СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН20-06-2024, 09:39
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
«Ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд». Эмомалӣ Раҳмон Боиси ифтихори мо ҷавонон аст, ки имрӯз дар кишвари зебову обод, дар фазои сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ ва дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд зери дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, ҳамарӯза саҳми худро дар рушд ва пешрафти ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо мерасонем. Пешвои миллат ҳанӯз соли 1992 ҳангоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар вазъияти ноороми кишвар 2-юми феврали соли 1993 бо онҳо мулоқот анҷом доданд. Ин нишонаи ғамхории падаронаи Президенти кишвар ба ҷавонон ва боварии комил ба неруи созандаю бунёдкоронаи ҷавонон буд. Аз ин рӯ, ҳар як мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони кишвар аз падидаҳои ҷолиб ва ташаббусҳои наҷиб оғоз меёбад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, консепсияву стратегиящои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии барномаҳои соҳавии давлатӣ, пайваста анҷом додани мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як қатор ҳавасмандиҳо, ба монанди таъсиси Квотаи президентӣ ва Стипендияи президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҳамасола ба таври бошукӯҳ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин намудани ҷавонони лаёқатманду ободкор ва эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои нотакрор дар ҳаёти ҷавонони саодатманди кишвар мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаротаъкид менамоянд: “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд нисбат ба ҳама қишрҳои ҷомеа зиёдтар фаъол шаванд, ташаббусҳои созанда пешниҳод кунанд, муқаддасоти кишвар, рамзҳои давлатӣ, дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарму неруи бунёдкорона иштирок кунанд. Зеро, ҷавонон бузургтарин сармоя ва муҳимтарин қувва барои пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор мераванд. Агар ин қувва ба таври мукаммал инкишофу рушд ёбад, дар оянда метавонад натиҷаи хуби пешрафт ва тараққиёти кишвар гардад. Имрӯзҳо ҷавонон 70 фоизи аҳолии кишварро ташкил дода, ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа дар тамоми соҳаҳо фаъолияти назаррас доранд. Айни замон ҷавонони созандаю ободкори кишвар аз дастгириҳои пайваста, тавсияҳо ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлат барои пешбурди зиндагӣ, ҳавасмандкунии ҳамешагӣ барои пешравӣ дар ҳамаи самтҳо ва ташкил намудани фазои ободу осоишта барои кору фаъолият миннатдор мебошанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро зарур аст, ки барои омӯзиши илму дониши замони муосир кӯшиш намоем ва саҳми худро дар роҳи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори кишвари азиз бамаротиб афзоем. Тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Шумо ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои насли калонсоз ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”. Мо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовори миллат Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ карда, ба хотири рушди ҳамаҷонибаи кишварамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона месозем. Фаридун Ойзода,
Умед Буриев, Сабрулло Расулзода, омӯзгорони МТМУ №97-и н. Синои ш. Душанбе ба номи профессор А.М. Оев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.