Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НЕРУИ ПУРИҚТИДОРИ СОЗАНДА

НЕРУИ ПУРИҚТИДОРИ СОЗАНДА

26-04-2024, 15:59
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
НЕРУИ ПУРИҚТИДОРИ СОЗАНДА
“Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон


Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳои хеш бо мардум, алалхусус дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа дар бораи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳунаромӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки маҳз ҳамин абармарди хештаншинос ва миллатдӯст халқи беш аз 1000 сол дар таърих дурафтодаро бо хиради азалӣ, равшанфикрӣ, бо дилу дидаи пок аз сари нав ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид карда, миллати дар гирдоби обу оташ бударо аз нобудшавӣ наҷот дод.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳама гуна шароит омӯзгорон, собиқадорон ва шахсиятҳои соҳибмаърифатро зарур аст, ки ҷавононро ба роҳи рост ва ватандӯстӣ ҳидоят намоянд, зеро ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наврасону ҷавонон беназорат монда, зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ нашуда, ба фарҳангу мазҳабҳои бегона майл пайдо накунанд.
Пешвои миллат дар яке аз вохӯриҳояшон изҳор дошта буданд: “Шумо - ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи миллату давлат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред”.
Суханони мазкур аз ҳар як ҷавон ҷиҳати пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон масъулияти баландро тақозо менамояд.
Президенти кишвар кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавонон дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба таълим фаро гирифта шаванд ва дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба халқу миллати худ хизмат намоянд.
Маҳбубияте, ки имрӯз Роҳбари давлат дар миёни мардуми кишвар, бахусус дар миёни ҷавонон доранд, маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзиашон баҳри шукуфоӣ, сулҳу субот, ободии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ҷомеаи имрӯзаи шаҳрвандӣ дорои афкори тозаю нав, неруи муҳимми пешбарандаи иқтисодиву иҷтимоъ буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, диққати аввалиндараҷа додани Ҳукумати мамлакат саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш борҳо такрор кардаанд, ки ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Мавқеи фаъолияти ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” элон карда буданд.
Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Сарваи давлат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар - Ватан хизмати содиқона карда, марзу буми онро ҳимоя менамоянд ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллатро қарзи фарзандии худ медонанд.
Мо, ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунем, ки як давлати озод ва Сарвари дилсӯзу ғамхор дошта, то имрӯз дар кулли соҳаҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидем.
Вақте ки мо, ҷавонони замони истиқлол ба дунё чашм кушодем, халқи мо ба орзуи деринаи худ - соҳибистиқлолӣ расида, барои таҳкими он заҳматҳои бесобиқа кашида буд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки мо, созандагони Ватан ба қадри ин неъмати бебаҳо, ба ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Яздони пок ба мо ато фармудааст, бирасем ва Тоҷикистони азиамонро самимона дӯст дорем.
Дар ҳақиқат ҳам, созандагиву ободкории ин кишвар дар дасти ҳар яки мост ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои миллату давлат мебошанд. Ба ҳамин хотир, мо бояд ба қадри меҳнату хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатамон бо меҳнати софдилона дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми барҷаста гузорем.


Муслиҳиддин БУРҲОНЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: