Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад

Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад

Вчера, 16:27
Хабарро хонданд: 38 нафар
Назарҳо: 0
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад13-14 декабри соли равон Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва коллективҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии итисосҳои меъморӣ ба шумор меравад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин: биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна; иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ; иншооти истеҳсолӣ; санъати тасвирӣ ва дизайн ва асари меъмории донишҷӯён доир карда мешавад.

Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд ба рақамҳои 2230200 ва 901070790 муроҷиат намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: