Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Чин барои сармоягузорӣ ба кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расониданд

Тоҷикистон ва Чин барои сармоягузорӣ ба кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расониданд

22-05-2024, 10:54
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Чин барои сармоягузорӣ ба кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расониданд21 май байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба амалӣ намудани ҳамкории сармоягузорӣ барои ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд. Созишнома зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдоии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Раиси Корпоратсияи «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd» Ли Мао ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорат.

Гуфта шуд, ки ин корпоратсия яке аз азимтарин гурӯҳи корхонаҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишти энергетикӣ ва коксшаванда дар асоси технологияҳои «сабз» буда, ба қатори 50 ширкати азими «сабз»-и саноатӣ ва 500 ширкати калонтарини эҳсонкори Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил мебошад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Корпоратсия аллакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт (400 миллион доллар сармоягузорӣ) ва лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 миллион тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ (60 миллион доллар сармоягузорӣ) ба фаъолият оғоз намудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: