
Санаи 05 феврали соли ҷорӣ конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Аҳмадзода Оятулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин иштирок намуданд.
Пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои варзишии ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи Дӯстӣ дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раёсати ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, интихоби роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Дӯстӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Назаров Мирзоҷон баромад намуд.
Қайд кард, ки фаъолияти намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Дӯстӣ дар асоси Оиннома ва Низомномаи ТҶҶ "Созандагони Ватан" роҳандозӣ гардида, пеш аз ҳама сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагӣ амалӣ менамояд.
Дар конференсия раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Аҳмадзода Оятулло иброз дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саротосарист, ки мо бо нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона дар ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳм мегузорем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.
Бояд кайд намоем, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолиятро дар ҳамбастагӣ механизмҳои корӣ дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои муосир мутобиқгардида ва дуруст ба роҳ мондааст.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам густариш додани корҳои ҳизбӣ дар ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як ҷавон ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд бо донишу маърифати қавӣ муқобили набардҳои иттилоотӣ истодагарӣ намоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" Раҳимзода Меҳроҷ низ доир ба бурду бохти фаъолияти намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд.
Зимнан, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия, аъзои раёсати ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз нав Назаров Мирзоҷон интихоб карда шуд.
Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар ҷавонони фаъол бо ифтихорномаи ТҶҶ "Созандагони Ватан" сарфароз гардонида шуданд.