Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳилае пешниҳод гардид, ки барои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ воқеан ҳам марҳилаи таърихӣ мебошад. Мардуми саодатманди тоҷик 30-солагии Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ истиқбол намуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуданд. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.
Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инчунин оид ба нақши ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносию кордонии онҳо бо ҳисси саршор аз меҳру садоқат ва боварии қотеъона ба насли созандаю бунёдкор сухан рафта, ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф гардид. Тавре Президенти Тоҷикистон баён доштанд, «мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои сухандону суханвар ва ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳфили илмӣ таъсис дода шуд. Аъзои он аз ҳисоби устодон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил шудаанд.
«Маҳфил дар доираи дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуда, ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба китобу китобхонӣ мебошад. Баргузории чунин маҳфилҳо хеле муҳим ва саривақтӣ аст, зеро ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангию миллӣ тарбия менамояд. Дар назар аст, ки иштирокчиёни маҳфил ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир ба мавзуъ ва муҳтавои он баёни андеша намоянд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Иброз гардид, ки дар назди кумита маҳфилҳои «Фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» низ таъсис дода мешаванд.