Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад

Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад

Вчера, 11:31
Хабарро хонданд: 37 нафар
Назарҳо: 0
 Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавадТибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2024, ҳама ширкатҳои таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи мошинҳои барқӣ гузаранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Қарор бо мақсади татбиқи «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, қабул гардидааст.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ба гузариши пурраи таксиҳо ба системаи нақлиёти барқӣ мусоидат намоянд.

Қаблан 7 майи соли 2019 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис шуда буд, ки дар пойтахт ба татбиқи барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд», аз ҷумла лоиҳаи «GPS tracker» (дастгоҳе, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти нуқтаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) шуруъ намуд.

Барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд» ҷорӣ намудани системаҳои зеҳнии нақлиётро пешбинӣ мекунад. Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар автобусҳо, троллейбусҳо ва таксиҳо gps-трекерҳо, инчунин сенсорҳои (дастгоҳҳои) ченкунии миқдори сӯзишворӣ ва ҷараёни мусофирбарӣ, дар истгоҳҳои шаҳрӣ тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: