Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид

Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид

17-06-2024, 08:40
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардидДар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов доир ба муҳимтарин тасмимҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имконияти фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.

Роҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон — CTOUR Ҳанс-Петер Гаул иброз намуд, ки баргузории чунин чорабинии муштарак ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии мамлакат, бахусус сода гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон посух дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: