Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода мешавад

Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода мешавад

4-02-2025, 21:42
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода мешавад 4 феврал дар шаҳри Кувайт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувайт Сауд Ал-Сабоҳ баргузор гардид, ки зимни он ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувайт муҳтарам Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба рушди ҳамкории дутарафа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Дар робита ба ин аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергияи «сабз», инфрасохтори авиатсионию сайёҳӣ ва саноат ва кишоварзӣ лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва таҳияи механизми амалишавии лоиҳаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: