Лактопероксидаза-дигар моддаи зиддимикробӣ аст, ки яке аз ферментҳои муҳим маҳсуб мегардад. Ҳамроҳ бо лактоферрин лактопероксидаза таъсиррасонии зиддимикробӣ, зиддивирусӣ ва антиоксидантиро метавонад ба амал орад, системаи иммунӣ (муҳофизатӣ)-ро «ҳавасманд» ва системаи меъдаву рӯдаро солим гардонад.
Арабиногалактанҳо-полисахаридҳои крахмалнадошта мебошанд, ки дар бисёр сабзавот ва донагиҳо ҳастанд. Онҳо барои нигаҳ доштани саломатӣ, ба сифати пребиотикҳо хидмат мекунанд, миқдори лакто ва бифидобактерияҳоро меафзоянд. Ҳамин тариқ, арабиногалактанҳо барои нигаҳ доштани мувозинати микрофлораи солим дар организми инсон мусоидат мекунанд.
Барқароршавӣ бо кумаки парҳези солим
Шарти асосии стратегияи босамари барқароршавӣ таъмини организм бо нутриентҳо мебошанд, ки барои ҳуҷайраҳои луобпардаи меъда лозим ҳастанд. Шахсе, ки аз харобшавии фаъолияти рӯдаҳо азият мекашад, бояд сари ғизо дар умум фикр кунад. Масалан, камбуди микронутриентҳо-витамин ва минералҳо бо иммунитет (ҳифозат) ва ба вуҷуд омадани газакгирӣ алоқамандии зич дорад. SIgA барои вазъи саломатӣ зарур буда, ба он нутриентҳои организм таъсир мерасонанд. Баҳогузории талаботи инсон ба нутриентҳо дар худ метавонад «таърих»-и истеъмоли ғизо, анализи нутриентҳо ва дигар усулҳои пажӯҳишро, ки камбуди нутриентҳоро нишон медиҳанд, фаро гирифта бошад. Микронутриентҳо, ки барои барқароршавии системаи меъдаву рӯда хеле муҳим ҳастанд, дар худ витаминҳои С ва Е ва каротиноидҳо, тсинк ва витамини В5 (кислотаи пантотенӣ) ҷамъ овардаанд, ки дар дастгирии механизмҳои барқароршавӣ нақши муҳим доранд.
Зиёда аз ин, «садди рӯда» («кишечный барьер) метавонад бо таъсири манфии аллергенҳои ғизоӣ ё токсин (заҳр)-ҳо, инфексияҳои рӯда, газакгирӣ ва дигар бемориҳои кам паҳншудаи системаи меъдаву рӯда халалдор гардад. Бояд муҳитеро рӯйи кор овард, ки ба раванди барқароршавӣ мусоидат мекунад. Яке аз ҷузъҳои он аз ғизо масдуд кардани моддаҳои аллергенӣ, ки ба газакгирӣ ва дигар ранҷуриҳои дар боло зикршуда меоранд, мебошад. Манбаъҳои чунин моддаҳо ин машрубот, кофеин, зироати дорои глютен ва шири гов ҳастанд. Барои ҳамин, барои барқароршавии системаи меъдаву рӯда парҳез (диета), ки ғизонокии баланд ва кам будани антигенҳоро дар худ дорад, зарур аст.
Табобати бемориҳои бавуҷудомада:
Табобат (терапия)-и ҳормоналӣ ва тиббӣ (ҳангоми зарурат-бемориҳои фишор, атеросклероз, диабети қанд ва ғ);
Ғизои функсионалии тиббӣ барои барқарорсозии мувозинати системаҳои «калидӣ»-и организм;
Остеопатия ҳангоми кам кардани вазн (кор бо сутунмӯҳра, ба меъёр даровардани фаъолияти узвҳои дарунӣ ва система);
Табобати пӯст ҳангоми кам кардани вазн («кашол шудан»-и пӯст, ожангҳо, целлюлит ва ғ);
Физиотерапия (табобати варамҳо, равандҳои газакгирӣ ва ғ);
Психотерапия (кумаки равонӣ дар ҳалли мушкилоте, ки дар раванди кам кардани вазн ба вуқӯъ меоянд).
Чӣ қадаре, ки шахс синнаш калон бошад, ҳамон қадар ӯ бояд ба саломатии худ ҳангоми харобшавӣ ҷиддӣ муносибат кунад.
Дар ёд дошта бошед, ки фарбеҳшавӣ дар худ боз бемориҳои дигар дорад, ки онҳоро зарур аст ҳангоми кам кардани вазн муолиҷа намуд.
Харобшавии мустақилона метавонад ба сар задани бемориҳо ва вайроншавии ҳормоналӣ расонад. Албатта, бо мутахассисон дар ин бобат маслиҳат кунед.
Ба «худтабобатӣ» машғул нашавед. Ҳар дору дар худ аксуламал дорад ва табиб бояд онро ҳангоми табобат тавсияи дуруст диҳад.
Азамат Дӯстов