БЕМОРИҲОИ ТЕЛЕФОН Ё ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ22-05-2023, 10:11
Хабарро хонданд: 1359 нафар
Назарҳо: 0
Телефони мобилӣ беҳтарин воситаи алоқаи муоширати инсонӣ буда, бисёр масъалаҳои ҳаётӣ бо воситаи он ҳал мешавад. Аммо фарҳанги дурусти истифодабарии он аз тарафи шаҳрвандон ташвишовар аст. Имрӯзҳо дар автобусу троллейбус, маршруткаҳо ва ҳатто дар истгоҳҳо борҳо аз ҷавонони ҳозира усули хеле “хуб” ёфтаанд: вақте одамони аз худ калонсолро мебинанд, сарашон хам, гӯё ягон масъалаи ҷиддии глобалиро ҳал карда истодаанд ё мекарда бошанд, яъне машғули телефонҳои мобили мебошанд одами калонсол ё модари азизро надидаанду гӯё чашмашон хира ё онҳо бемор, дар ҳақиқат, “бемори телефон” мебошанд. Баъзан вақт ҷойи таассуф аст, ки аз телефон сӯистеъмол намуда, муҳитро нодида мегирем. Имрӯз бузургтарин мушкилот он аст, ки мо ҳамаамон гирифтори бемории гузарандаи телефони мобилӣ мебошем. Ин унсури бегонапарастии мо нисбат ба одобу ахлоқи шарқиёна аст, ки мо бояд одоби тоҷикиро аз даст надиҳем. Ҳар зуҳуроти наве пайдо мешавад, бешак, барои бароварда сохтани ғаразҳои гурӯҳи муайян мебошад ва мақсадаш пок нест. Ба андешаи мо аксар волидон кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандони худ телефонҳои қимат харидорӣ намоянд, аммо онҳо ба он намекӯшанд то донанд, ки фарзандонашон дар фазои маҷозӣ чӣ мехоҳанду чӣ кор мекунанд? Бинобар ин, педагогҳо ҳам бояд вобастагии бачаҳоро аз телефону интернет ба дарсу хондан иваз кунанд, ки мутаассифона, инро натавониста истодаанд. Барои раҳонидани ҷавонон аз ин вобастагӣ, дар навбати аввал, бояд сифати таълим баланд бардошта шавад, институтҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шаванд. То андозае мешавад ҷавононро аз ин вобастагӣ раҳонид. Боло бурдани сифати таълим дар мактабҳо ва дарсҳоро доир ба тафаккури интиқодӣ ба роҳ монда, зеҳни ҷавонону наврасон ба корҳои тадқиқотӣ равона карда шавад . “Системаи тестӣ” – дар низоми таълими давлатҳои гуногуни ҷаҳон пайдо шуд ё ҷорӣ шуд то мардумаш одам не, балки “робот” шаванд, ки ин натиҷаи манфист. Хонандаи имрӯзаи мо берун аз интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё телефони мобилӣ дигар маълумот надорад, ҳатто муаллифи китобро намедонад, ки кай онро навиштааст. Дар бораи сарчашмаҳои илмӣ, ба монанди “Капитал” – и Карл Маркс, “Таърихи Табарӣ”, асарҳои классикони тоҷик ва ғайра маълумоти кофӣ надоранд, ки ин масъалаи ҷиддист. Ҳамин тариқ, шабакаҳои махсуси интернети бо воситаи компютер ва телефонҳои мобилӣ ба хотири бизнес ё он сохта шудааст, ки аввал забт ва баъдан, идора кардани мо осон шавад. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии азизамон инро дарк кунад, ки ин бемории гузаранда ба тафаккури мо инсонҳо, махсусан ҷавонон мебошад. Дар интернет шабакаҳои махсус хеле зиёд аст, ки онҳо ҷанбаҳои мусбиеро доро ҳастанд, ки фақат мо онҳоро дуруст истифода бурданамон лозим аст. Мо агар як – як ба шабакаҳои хело сертарафдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда огоҳшавем: ТikTok – хавфноктарин, бадтарин барномаи иҷтимои аст, ки барои аз байн бурдани ақлу шуур ва фарҳангу одамгари одобу ахлоқи инсони гуфтан мумкин аст, ки бар зидди фарҳанги шарқиёна аст. Чунон наворҳои берун аз мантиқ дар ин шабака чунон зиёд аст, ки ҳисобашон гумаст. Онро хавфи бузург ба миллат ё ба ақли одами номидан мумкин аст.То имрӯз онро шахсан ман надидаам аммо қисме аз ҷавонон нақл мекунанд аз фикри онҳо ба хулоса омада навиштам. Аммо он чи, ки имрӯз боиси нигаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқист. Сабаби чунин рафторро мо вобаста ба дурӣ ҷустан аз мутолиаи китобҳои ахлоқию тарбиявӣ беназоратии волидайну омӯзгорон ва бетафовутии ҷомеа медонем. Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳар як корбар минбари розу ниёз ва ибрози назар шудаанд. Қонуни махсусе ҳам танзим намекунад, ки гурӯҳе бояд андешаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависаду гурӯҳе не.Ин қонун шарт ва зарур аст. Балки ҳар соҳибсаҳифа ҳақ дорад, фикри худро бе он ки ба нафаре писанд меояд ё не, бигӯяд. Вале бисёр ҳолатҳоро вомехӯрем, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан ҷавонон, дар баҳсу баррасии масъалаҳои мухталиф ва истифодаи онҳо сарҳади одобу ахлоқро убур карда, миёни ҳам ҷанги виртуалӣ барпо мекунанд ё ба “бемории виртуалӣ” гирифтор мешаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 12 барномаҳои шабакаҳои интернети, ки хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доранду зидди давлати мебошанд манъ карда шудааст, ин хеле хуб аст. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет-манбаъҳо ва веб-порталҳои ташкилоти террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои нав таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар зимн онҳо аз озодии сухан сӯйиистифода намуда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳо (ширкатҳое, ки дастрасӣ ба хадамоти иттилотии иҷтимоиро мекунанд)-и таъмин хориҷиро истифода мебаранд. Ин як тиҷорати калон аст. Дар натиҷа, як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҷавонон ва падару модарони онҳо, ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад, ки ба ин бемориҳо гирифтор нашаванд. Албатта, ин хуб аст, ки ҷавонони замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттилоърасонӣ меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ҳадаф онҳо вориди фазои интернетӣ мешаванд? Оё насли ҷавон дар шабакаи интернетӣ ба нафъи худ ё ҷомеа кор мекунанд? Дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, дар тадқиқоти сотсиологӣ мусоҳибон инчунин ҷиҳатҳои манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро махсус қайд намуданд: истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси беҳуда гузаронидани вақт (72,4%), тамошои видеоҳои фаҳш (52,9%), ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои каҷрафтор (51,1%), коста шудани ахлоқ (44,6%), дур шудан аз муоширати зинда (33,5%) ва вобастагӣ пайдо кардан (26,2%) мегардад. Шумораи гурӯҳҳои ифротӣ ва шабакаҳои интернетии хусусияти ифротгароидошта меафзояд. То чанд ва бо кадом амалҳояшон рӯ омадани ингуна шахсони роҳзану ифротгарро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дучор шуданамон мумкин аст. Пайдо шудани фазои ягонаи итилоотӣ ва воситаҳои коммуникатсия эҳтимолияти рушди минбаъдаи пайдоиши ифротгароиро ба маротиб зиёд намудааст. Намояндагони таблиғоти ифротӣ аз маърифати паст ва фанатизми динии баъзе ҷавонон сӯистифода намуда, таваҷҷуҳи онҳоро бо роҳҳои гуногун, махсусан технологияи коммуникатсионӣ (сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) ба худ ҷалб менамоянд. Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо зарару фоидаи шабакаҳои иҷтимоиро ба хубӣ дарк мекунанд, аммо то ҳол аз ин технология бофарҳангона истифода бурданро наомӯхтаанд, худро идора карда наметавонанд. Миёни шабакаҳои иҷтимоӣ “Одноклассники”, Facebook, Viber, Instagram, TikTok, Twitter, Telegram, ВКонтакте вақт бесамар истифода бурда мешаванд. Таҳлилҳои мо аён сохтанд, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди ҷавон ба фазои интернетӣ, ин машғул шудани онҳо ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале, дар асл ин намуди бозиҳо дар рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии ҷавонон заррае суд надошта, баръакс, соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани ҷавонон аз як тараф, боиси тадриҷан дар онҳо вобастагии руҳӣ пайдо шудан, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи муътадили хеш мегардад. Ҳамзамон бо ин, бозиҳои электронӣ, бинобар асосан саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон, аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии насли ҷавон низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир хоҳанд сохт. Ғайр аз ин, боз тоифаи дигари ин нафарон бештари вақти худро дар шабакаи ҷаҳонӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дӯстони хеш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад. Аз ин рӯ, бо назардошти он, ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои манфӣ дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини тарбияи сиёсии насли наврас, инчунин, аз ноҷӯриҳояш дар ин самт воқиф бошанд. Зимнан, яке аз камбудиҳои “тори умумиҷаҳонии анкабут”, чунончи пештар гуфта гузаштем – ин агар бозиҳои электронӣ бошад, ки аксаран заминагузори зоҳирёбии рафторҳои зиддииҷтимоии наврасони хурдсол ҳастанд, пас камбудии дигари ин шабака, чуноне ишорааш рафт – мавҷудияти сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона маҳсуб мешавад. Агар мушаххасан назар андозем, мебинем, ки тибқи нишондоди оморӣ, аз 109 нафари наврасон ва ҷавонони аз 8 то 15 - сола мувоҷеҳи маводи порнографӣ дар шабака мешаванду наздики 17% пайваста аз захираҳои мамнуъ дидан менамоянд, тахминан 5,5% бошанд, омодаанд, ки чизҳои дидаашонро дар амал татбиқ намоянд. Ташвишовар он аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили асардуздӣ, қаллобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнӯшиву нашъакашӣ, тарзи тайёр кардани маводҳои тарканда дар шароити хона ва дигар иттилооти дурӯғин мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани наврас дар фазои шабака метавонанд ба зеҳни ҳанӯз дар «ҳукми гул» қарор доштааш таъсири басо харобиовару ҷуброннопазир расонанд. Муайян шудааст, ки истифодаи фаъолияти шабакаҳои компютерӣ на ҳама вақт ба демократикунонии раванди коркард ва қабули қарорҳо дар ташкилот меорад. Бошиддат истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва танг шудани алоқаҳои иҷтимоӣ то ба танҳоӣ оварда мерасонад. Муносибати дохилии оилаҳоро суст мекунад, афсурдаҳолиро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, интернет бояд мавқеи иҷтимоии худро ишғол кунад. Бо мақсади пешгирӣ кардани ҷавонон ва баъзе шахсони ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда пешниҳод менамоям : 1.Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ба як низоми муайян мутобиқ карда шавад. 2.Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни омма (тариқи телевизиону радио бо воситаи роликҳои иҷтимоӣ) оид ба зарари ифротгароии иттилоотӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ҷоннок карда шаванд. Дар ин самт ҷалб кардани тамоми ҷомеа, махсусан волидайни ҷавонон, мувофиқи мақсад мебошад. Ба ҷавонон фаҳмонида шавад, ки аз веб-сайтҳои ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда дуруст истифода бурда шавад (масалан, дар гузоштани «лайкҳо» эҳтиёткор бошанд ё умуман лозим нест). 3.Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ин самт кори худро, хусусан дар деҳоту ҷамоат ва ноҳияҳои мамлакат, ҷоннок намоянд. 4.Қонуни махсус оиди ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ, махсусан сатҳи хавфнок қабул карда шавад 5.Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»- чунин омадааст: «- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);» 6.Дар асоси қонун кӯдакони то синни 18 - сола, ки ба ин “беморӣ” гирифтор мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳоло эҳсос мешавад, ки ташкилоти иртиҷоӣ барои мағзшуии ҷавонони муҳоҷири мо барномаҳои махсусеро рӯи даст гирифтаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайн, ҷамоату деҳот, ноҳияҳою шаҳрҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ робитаи мустақим дошта, бо ин қишри осебпазири ҷомеа бештар кору фаъолият намоем. Бойалӣ Ҳусейнов номзади илмҳои педагогӣ, собиқадори ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.