ДИЛБОХТАИ КАСБИ ХЕШ27-10-2025, 15:10
Хабарро хонданд: 104 нафар
Назарҳо: 0
15-уми октябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул карданд, ки дар асоси он шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад. Ин иқдоми саривақтӣ, ки бо дастури Сарвари давлат амалӣ гардид, бешак, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба намояндагони ин касби пуршараф далолат мекунад, ки дар ояндаи давлату миллат саҳми бориз доранд. Қаҳрамони матлаби мо аз зумраи чунин фидокорони пешаи хеш аст, ки умри худро ба таълиму тарбияи фарзандони миллат бахшидааст ва дар ин самт ба бурдборӣ расида. Дилбастагӣ ба касб ва дар оянда омӯзгор шудан ба Аҳмадбой Қурбонов аз падари равоншод, ки 37 соли ҳаёти худро ба тарбияи насли ҷавон сарф карда, ҷиҳатҳои ҳамидаи ахлоқи инсониро ба хонандагон тарѓиб менамуданд, омӯзгори асил Туйчибой Қурбонов ба мерос мондааст. Ӯ мактаби миёнаи рақами 13-и деҳаи Вешаби ноҳияи Айниро соли 1975 бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физикаи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) супорида, бо дарёфт кардани холҳои баланд донишҷӯ гардид. Муддати таҳсил дар донишкада яке аз беҳтарин ва фаъолтарин донишҷӯёни факултаи физика ба ҳисоб рафта, аллакай баъд аз супоридани имтиҳонҳои нимсолаи аввали хониш аксаш як гӯшаи тахтаи фахрии “фаъолони факулта”-ро зеб медод. Пас аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ Аҳмадбой Қурбонов бо роҳхати Вазорати маорифи вақти Тоҷикистон ба ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) барои оѓози фаъолияти омӯзгорӣ раҳсипор гардиданд. Дар шуъбаи маорифи ноҳия, пас аз шиносоӣ бо мутахассиси ҷавон, ӯро барои идома додани касби омӯзгорӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Хулозӣ, Ҷамоати деҳоти Муҷихарф ба сифати омӯзгори фанни физика фиристоданд. Маъмурияти муассисаи таълимӣ омӯзгори ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои рангорангу шавқангез гузаронидани машѓулиятҳои дарсӣ барояш шароити дурусти кориро муҳайё намуданд, ки барои пешбурди кор таъсири мусбат расонд. Пас аз ду сол, бо итмоми муҳлати роҳхати Вазорати маориф, мавсуф ба зодгоҳаш, деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба ҳайси омӯзгори фанни физика ба кор омад. Дар муассисаи таълимии зодгоҳаш ӯро хеле хуш пазируфта, барояш тамоми шароити кориро фароҳам намуданд ва ҳамин тавр, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ дар диёраш оѓоз гардид. Бо мудири кабинети физика, равоншод Ҷумъабой Султонов маслиҳат карда, аз пайи дарёфт ва дастрас намудани чанде аз воситаҳои аёнӣ ва лавозимоти дарсии зарур ба шуъбаи маорифи ноҳия дархост фиристоданд ва ин дархост қонеъ карда шуд. Акнун Аҳмадбой Қурбонов бо шогирдонаш дар кабинети фаннӣ пайваста корҳои амалӣ-озмоишӣ мегузарониданд. Дар муассисаи таълимӣ рӯз ба рӯз сафи шавқмандони фанни физика, чӣ дар равиши соатҳои дарсӣ ва чӣ берун аз он бамаротиб меафзуд. Соле баъд дар муассисаи таълимӣ бо ташаббуси мавсуф маҳфили “Радиотехникҳои ҷавон ва коинотшиносӣ” ба фаъолият оѓоз кард. Ин самараи хуб дод - аз байн фурсати зиёде нагузашта, яке аз шогирдони боистеъдоди ин маҳфил-Ҷумъабой Қурбонов дар барномаи “Бозёфт”-и Телевизиони кӯдакону наврасон - “Баҳористон” бо ду ихтирооти ҷолиби хеш иштирок намуда, дар байни зиёда аз 80 нафар ширкаткунанда мутаносибан мақомҳои 3-юм ва 4-умро касб кард ва ҳамзамон, бо мукофоти пулӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд. Айни ҳол ин шогирди ихтироъкори Аҳмадбой Қурбонов баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Воронежи Федератсияи Русия бо дипломи сурх дар яке аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии кишвари Русия ба ҳайси агроном-селексионер кор мекунад. Аҳмадбой Қурбонов ҳамеша дарсҳояшро пурмазмун, бо истифода аз воситаи аёнии таълимӣ ва техникӣ мегузаронанд. Ҳамчун омӯзгори асил дар дарсҳо аз усулҳои пешқадаму самараноки таълим, аз ҷумла салоҳиятнокӣ, ҳамгироӣ ва интерактивӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Мавсуф дар равиши ҳар як дарс бо истифода аз воситаи аёнӣ ончунон бо таҳаммулу нармгуфторӣ ва самимияту меҳрубонӣ диққати шунавандаро ба худ ҷалб менамоянд, ки кас аз озодандешию озодбаёнӣ ва хеле содаю оммафаҳм баррасӣ намудани мавзуи дарс ба худ гӯё як олами андешаи дигареро кашф мекунад. Дарвоқеъ, Аҳмадбой Қурбонов дар шарҳу баёни ҳар як мавзуи дарсӣ кӯшиш бар он менамоянд, ки ба сарчашмаҳои комили илмӣ ва таҷрибаи босамари гузаштагон такя намуда, пайваста ба омӯзиш ва баланд бардоштани савияи дониши касбии хеш эътибори ҷиддӣ диҳанд. Устод, дар ҳақиқат, ба маънои том як шахси оқилу доно, мутахассиси дараҷаи олии касбӣ ва пеш аз ҳама, инсони покгуҳар ва нексиришт ҳастанд. Гузашта аз ин, ҳарчанд мутахассиси фанни физика бошанд ҳам, вале дар гуфтору баёни ҳар як мавзуи дарс, калима, ибора ва муоширати лафзӣ хеле мулоҳизакор, дақиқназар, сахтгир ва ҷиддӣ мебошанд. Дар яке аз шумораҳои нашрияи “Омӯзгор” (соли 2008) мақолаи устод Аҳмадбой Қурбонов - “Сухан гавҳар бувад, гӯянда ѓаввос” ба табъ расида буд, ки дар он оид ба ҷой доштани камбудию нуқсонҳо дар тарҷумаи китобҳои фанни физика барои синфҳои 8, 10, 11-и муассисаҳои миёнаи таълимӣ, ки ба қалами равоншод Саидҷаъфар Қодирӣ тааллуқ дошт, сухан мерафт. Он замон Аҳмадбой Қурбонов ба ҳайси як омӯзгори беунвони музофотӣ аз тарҷумаҳои душворфаҳм ва мураккаби калимаю ибораҳои муаллифи китобҳои дарсӣ Саидҷаъфар Қодирӣ мулоҳизаронӣ намуда, дар саҳифаҳои нашрия баҳси доманадореро ба муҳокимаи умум пешниҳод карда буданд. Дар он мақолаи баҳсангез асосан сухан дар бораи калимаю ибораҳои душворфаҳм ва мураккаб, аз қабили “дисперсия”-пареш, “насос”-тулумба, “поршен”-тумба, “инертсия”-шаст, “деформатсия”-тазйиқ ва дигар ибороти зиёд мерафт, ки шарҳу тавзеҳи онҳо барои хонандагони мактаб аз ҳар ҷониб хеле нофаҳмо ва мураккаб буд. Аҳмадбой Қурбонов, ҳамчун мутахассиси касби хеш, аз камбудию нуқсонҳои дар китобҳои дарсии таълимӣ ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда буданд, ки ба ҳар омӯзгори мактаб хос нест. Такя бар гуфтаҳои боло, устод тавонистанд исбот намоянд, ки эшон дар пешаи интихобкардаашон мутахассиси тасодуфӣ набуда, қодир ҳастанд баҳсҳои илмӣ, новобаста аз унвону дараҷаҳои илмии ҳарифонашон созмон диҳанд. Он замон ин мақолаи баҳсангез дар доираҳои илмӣ сару садо ва ҳангомаи зиёдеро ба миён оварда буд. Аҳмадбой Қурбонов тӯли солҳои зиёди ба пешаи омӯзгорӣ машѓул буданашон, ҳамеша шогирдонро ба омӯзиш ва азхудкунии илмҳои муосир, азҷумла илмҳои дақиқ тавсия ва ҳидоят менамоянд. Соли 2015 бо як гурӯҳ ҳамкасбонаш ба синни нафақа расиданд. Асбаски ҳамаи онҳо омӯзгорони касбии дорои тахассусҳои олӣ ва беҳтарин устодони муассисаи таълимӣ маҳсуб меёфтанд, роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки бо роҳи гуфтушунид онҳоро аз раъйяшон боздошта, боз чанд соли дигар ба таълиму тарбияи насли наврас сафарбар намоянд. Бархеи онҳоро тавонистанд ба ин иқдоми хайр моил кунанд. Танҳо соли 2020 ба Аҳмадбой Қурбонов муяссар гардид, ки бо собиқаи 46-солаи корӣ ба нафақа бароянд. Қаҳрамони қиссаи мо тӯли ин солҳо садҳо шогирдонашонро таълим ва тарбия намуданд, аксарияти онҳо имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона ва софдилона меҳнат карда истодаанд. Айни ҳол 16 нафар шогирдони устод номзади илмҳои соҳавӣ, 6 нафар номзади илмҳои техникӣ, 2 нафар номзади илмҳои физика ва математика, 8 нафар номзади илмҳои филология, ҷуѓрофия ва таърих, 5 доктори фанҳои иқтисодӣ, филология ва фалсафа, 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 1 нафар “Корманди шоистаи Тоҷикистон” мебошанд. Оре, баъд аз он ки устод Аҳмадбой Қурбонов пурра ба нафақа баромаданд, роҳбарияти муассиса ва коллективи омӯзгорон нагузоштанд, ки чунин омӯзгори ботаҷриба бознишаста бошад. Аз ин лиҳоз, ӯро тариқи шартнома боз ба кор даъват намуданд. Инак соли 5-ум аст, ки устод тариқи шартнома дар муассисаи таълимии деҳа кор мекунанд. Ногуфта намонад, ки Аҳмадбой Қурбонов, бар замми солиёни зиёд омӯзгор буданашон фориѓ аз фаъолияти меҳнатӣ ба ободонию созандагӣ низ шуѓл меварзанд. Мавсуф соли 2013 дар доманакӯҳи мавзеи “Дашти соярӯ”-и деҳа бо усули қатравӣ 20 сотих боѓи нав бунёд намуданд, ки имрӯз аз ҳосили меваҳои гуногуннавъи хушмаззаю болаззати он ком ширин мекунанд. Шуѓли дигари устод соҳаи асалпарварӣ мебошад, ки ҳамасола ба қадри лозима асали аз ҷиҳати экологӣ хуштамъу тоза ба даст меоранд. Тибқи қонунгузории соҳавии кишвар ва низоми иҷозатдиҳӣ “Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ”, Аҳмадбой Қурбонов низ дар ин самт аз донишмандии худ дарак дода, тавассути коркард бо усули дастӣ (заршӯйӣ) ба ин кор шуѓл варзид. Дар умум, устод Аҳмадбой Қурбонов дар деҳаи Вешаб алҳол ягона шахсе мебошанд, бо доштани донишҳои амиқи илмӣ ва таҷрибаҳои бисёрсоҳаи корӣ дар самти техникаву технологияи замони муосир ва маишию рӯзгор, тамоми воситаҳои техникии ҳозиразамонро дар мисоли телефони мобилӣ, телевизор, компютер, асбобҳои техникии рӯзгор ва барқ таъмир ва тармим менамоянд. -Бо назардошти рушди илму технологияҳои ҷаҳони нав, имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо бояд ба сифати таҳсилот беш аз пеш диққат диҳем,-мегӯянд устод. Аҳмадбой Қурбонов дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон низ намунаи ибрат буда, се фарзандро ба таври шоиста ба воя расонидаанд, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона меҳнат мекунанд. Фаъолияти меҳнатии пурсамари мавсуфро давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инобат гирифта, ӯро соли 2019 бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо чандин сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд. Мукофоти дигари баланд ҳурмату эҳтироми шогирдони қадрдон, ҳамкасбони заршинос ва аҳли деҳаю ҷомеаи маорифчиёни ноҳия мебошад, ки самараи зиндагии омӯзгори асил аст. Азамат ДӮСТОВ,
Орифҷон ТОҶИЕВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.




[/banner_right-3]


