Сенати парлумони федеролии Австралия тарҳи қонуни пешниҳоднамудаи ҳукуматро дар бораи манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола ба тасвиб расонид. Қонуни нав баъди 12 моҳ эътибор пайдо мекунад. Баъди ин ба наврасон ташкили аккаунту саҳифаҳо дар Instagram ва Facebook, инчунин дар Snapchat, TikTok, Reddit ва шабакаи иҷтимоии X манъ карда мешавад.
Ҳукумати Австралия қонуне пешниҳод кардааст, ки синни корбарони шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд менамояд. Тибқи ин санад, ба қонунгузории амалкунанда, ки амнияти интернетро танзим мекунад, бо мақсади манъи дастрасии наврасони то 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ тағйирот ворид карда мешавад.
Баъди таҳияи механизмҳои мониторинги иҷрои қоидаҳои нав роҳбарияти давлат аз ширкатҳои технологӣ ва маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мекунад, ки барои назорати синни корбарон тадбирҳои оқилона андешанд. Барои вайрон кардани ин талабот ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ба андешаи ташаббускорон, ин қонун ба ҳимояи кӯдакони австралиягӣ аз таъсири манфие, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд расонанд, равона шудааст. Сарвазири Австралия Албанезе зимни шарҳи қонун иброз намуд, ки «мо ин корро барои ҳама волидон мекунем. Онҳо низ чун ман нигарони амнияти кӯдакон дар интернет ҳастанд. Ман мехоҳам, ки оилаҳои австралиягӣ донанд, ки ҳукумат нисбат ба онҳо бетафовут нест».
Ин қонун барои ҳифзу бехатарии кӯдакон аз ҳар гуна пайомадҳои нохуше, ки бархе шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд сабабгори он гарданд, равона шудааст.
Дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре таҳлилгарон иброз медоранд, нодуруст истифода бурдан аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба ахлоқ ва кирдори наврасон таъсири манфӣ расонад.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсир мегузорад. Бинобар ин, бохабарӣ аз вазъияти иттилоотии мамлакат амали зарурӣ дониста мешавад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир кардани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъи сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад.
Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, 1 декабри соли равон 16 наврасе, ки дар 3 муассисаи миёнаи умумии пойтахт таҳсил мекунанд, дар кӯчаи Яккачинори пойтахт байни якдигар муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. Ҳамзамон чанде қабл милитсияи пойтахт хабар дод, ки ҳодисаи ба ин монанд байни хонандагони синфҳои 8-11-и пойтахт низ ба амал омад. Видеои муноқишаи гурӯҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки дар робита ба ин аз ҷониби мақомот ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.
Тавре дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар 9 моҳи соли равон дар байни ноболиғон 102 ҷиноят содир шудааст, ки ин омор дар ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 53 ададро ташкил медод. 41-и ҷинояти содиршуда аз ин омор аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба амал омадааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Ҷомеашиносон бар ин назар ҳастанд, ки сабаби зиёдшавии шумораи ҷинояткорӣ байни ноболиғон бештар рӯ овардани онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарзи нодурусти истифода аз онҳо мебошад. Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигаронро, ки наврасон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо ва қабул мекунанд, омили асосии даст ба ҷиноят задани ноболиғон мешуморад.
Ба андешаи ӯ, раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбат аз пайомадҳои манфии дар боло гуфташуда холӣ набуда, онҳо ба ҳаёти мо дохил мешаванд ва мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро олуда менамоянд.
«Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин вазифаи ҷомеа ба шумор рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдорию ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки ба фазои иттилоотии ҷаҳон хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоратию хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба ин восита коста гардидани хулқу атвори наврасон сабаби содир намудани ҳар гуна ҷиноятҳо аз ҷониби наврасон мегардад»,-изҳор медорад коршинос.
Кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард: шабакаҳои иҷтимоӣ ё наврасонро?
Тақсими нави ҷаҳон байни абарқудратҳо ва қудратталабон дар ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро бо ҳаёти башарият омезиш додааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма, ки дорои неруи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд, эҳсос мегардад. Дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ ҳамзамон иттилоот ва воситаҳои ахбори омма дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш овардааст, нақши гӯшношунид касб намудаанд. Ҳамзамон воситаҳои ахбори омма дар амалӣ намудани манфиати ин ё он қувваю гурӯҳҳои муайян ба тариқи мушаххас истифода мешаванд ва таҷрибаи дилхоҳеро низ барои қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардаанд.
То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ бештар аз даҳ қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеаю рушди ин соҳа ва таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот иборат мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мамлакат ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаю ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.
Коршинос Зубайдулло Давлатов ба ин назар аст, ки хуб мешуд назорат дар масъалаи истифодаи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ноболиғон пурзӯр карда шавад.
Дар сурати дигар, Зубайдулло Давлатов пешниҳод менамояд, ки бояд барномасозони касбии компютерӣ дошта бошем, ки тавонанд барномаҳое таҳия созанд, ки барои пешрафти тафаккур ва ақлу хиради наврасонамон хизмат кунанд.
Бо ворид шудан ба фазои интернет истифодабарандагони он ба дунёи маҷозӣ ворид мешаванд. Ноболиғону наврасоне, ки шуури онҳо ба таври зарурӣ инкишоф наёфтааст, дар ин маврид бо истифода аз ҳар гуна контентҳо метавонанд иттилооти мухталиф бигиранд, ки он метавонад хуб ва ё бар зарари афкори онҳо бошад. Зеро имрӯз сомона, портал, шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ба фазо ва минбари муборизаҳои иттилоотӣ табдил ёфтаанд.
Муҳорибаҳои иттилоотӣ бо истифода аз роҳу усулҳои мухталифи техникӣ ва электронӣ ба роҳ монда мешаванд. Назорати вазъи мубориза, ҳифзи иттилоъ, ҷанги киберӣ, ҷанги электронӣ, терроризми иттилоотӣ, муҳосираи иттилоотӣ, ҷанги психологӣ, ҷосусии саноатӣ ва иқтисодӣ номгӯи нопурраи воситаҳои муборизаи иттилоотӣ ба шумор мераванд.
Роҳи ҳал дар чист?
Вақтҳои охир истилоҳи блог ва блогер серистифодатарин калимаҳо дар байни хурду бузурги мамлакат гардида, нафарони гуногун дар шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ сомонаҳои худро кушода, ба ҳар тарзе барои худ хонанда ҷалб менамоянд. Яке аз мӯд, санъат, саёҳат ҳарф мезанаду дигаре аз фарҳанг, омӯзиши забонҳои хориҷию варзиш. Сеюмӣ бо банаворгирии лаҳзаҳои ногувор ё ҳаҷвомез байни хонандаи фазои маҷозии худ мавқеъ пайдо намудаю кӯшиш ба харҷ медиҳад, то шумораи мухлисону тамошобинонашро рӯз то рӯз бештар созад.
Имрӯзҳо чанд нафаре, ки худро «блогер» меноманд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ҷалби обуначиёни худ ҳар контентеро, ки барои ҷамъият нолозим мебошанд, дар саҳифаҳои худ ҷо намуда, на танҳо афкори наврасон, балки ахлоқи онҳоро низ коста мегардонанд.
Ба андешаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайҳомид Шарипов, дар шароити муосир, ки фазои иттилоотӣ ба майдони таблиғу ташвиқи дастовардҳои инфиродӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтааст, маҳдуд намудани фаъолияти ин ё он табақа аз имкон дур аст. «Аммо бо назардошти бе таҳрир пахш намудани иттилоот аз ҷониби блогерҳо ва ба ин ё он ниҳод, нашрия ва рӯзнома мутаалиқ набудани фаъолияти онҳо, мо танҳо бояд фаъолияти онҳоро бо назардошти танзими фаъолияти иттилоотӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таъмини шинохти мусбати мамлакатамон дар фазои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ танзим намоем»,-иброз дошт коршинос.
Роҳи ҳал дар ин вазъият танҳо ин аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаю таҷрибаи ҳаётандӯхта бояд дар сомонаҳои интернетӣ маводу навор ва таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарварона ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Контентҳои махсусе ба вуҷуд оварда шаванд, ки танҳо хоси кӯдакону наврасон буда, барои рушди зеҳнӣ ва забондонӣ, ҳисси зебоипарастӣ ва некию накӯкорӣ, эҳтироми хурду калонсол ва аз худ кардани донишҳои нав хизмат кунанд. На ин ки бо гуфторҳои ғайриахлоқона ва саҳнаҳои бадахлоқона дар шуури наврасон афкори манфӣ ҷой намоянд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз ва савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ ва ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан ва далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ камӣ надорад.