СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ30-08-2024, 15:46
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
“Ҷавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обрӯи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст”. Эмомалӣ Раҳмон Дар воқеъ, Истиқлоли давлатӣ падидаи гаронарзиш барои ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, заминаи амалӣ гардидани тамоми ормону мақсадҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад. Истиқлол ба миллати тоҷик соҳибихтиёрӣ ва озодиро таъмин намуд. Дар заминаи ин падидаи нодир ба мо муяссар гардид, ки дар як муддати начандон зиёди таърихӣ ба дастовардҳои ҳаётан муҳим ноил гардем. Маҳз истиқлол ба мо имкон дод, ки роҳи мутамаддини давлатсозиро дар такя ба таҷрибаи нодири таърихии ниёгон интихоб намоему дар ин самт муваффақҳам шавем. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз миллати тоҷик дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣқарор дорад, ки саҳми ҷавонон дар амалишавии он метавонад бориз бошад. Истиқлоли давлатӣ дар роҳи таҳкими рушди ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хеле мусоид ва боэътимод гузошт. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣҷавонони мо дар давраҳои мураккаби тақдирсоз ҳамеша фаъол буда, ҷиҳати таҳкими сулҳу субот талош менамуданд. Бахусус, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯзҳои сангинро аз сар гузаронида, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми муносиби хешро гузоштанд. Новобаста аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул намуданд ва ҷиҳати таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ дар мамлакат бомуваффақият мубориза бурда, ба хотири мондагории миллату давлати тоҷик ҳастии хешро бахшиданд. Дар ҷавоби ин ҳама хидматҳои шоистаи ҷавонон Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидан ва имзои созишномаи сулҳҷиҳати баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа як қатор чораҳои муассирро дар амал татбиқ намуд. Бо мақсади дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҷавонон» қабул карда шуд, ки ин қадамҳои аввалин дар роҳи дастгирииин қишри ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуданд. Он вақт оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе манотиқи кишвар садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Баъдан Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шурои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор карданд, ки манфиати халқу давлатро нисбат ба ҳадафҳои рӯзмарраи гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некуаҳволии халқ саъйю талош намоянд. “Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад” - таъкид карда будандРоҳбари мамлакат. Бояд қайд намуд, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва шаҳрвандӣ нақши ҷавонон бениҳоят бузург аст. Аз ин рӯ истифодаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар раванди рушди давлатдорӣ саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти даврони сипаринамудаи миллати тоҷик метавон қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистони муосир, махсусан зодагони даврони Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи хушбахттарин инсонҳо ба ҳисоб мераванд. Чун ҳамеша ғамхории Ҳукумат ва Президенти мамлакатро эҳсос намуда, бо дили саршори меҳру муҳаббат ба Ватану миллат ба сӯи пирӯзиҳо равонаанд. Имрӯзҳо зиёда аз 60 дар фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, дар ҳама самтҳо фаъолияти самараноки онҳоро эҳсос намудан мумкин аст ва сол то сол дар фазои соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу субот ҷавонони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, ҳокимияти давлатӣ ва интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат карда, сафи онҳо ба маротиб дар тамоми шохаҳои ҳокимият зиёд шудааст. Ҳамзамон, ҳамасола ба воситаи “Квотаи президентӣ” садҳо ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, пас аз хатм ҳамчун мутахассис ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Инчунин, як қисми хатмкунандаҳо ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоянд. Қисми зиёди ин ҷавонон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшон бо назари нек менигаранд. Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо,ҷавонон вазифадор ҳастем, ки арзишҳои миллию суннатии худро ҳифз намуда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати тамаддунофар мавқеи хешро устувор намоем. Чуноне ки ҳамагон медонанд, имсол 14 варзишгари тоҷикдар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз рӯи 6 намуди варзиш - ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук ширкат ва барои баланд бардоштани Парчами миллӣ саъю талош намуданд. Ин ҳама пешравиҳо аз тинҷиву амонӣ ва аз баракати соҳибистиқлолии мо мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Париж - 2024 варзишгарони мо парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, бо се медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд. Имрӯз кишвари моро дар олам ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва дунявию ташаббускор эътироф менамоянд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ватанпарасту хештаншиноси кишвар мебошад. Месазад, ки мо дар пайравӣ ба сиёсати раиятпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе саъю талош варзем ва бикӯшем, ки барои ояндагон як давлати ободу шукуфоро ба мерос гузорем. Муслиҳиддин БУРҲОНЗОДА, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.