Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “МО БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАМЕША ОМОДАЕМ”

“МО БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАМЕША ОМОДАЕМ”

4-07-2024, 07:30
Хабарро хонданд: 741 нафар
Назарҳо: 0
“МО БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАМЕША ОМОДАЕМ”

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба 27-умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, собиқадорони ҳизбию давлатӣ, фаъолони ҳизб, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва афсарону сарбозон доир гардид.
Дар кори конфронс, ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сардори шуъбаи амнияти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Қодиров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, cардори Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон Амиралӣ Малиқозода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бахтиёр Маҳмадалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки мо Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун рӯзи эҳёи дубораи миллат ҷашн мегирем ва дар радифи дигар идҳои бузурги миллатамон онро арзишманд медонем. Зеро маҳз баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми мардуми ҷаҳон огоҳ гардид, ки мо миллати соҳибхирад ва тамаддунофар ҳастем ва анъанаҳои ибратомӯзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шахси ватандору ватандӯст ва бо нангу номус муқаддас аст. Маҳз Ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам овард, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузошта шавад.
Мамнур Нурзода аз нақши таърихии Роҳбари давлат дар раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, зикр намуд, ки имрӯз ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Раиси муаззами ҳизб аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Наврӯз Қодиров аз ҳаводиси солҳои 90-уми қарни гузашта, ки кишварамон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ қарор дошт, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки вожаи ваҳдат пас аз ба ҳам омадани ҳукумати қонунӣ ва тарафҳои муқобил арзишманду муқаддас гардид. Вазифаи ҷонию имонии ҳар яки аз аҳли ҷомеа он аст, ки сулҳи побарҷоро ҳифзу нигаҳдорӣ намояд ва ҳаргиз ба душманони миллат имкон надиҳад, ки дубора ба гиреҳу ҷудоиандозӣ даст занад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода дар суханронии хеш баён сохт, ки бузургии ваҳдатро пос бояд дошт, зеро ин неъмат ба нархи ҷони ҳазорон далерони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри ҳифзу гиромидошти ин арзиши бузурги миллӣ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ диҳад. Имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳастанд нохалафоне, ки санг бар пояи ваҳдату сарҷамъии тоҷикон мезананд. Вале, мо шаҳрвандонро мебояд, ки пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро гирем, марзу буми Ватанро шабу рӯз ҳифз намоем.
Дар анҷоми кори конфронс як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳр бо медали ҷашнӣ, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ карда шуданд.

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ
“МО БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАМЕША ОМОДАЕМ”

Дар доираи иҷрои қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ”-и Китобхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуд.
Ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоӣ Фазила Навбуҳорова оғоз карда, дар асоси рӯзномаи маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Фуруғ” дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Сипас, вобаста ба масъалаи интихоби ҳайати Раёсати аъзои ташкилоти ибтидоӣ номзадии 5 нафар фаъоли ҳизб ба ҳайати раёсат интихоб карда шуд.
Вобаста ба интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби аъзои ҳизб номзадии Фазила Навбуҳорова ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод гардид ва интихоб карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Дар фарҷом раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал овард, ки корҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Инчунин, вобаста ба пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои суннатӣ ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур дода шуд.

Бохтар
“МО БАРОИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАМЕША ОМОДАЕМ”
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” - и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ва аъзои фаъоли ҳизб доир гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ”-и ҲХДТ дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолияти ҳизбии худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, корҳои гуногунро ба анҷом расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии аъзои ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” ба 1132 нафар расонида шуд, ки аз ин шумора 426 нафарро устодону кормандон ва 751 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён гардид, ҳайати профессорону омӯзгорон тавассути васоити ахбори омма андешаҳои худро баён намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” Маҳмадалӣ Қурбонзода - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Маҳмадкарим Шарифов - муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.
Ҳамчунин, зимни баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳайати нави раёсати ташкилоти ибтидоӣ дар ҳайати 7 нафар интихоб ва тасдиқ карда шуда, 27 нафар ҳамчун вакил ба конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар пешниҳод карда шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода дар суханронии худ ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ”-и ҲХДТ дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар давраи ҳисоботӣ баҳои баланд дода, зикр дошт, ки саҳми сазовори роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони он дар иҷрои вазифаву барномаҳои оинномавии ҲХДТ созгору муҳим аст.
Гуфта шуд, ки Роҳбарияти Олии ҳизб минбаъд низ аз ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ чунин фаъолнокӣ ва ғайрату меҳнати содиқонаю софдилонаро интизор мебошанд.
Дар охири маҷлис як қатор кормандон ва фаъолони ташкилот бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида, ба чанд тан аз омӯзгорону кормандони ҷавони донишгоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Сино
Бо иштироки роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” Жило Гулназарзода ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” Конференсияи ХI-уми ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар ибтидо ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҳизб корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.
Дар рафти кори конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардида, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои дигари рӯзнома Зафар Гулмаҳмадзода доир ба интихоби раис ва муовинони раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” суханронӣ намуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аксарияти вакилони конференсия бо дар назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ Жило Гулназарзода ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва Лайлӣ Шарифзода ба ҳайси муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” интихоб гардиданд.
Ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзнома - интихоби вакилон ба Конференсияи 44-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” 13 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар конференсияи мазкур пешбарӣ гардиданд.
Дар идома Зоҳир Ҳабибзода оид ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ҳамзамон, доир ба заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари донишҷӯёну кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ карда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Шоҳмансур
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” Азим Иброҳим ва аъзои фаъоли ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” ширкат доштандд.
Дар ибтидо раиси ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” Азим Иброҳим оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ҳисобот дод.
Дар қисмати музокираҳо аъзои ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” ба музокира баромада, ҳисоботи ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати раёсати ташкилот иборат аз 5 нафар интихоб гардид.
Вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” номзадии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз нав пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлдод қабул ва тасдиқ карда шуд.
Ба ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ” ва котиби ташкилот низ интихоб шуданд.
Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис вакилон барои иштирок дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дар идомаи маҷлис Ҷӯрабек Муродов ва Нилуфар Каримзода доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.
Зимнан, оид ба амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, инчунин, бобати иҷрои босифати дастуру супоришҳои ҳизбӣ, қабули сифатноки аъзои нав ба сафи ҲХДТ, танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, назорати пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар гардид.
Дар фарҷом ба як қатор кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Инчунин, як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.

Файзобод
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонат”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод бо иштироки намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Кибриё Раҷабова маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллобек Раҷабов оғоз намуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифагузориҳо барои давраи баъдӣ шунида шуд.
Дар ҳисобот иброз шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳадафҳои барномавӣ дар сатҳи баланди сиёсиву ифтихори миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳизбиён дар баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, фарҳангию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ҷавонон саҳми шоиста гузоштанд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилот Абдуллобек Раҷабов аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии 19-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод ду нафар аъзои фаъоли ташкилот бо тариқи овоздиҳӣ вакил интихоб гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кибриё Раҷабова зимни суханронӣ оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша кард.
Сипас, намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов дар суханронии оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамаи моро мебояд бо масъулияти баланди ҳизбиву ватандӯстӣ, дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳофарии Пешвои миллат ҷамъ омада, саҳми фаъолонаи худро дар корҳои созандагию ободонии кишвар зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” гузорем.

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо иштироки фаъолзанони ҳизб, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, кормандони китобхонаи шаҳрӣ, филиалҳо ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова зимни суханронии хеш зикр дошт, ки Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”.
Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи пешрафтаи аксари кишварҳои олам нишон медиҳад, ки мустақилияту ваҳдат ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Сиёсати созандаи Пешвои миллат дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Марҳабо Расулова зикр дошт, ки занону модарони мо, меҳвари асосии ҳар хонадон буда, дар баробари мардон шуғл варзидан ба кори ҷамъиятӣ ва давлатиро бар дӯш доранд.
Дар идома раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Муаззама Тӯраева аз воқеаҳои нангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шуда, аз ҳаёти худ ба бонувони ҷавон мисол овард ва занонро пешсафони ҷомеа дар роҳи озодихоҳӣ, ваҳдатоварӣ ҳисобид қайд кард, ки қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа, давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ метапад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ба ғолибони озмунҳои "Муаллими сол" ва "Мураббии сол" сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ба чанде аз ҷавондухтарон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.

ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ САФИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ МЕАФЗОЯД
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Молл” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, муовини директори ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол” Бобур Султонов ва дигар кормандон иштирок намуданд.
Дар ибтидо, Бобур Султонов вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди ҳимояи арзишҳои миллӣ ибрози андеша кард.
Тибқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, он “Тиҷорат - Душанбе Молл” номгузорӣ карда шуд.
Тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва дастгирии аъзои ҳизб Бобур Султонов ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тиҷорат - Душанбе Мол” интихоб гардид. Ҳамзамон, дар асоси рӯзномаи ҷаласа Тоҷиддин Ёров муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис ба кормандони ҶСК “Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, шаҳодатномаҳо ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар идома Убайдулло Қурбонзода дар суханронии худ иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!”, аз ҷумла рушди иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат - истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.
Мо аз шаҳрвандони кишвар, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онҳоеро, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват ба амал меорем, ки ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд, -гуфт дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода.

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" роҳандозӣ карда шуд.
Санаи 25-уми июни соли равон дар толори варзишии деҳаи Шӯроби Искандари Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор маросими кушодашавии даври минтақавии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар оғоз, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода суханронӣ карда, иштирокчиёни мусобиқаро ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман рӯзи 25-уми май эълон гардид, инчунин, ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод гуфтанд.
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ғолибон бо “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамин тавр, мусобиқа байни дастаҳои шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод доир гардида, дастаи футболи шаҳри Ҳисор ғолиби ҷойи якум, ноҳияи Файзобод ҷойи дуюм ва шаҳри Ваҳдат ғолиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дастаи шаҳри Ҳисор барои ба даст овардани “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба даври ниҳоӣ - мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинад.
Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: