Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

1-10-2024, 10:49
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид30 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа баргузор гардид, ки зимни он масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ташкилу танзими сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин густариши ҳамкорӣ дар самти тарғиби имконияти сайёҳии ду давлатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки ҳарду давлат зарфияти бузурги истифоданашуда дар самти ҷалби мутақобили сайёҳонро доро мебошанд.

Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа изҳор намуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст, ки шароити хуби сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар фароҳам орад ва ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ саҳм гузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: