Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ-БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ

БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ-БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ

4-07-2024, 17:09
Хабарро хонданд: 592 нафар
Назарҳо: 0
БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ-БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию, тиҷоратӣ ва сайёҳию фарҳангӣ барқарор намудааст.
Ин раванд, аз як ҷиҳат, сабаби пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷониби дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва ҷаҳонишавии босуръат баъзе мушкилиҳоро низ дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст.
Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии бегона ба дигар кишварҳо мегардад.
Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва амнияти давлатӣ ба миён меояд.
Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳимме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд.
Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ дар назари аввал ҳамчун падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта мешавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти тундгароёна, намоишкорӣ ва зиёдаравии ташвишовар касб мекунанд.
Ҳамин буд, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9-уми марти имсол ба ҳолати кунунии рафтори шаҳрвандон перомуни ин масъала изҳори нигаронии ҷиддӣ баён гардид: “Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ - бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Онҳое, ки либосҳои бегонаро мепӯшанд, намоишкорӣ мекунанд. Фикр мекунанд, ки аз дигарон фарқ мекунанд, онҳо ақл доранду аз дигарон боло ҳастанд. Ҳеҷ чӣ нестанд, аксарияташон бесаводанд. Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд на ба хотири ҳадафҳои исломӣ, балки барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд”.
Воқеан, фориғболӣ нисбат ба тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва унсурҳои фарҳанги дигарон метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд ва дар фазои иттилоотии кишвар боз як ҷараёни нави ифротӣ ба вуҷуд оварад.
Чунин рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъиноти пероҳанҳои гуногун собит менамояд.
Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки ин ҷанбаи муҳимми фарҳанги мардумӣ ва намуди зоҳирии пӯшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии банӣ башар будааст.
Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибоси мардум ва намудҳои он баҳогузорӣ мекардаанд.
Пешрафти баъдинаи тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишвар¬кушои¬ҳои онҳо вобаста будааст. Забткорию ҷангҷӯӣ иловатан тақозо мекард, ки сипоҳиён нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати сарулибос бештару беҳтар таъмин бошанд. Сипас, муқаррар кардани либоси ягонаи низомӣ (униформа) ба ҳукми қонун даромад. Сипоҳиёни кишварҳои гуногун бад-ин васила ҳангоми муҳорибаҳо худиро аз бегона фарқ мекарданд.
Дар таърихи илми ҳарбӣ пайдоиши нахустин сарулибоси ягонаро ба Спартаи Юнон ва сипоҳи шоҳони давлати Ҳахоманишиниён мансуб медонанд.
Шигифтовар ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ неруҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли густариши ойини нав, ҷангҳои салибӣ ва ғазавоти исломӣ ҳамаҷониба сафарбар мешуданд.
Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худвижаи динию мазҳабӣ ҳам сироят кард. Имрӯз воқеият чунон аст, ки аз рӯйи сарулибос руҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст.
Зиёда аз ин, дар шароити буҳронию сиёсии ҷаҳони муосир аз нигоҳи риояи меъёрҳои сарулибос артишҳои пешрафтаи дунё талаботро барои тафсило¬ти ҷузъии он ба шиддати аъло расонидаанд.
Намуди якнавохти сарулибос ва дар пушти худ ҳамеша гардо¬нидани борхалтаи аслиҳаву лавозимот хусусияти маҳдудкунии ҳуқуқӣ касб карда истодааст.
Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки сарварони сипоҳу дин моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарулибос будаанд.
Истилоҳи сарулибоси исломӣ маҷмуи талаботу муқарра¬роти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд.
Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро пӯшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пӯши¬да¬ни либосҳои пурҷило ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Барои занон бошад, тафсилоти бештар дар сураи Нур, ояти 31 омадааст. Дар ояти дигаре аз сураи Аҳзоб, ояти 59 бевосита чунин фармуда шудааст: “Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони муъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзан¬даи Меҳрубон аст”.
Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вижагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку¬нан¬даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад.
Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос, инчунин, набояд танг, балки то андозае кушоду бароҳат дӯхта шавад.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва ҳодисаҳои марбут ба ин мавзуъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд.
Барои мардону занони мусулмони давлати мо имрӯз бояд ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа ва тардид набошад, ки фақеҳони тоҷиктабори минтақаи ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр, яъне Осиёи Марказии имрӯза ҳанӯз дар аҳди империяи нахустини миллии тоҷикии мусулмонӣ - Сомониён тамоми аҳкому ақоид ва барномаи рафтори намунавии як фарди мусулмон, аз ҷумла фарҳанги либоспӯширо барои ҳамаи қавму миллатҳои маскуни ин қаламрав дар асоси талаботи муқаррароти мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ бо назардошти урфу одат ва суннати либоспӯшии онҳо фақеҳона ва мӯшикофона дар асоси фармудаҳои Китобу суннат, усули дин ва аҳкоми шаръӣ барои пасояндагон таҳия намудаанд.
Миллати тоҷик ин ганҷури арзишманди дорои омӯзаҳои миллӣ ва динию мазҳабиро бе каму кост то ба даврони истиқлоли давлатӣ расонидааст.
Дар ин росто, як ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъ¬ҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишини Осиёи Марказӣ аз ҳам тафовут доштанд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вижагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллии ҳар халқ мутобиқ гардонида мешуд.
Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити водиҳои биёбонӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои пӯстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Ба ҳамин сабаб, риши паҳну дароз мондани мардон ҳам дар сарзаминҳои гарм тавсия дода намешуд.
Дар минтақаи Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону духтарон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли¬доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули¬бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии онҳо буд.
Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия¬ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд, дар маҷмуъ, як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд.
Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст.
Дар ҳама давру замон либоси мардуми мо, аз ҷумлаи шалвор, пероҳан ва рӯсарӣ аз матои адрасу чакани ранго¬ранг ва карбосу алачаи якранг будааст.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па¬зи¬руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд.
Дар иртибот ба ин мавзуъ, Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин иброз доштанд: “Эй мардуми тоҷик, мо ориёитабор ҳастем, мо ориёӣ ҳастем, мо намояндаи тамаддуну фарҳанги ҳиндуаврупоӣ ҳастем, мо ҳуқуқи ба таври замонавӣ либос пӯшидан дорем, чеҳраи моро бинед, чеҳраи тоҷикро бинед, мо тарзи либоспӯшии зебову пешрафта доштем”.
Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти¬лҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито¬ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило¬ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд.
Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар¬ди¬дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳаммияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накарда¬ни он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Як нукта қобили таъкид кардан аст, ки ҳиҷоб пӯшидан дар аксар кишварҳои дунё, аз ҷумла Қазо¬қис¬тон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбой¬ҷон ва Туркия, ки аксарияти сокинонашон мусулмо¬нанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассиаҳои давлатӣ манъ карда шудааст.
Туркия нахустин давлатест, ки соли 1925 расман ҳи¬ҷоб пӯшидани занонро манъ карда буд.
Дар Туркия, ки дар созгор намудани арзишҳои исломӣ бо талаботи модерн таҷрибаи калон андӯхта шудааст, соли 2008 Суди консти¬тут-си¬онӣ пешниҳоди ҳукумати Реҷеп Эрдоганро дар бораи бекор карда¬ни манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо қабул накард. Аксари дав¬лат¬ҳои арабӣ ҳам роҳи бунёди давлати дунявиро интихоб намуда, дар масъа¬лаи пӯшидани ҳиҷоб ба муносибати фардии занон бартарӣ додаанд.
Пас дар вазъияти баамаломада шаҳрвандони ҷумҳурии мо барои ҳифзи асолати сару¬либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ бояд чӣ гуна рафтор намоянд ва кадом тадбирҳои заруриро анҷом диҳанд, ки ба таъбири Сарвари давлат, “роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳем, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд”?
Ба назари мо, дар иртибот ба ин мавзуъ ба эътибор гирифтани андешаҳои зерин муҳим менамоянд:
1. Маросими ҳаҷ яке аз ҷамъомадҳои бузурги мусулмонони ҷаҳон дар як фосилаи замонии муайян маҳсуб мешавад ва дар он ба маъраз баровардани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва динии қавму миллатҳои гуногун таҳаққуқ мепазирад. Барои омодагӣ ва баргузории мавсими ҳарсо¬лаи ҳаҷ ниҳодҳои гуногуни истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бонкию молиявӣ ширкат менамоянд, ки онҳо то андозае дар тарғиб ва бозоргузар кардани молу ашёи гуногун, аз ҷумла либосҳои динӣ манфиатдор ҳастанд. Ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷ рафтаи моро ба таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо дар лаҳзаҳои нодири аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии дорои хусусияти миллиро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъд аз бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону духтарон ба ваҷҳи наку пайравӣ пайдо кунад. Чунин рафтор беҳтарин василаи тарғиби сарулибоси миллии мо дар миқёси ҷаҳони ислом мегардад ва онҳо огоҳ мегарданд, ки ҳамин сарулибос пӯшиши тоҷикони мусулмон аст.
2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Бо назардошти ин паҳлуи масъала, Пешвои миллат дар мулоқот Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор карданд, ки “дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд”. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани маҳсулоти хориҷиро гирифта метавонад. Ба андешаи мо, имрӯз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ бояд дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рӯйи кор биёяд, ки ҳам ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҳам андешаи исломӣ комилан созгор бошанд. Дар ҳоле ки то миёнаи солҳои навадум корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ чандин намуди рӯймолҳои шолдор, гардӣ, дока ва махсусан, рӯймоли сафедаки пахтагиро истеҳсол ва пешниҳоди харидорон менамуданд. Вазъи кунунӣ доир ба ин масъала, зарурати ҳифзи амнияти давлатӣ ва фарҳанги миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону духтарони тоҷикро бароварда гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу руҳнавоз бошанд ва таваҷҷуҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд. Мо бояд нагузорем, ки молистеҳсолкунандагони хориҷӣ тиҷораташонро барои рахна кардани пояҳои устувори фарҳанги миллии мо равнақ диҳанд.
3. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии молҳои ватанӣ метавонад воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рӯсариҳоро аз хориҷи кишвар комилан аз байн барад. Агар мо дар замири ҳоҷиён ҳисси ватандӯстиро бедор карда таво¬нем, онҳо ҳатман аз нигоҳи бартарият додан ба сарулибоси миллию динӣ харидани туҳфа-армуғонҳои истеҳсо¬ли худиро ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар, ин иқдом дастгирии сазовори корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ, иқтисодиёти ватанӣ мешавад.
4. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои форс¬на¬жод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надошта¬аст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Дар пӯшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад. Пайравони шиаи дувоздаҳимома ба хотири ҳамдардии куштани фарзан¬до¬ни аҳли байти пайғамбар либоси сиёҳ пӯшида, мотам гирифтаанд ва то ҳақро ба ҳақдор додан аз он берун омаданӣ нестанд. Пешвоёни калисои масеҳии қибтӣ, баробари паҳн шудани ислом дар сарзамини Миср, ба худ назр додаанд, ки то комилан аз нав масеҳӣ шудани кишвари Қибт анда¬ру¬ни либоси сиёҳ кору пайкор хоҳанд кард. Ҳамчунин, тибқи таълимоти буддоӣ, чиниён чунин мепиндоранд, ки пайдо шудани сафедӣ дар мӯйи сар нишонаи марг аст. Аз ин рӯ, онҳо ба муҷарради дар мӯйи сарашон дидани сафедӣ онро ҳамеша сиёҳ мекунанд. Ҳар сеи ин ҳолат бо арзишҳои миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо ҳеҷ бастагие надоранд ва ноогоҳона тақлид кардан ба сиёҳпӯшӣ дар ташаккули ҷавҳари имонию эътиқодии ҳар фард амали носавоб хоҳад буд.
Анъанаи сарулибосҳои динии занону духтарони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.
5. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармо¬наю ношоиста ва таблиғи сатру ҳи¬ҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз ни¬го¬ҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда меша¬ванд. Ин қабил сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас¬та¬гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ намоишкорӣ ва “дар либоси дӯстдорӣ кори душман кардан” чизи дигаре нест. Дар паҳнку¬нии сатри бегона ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва ҷоҳталаб, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва филмномаҳои моҳворавӣ низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани руҳияи бесобиқаи диндории мардум, камсаводӣ, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ мегузорад.
6. Ҳамчунин, бояд ба эътибор гирифт, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷиҳати таъсиргузор боқӣ мондан дар дурнамои геополитикаи давлатҳои Ховари Миёна «неруи» нарм ва «неруи гарм»-ро васеъ истифода бурда истодаанд. Ҳоло брендҳои машҳури либосбарории ҷаҳон намунаи гуногуни либос, хусусан сатру ҳиҷобро барои рушди тиҷорати худ бо камоли “меҳрубонӣ ва дӯстдорӣ” пешниҳоди занони мусулмони ҷаҳон гардонида истодаанд. Дар пешгирӣ намудани ин таҳоҷуми шадид дар фарҳанги либоспӯшӣ хусусан воридоти сару либоси ба фарҳанги мо бегона зарурати ҳамкории зичи олимону коршиносон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳ надодан ба рафтори хушунатомез тақозо мешавад.
Танҳо бо чунин тартиби кор мо метавонем татбиқи ама¬лии дастуру супоришҳои дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баёншударо таъмин намоем.

Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Фраксияи ҲХДТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: