Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Аврупо метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд

Дар Аврупо метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд

9-10-2024, 09:11
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Дар Аврупо метавонанд биёбонҳо пайдо шавандДар ҳудуди Аврупои Ҷанубӣ метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд, ки сабаби ташаккули онҳо гармшавии глобалӣ мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи The Daily Telegraph бо такя ба раиси Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим Ҷим Ски иттилоъ додааст.

«Тамоми Аврупо осебпазир аст, бахусус баҳри Миёназамин. Мо аллакай мушоҳида кардаем, ки биёбоншавӣ на танҳо дар Африқои Шимолӣ, балки дар канораҳои ҷанубии Аврупо, аз қабили Юнон, Португалия ва Туркия низ ба амал меояд», — гуфт ӯ.

Тавре коршинос хабар медиҳад, гармшавии глобалӣ метавонад иқлими бисёр кишварҳоро тағйир дода, ба намнок ва гарм табдил диҳад. Ин ҳолат пеш бурдани намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодиро душвор мегардонад. Ҷим Ски бовар дорад, ки то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар минтақа то 3 дараҷаи Селсия баланд мешавад.

Раиси Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон ҳамчунин таъкид намуд, ки башарият аллакай имкони ҷилавгирии фалокатҳоро аз даст додааст ва акнун сокинони Заминро талоши бесобиқа зарур аст, то суръати гармшавии глобалӣ боз дошта шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: