Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Абдумаҷид Ҳакимзода: «Овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт асос надоранд»

Абдумаҷид Ҳакимзода: «Овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт асос надоранд»

2-05-2019, 12:51
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Абдумаҷид Ҳакимзода: «Овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт асос надоранд»
Тайи чанд рӯз мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба боло рафтани нархи пардохти ҳакқи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе овозаҳо паҳн мегарданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба шарҳи ин мавзӯъ бо сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид ҲАКИМЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Абдумаҷид Ҳакимзода изҳор дошт, ки овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ягон асос надошта, ояндаи наздик низ гароншавии он, на дар автобусу троллейбусҳо ва на микроавтобусҳо пешбинӣ нашудааст. Номбурда таъкид намуд, ки ба ҳисоби миёна ҳар субҳ аз корхонаҳои коммуналӣ ва нақлиётии пойтахт 280 автобус, зиёда аз 60 троллейбус ва 1400 адад микроавтобусҳо ба кор баромада, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе нархи роҳкиро дар пойтахт дар автобус 1 сомониву 20 дирам, троллейбус 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Бояд илова намуд, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, вакилони ноҳиявию шаҳрӣ, собиқадорон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюб, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зарардидагони фалокати Чернобил ва оилаву кӯдакони бесарабонмондаи онҳо, шахсоне ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегиранд, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо, шахсоне ки бо 3 дараҷаи орден барои хизмати Ватан дар Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС мукофотонида шудаанд ва шахсони аз 75 — сола боло ҳангоми истифода аз хизмати воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ аз имтиёз бархӯрдоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: