Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Бадахшон дар доираи татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд

Дар Бадахшон дар доираи татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд

1-05-2025, 09:57
Хабарро хонданд: 949 нафар
Назарҳо: 0
Дар Бадахшон дар доираи татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудДар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ солҳои соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли 2024 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз намуданд, «дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру навсозӣ гардиданд».

Тавассути ин роҳҳо, ки аҳамияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан бо Чин рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад. Илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: