хушбахт аст. Сулҳу субот, ободониву созандагӣ, ободии шаҳру деҳот ва озодагии кишвар барояш беҳтарин бахту иқбол аст. Хидмати бузурги Пешвои миллат дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори шинохтаи олам дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷиконро аз парешонӣ ва парокандагӣ ҳифз карданд. Бо ин метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон номид. Муслиҳиддин БУРҲОНЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


