Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

24-02-2025, 13:18
Хабарро хонданд: 1039 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардидДар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи мамлакат.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом барандаи Ҷоми ФФТ-2025 — «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: