Душанбе, 31 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад

29-11-2024, 16:29
Хабарро хонданд: 15 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавадДар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон лоиҳаи «Дастгирии чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббии Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ» амалӣ мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 ноябр дар вазорат ҳамоиш оид ба муаррифии лоиҳа доир шуд.

Ҳадаф аз лоиҳа пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон ва бемориҳои вобаста ба он (ҷоғар, камхунӣ, норасоии найчаи асаб ва ғайра) тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани фаъолияти байни идораҳо, назорати сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонида, таъсиси низоми пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамоиш доир ба вазъи имрӯзаи солимии занони ҳомиладор ва нишондиҳандаҳои солимии кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, нақшаи кории лоиҳаи «Дастгирии чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ», беморшавии кӯдакони то 59-моҳа вобаста ба норасоии иловаҳои витаминӣ, нақша ва амалигардонии «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», аҳамияти микронутриентҳо барои солимии занони ҳомила ва инкишофи дохилибатнии ҷанин, аҳамияти иловаҳои витаминӣ барои рушди кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, таҷрибаи шарикон оид ба рушд дар мубориза бо норасоии микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ва дигар мавзуъҳо мубодиаи афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: