Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДОНИСТАНИ ҲУҚУҚҲО – КАФИЛИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

ДОНИСТАНИ ҲУҚУҚҲО – КАФИЛИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

16-05-2024, 10:02
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
ДОНИСТАНИ ҲУҚУҚҲО – КАФИЛИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ Соли маърифати ҳуқуқӣ

“Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, такмил додани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзмарра буда, барои зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст.
Аз ҷумла, ҳадафи маърифати ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои он ба таҳсил, кумак расонидани наврасон ва ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Он ба наврасон ва ҷавонон таълим медиҳад, ки дигаронро эҳтиром намоянд.
Яке аз сабабҳои бемасъулиятии бархе аз наврасон ва ҷавонон дур мондан аз таҳсил ва истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ мебошад, ки дар он омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварӣ, куштор, косташавии ҳисси ватандӯстии насли наврас ва ҷавононро ба бор меорад.
Таҳсилот дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ маънои таълим, омӯзиш, тарғиби иттилоот, амалия ва фаъолиятеро дорад, ки ҳадафи он ба донишҷӯён додани дониш, малака ва фаҳмиш, инчунин, ташаккули ақидаҳо ва рафтори онҳо, ба онҳо имконият додан аст, ки дар эҷод ва ҳифзи фарҳанги умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон дар ҷомеа бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои он саҳм гузоранд.
Дар марҳалаи муосир вазифа аз он иборат аст, ки муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаи илмӣ, таълимӣ ва тиҷорат ва васоити ахбори омма метавонанд ба фаъолияти зиддитеррористӣ ва экстремистии давлат фаъолона пайваст шаванд ва дар ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми назаррас гузоранд.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз на танҳо як давлат, як ҷомеа, балки тамоми минтақаҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошад. Барои пешгирӣ кардани ин амалҳои номатлуб тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин радиф эълон доштани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз мақсадҳои басо ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои наврасону ҷавонон, балки барои кулли ҷомеа ва умуман, тамоми аҳолии мамлакат ба манфиати кор аст.
Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқи инсон доираи васеи барномаҳо ва чорабиниҳои маърифатиро барои ба даст овардани дониш, малака ва ташаккули муносибатҳо пешбинӣ мекунад. Он ба одамон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром ва ҳимоя намоянд.
Ба ақидаи ҳамоҳангсози маориф ва таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид Елена Ипполити, таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар бунёди ояндаи одилона, осоишта ва устувор, ки дар он принсипҳои ҳуқуқи инсон риоя карда мешаванд, саҳми назаррас дорад. Ба таъкиди ӯ, “Таҳсилот дар ҳуқуқи инсон, махсусан, барои наврасон ва ҷавонон, аз ҷиҳати тавонмандӣ, омодагӣ ба иҷрои нақши шаҳрвандони фаъол ва иштирок дар қабули қарорҳо дар ҷомеа муфид аст”.
Таҳсилот дар соҳаи маърифати ҳуқуқии инсон ҳисси баланди инсонияти умумиро ба вуҷуд меорад, зеро он имконияти ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсонро тақвият мебахшад, ҷавононро аз беҳудагардӣ ва ҳар гуна муноқишаҳо, ки ба зарари худи онҳост, дур месозад.
Маориф дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳисси инсонияти умумиро тарбия мекунад, зеро он андешаи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсонро тақвият мебахшад. Инро бояд, пеш аз ҳама, падару модарон дарк кунанд ва дар ҳаққи наврасону кӯдакон ва фарзандони худ зомин нашаванд.
Ҷамъият он вақт солим ва пешрафта ҳисобида мешавад, ки дар он калонсолон ба насли ҷавон ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори хубро омӯзонанд.
Наврасон ва ҷавонон бояд дар ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, саҳми бузург гузоранд ва мо, калонсолон, бояд боварӣ ҳосил кунем, ки онҳо воситаҳои заруриро барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва дигарон ба даст оранд.
Имрӯз ҳуқуқи таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҷинс, нажод, миллат, забон, пайдоиш, вазъи молумулкӣ, иҷтимоӣ ва мансабӣ, ҷойи зист, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва инчунин, дигар ҳолатҳо кафолат дода мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳсилоти ҳуқуқи инсон бо сабабҳои зиёд муҳим аст. Зеро, маориф на танҳо ҳуқуқи асосии инсон, балки шарти татбиқи ҳар як шахс ҳам дар сатҳи инфиродӣ ва ҳам дар доираи ҷомеаест, ки ин шахс ба он тааллуқ дорад.
Дар айни замон маориф асоси мавҷудияти ҷомеаи фарогири ҷаҳонӣ мебошад. Таълим дар ташкили ҷомеаи одилона, ки ба ҳамбастагии умумӣ асос ёфтааст, нақши муҳим мебозад. Ниҳоят, таҳсилот, омӯзиш ва гуманизм (инсондӯстӣ) ба ҳам алоқаманданд ва тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифтаанд.
Вақте ки ҷавонон бо таълими ҳуқуқи инсон шинос мешаванд, дарк мекунанд, ки новобаста аз фарқияти байни одамон - нажод, ҷинс, сарват, қавмият, забон, дин ва ғайра ҳамаи мо сазовори ҳуқуқҳои муайян ҳастем. Ҳуқуқҳои инсон низ гуногунрангиро ҳимоя мекунад. Чӣ қадаре ки одамон дар ин бора зуд маълумот пайдо кунанд, барои ҷомеа манфиатовар хоҳад буд.
Дониш барои ҳама ҳуқуқҳои худро бо мақсади беҳтар кардани ҳаёти ҳар як шахс фароҳам меорад. Имрӯз, тавре ки воқеият нишон медиҳад, мо аз манипулятсияҳои беруна дуруст муҳофизат нашудаем ва ҳамчун шаҳодати рушди идеологияҳои экстремизм ва терроризм дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таназзули ахлоқии ҷавонони мо мегардад.
Чунончӣ дар боло зикр кардем, сабабҳои асосии ворид шудани ҷавонон ба ин созмонҳои ифротгаро, пеш аз ҳама, истифодаи воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, телефонҳои мобилӣ, интернет ва амсоли ин мебошанд, ки наврасон ва ҷавононро аз китоб хондану дониш омӯхтан боз медорад. Дониставу надониста, ба фиребу найрангҳои шахсони нохудогоҳу ватанбезор бовар карда, майли шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротиро ихтиёр мекунанд.
Экстремизму терроризми мусоир дорои захираҳои бузурги молиявӣ ва инсонӣ мебошад, ки аз марказҳои байналмилалӣ идора карда мешаванд.
Экстремизм ва терроризм дар шаклҳои худ гуногунҷабҳа буда, бо таълимоти мухталифи идеологӣ, сиёсӣ ва динӣ мусаллаҳ гардидааст. Ин ду зуҳуроти номатлуб ба арзишҳои муқарраршудаи ҷамъиятии инсоният зарар мерасонанд.
Вобаста ба ин, басо рамзӣ ва саривақтӣ ҳам ҳаст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” барои такмили донишу ҳисси ватандӯстии насли наврас, ҷавонону калонсолон мусоидат менамояд. Зеро, шахсе, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ бо роҳи бад намеравад, дар ҳар ҷойе, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, чунки дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талоши доимӣ пурбор гардонидааст.
Давлат ҳамчун танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ амал мекунад. Вазифаи давлат фароҳам овардани шароити ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, иҷрои як қатор вазифаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба табиати он алоқамандии хос доранд. Дар баробари ин, таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳони муқовимат бо экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки идеологияи зӯроварӣ вақте ки дар ҷомеа дастгирӣ меёбад, ба таври васеъ паҳн мешавад. Ин аст, ки ҷалби ҷомеа ба баррасии масъалаҳои муқовимат ба идеологияи зӯроварӣ имкон медиҳад, ки воситаҳои истифодашавандаро то ҳадди имкон санҷида, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонро вайрон насозанд.
Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки то андозае вазифаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мебошад. Ин кор аз мавқеи возеҳи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ва шаҳрвандони алоҳида вобаста аст.
Дар мамлакати мо пешгирии зуҳуроти экстремистӣ бояд ҳамчун воситаи истиқрори сулҳи шаҳрвандӣ ва муттаҳид кардани талошҳои шаҳрвандони мамлакат дар барқарорсозӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии кишвари мо баррасӣ карда шавад.
Барои муқовимат кардан ба экстремизм ва терроризм, аз ин падидаи хатарноки манфии иҷтимоӣ халос шудан, муттаҳид кардани тамоми қувваҳои ҷомеа, истифодаи оқилонаи онҳо, кори маънавию ахлоқӣ ва равонӣ бо ҷавонон зарур аст.
Корҳои доимӣ ва ҳамаҷониба оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, экстремизм, беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, хусусан дар муҳити ҷавонон хеле муҳим мебошанд.
Механизмҳои муосири ташаккули ҳаракатҳои экстремистӣ тавассути интернет ташкил карда мешаванд ва дар блогҳои дахлдор ҷустуҷӯйи ҳамфикрҳо идома меёбад.
Экстремизми динӣ дар сурати истифодаи идеологияи динӣ бо мақсадҳои миллатгароӣ ва ҷудоиталабӣ, ки махсусан, дар ҳолатҳои сафарбаркунии динӣ ва этникӣ муҳим аст, шадидтар мешавад. Барои пешгирии экстремизми динӣ муттаҳид кардани талошҳои созмонҳои динӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеа ва шаҳрвандон талаб карда мешавад.
Масъалаи ташкили низоми иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ, солимгардонии ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳамкории чандири сохторҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ муҳим аст. Ин ҳамкорӣ метавонад ба ташкили системаи ягонаи пешгирӣ ва пешгирии бегонапарастӣ, экстремизм ва ташаккули шуури таҳаммулпазирӣ ва ҳувияти ягонаи умумишаҳрвандӣ дар ҷомеа асос гузорад.
Захираҳои зиёди пешгирии экстремизм ва терроризмро зиёиёни эҷодкор доранд. Метавон тавассути асарҳои моҳияти ватандӯстидошта, нафрат доштан нисбат ба терроризму экстремизм дар ниҳоди наврасону ҷавонон, умуман, аҳли ҷомеа ҳисси ватандӯстиро афзун гардонанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин амалҳои нангину манфур - экстремизму терроризм ҳуқуқҳои муҳимтарини инсон - ҳаёт, озодӣ ва амниятро халалдор месозанд. Он ба яке аз мушкилоти муҳимтарини ҷаҳони муосир табдил меёбад.
Дар асри технологияҳои ҳарбӣ шахсият ба он қодир аст, то тамоми дастовардҳои муосири илмиро барои ҳалли ҳадафҳо ва вазифаҳои худ равона кунад.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ҳушёр бошед, хонед, Ватани худро соҳибӣ кунед, боз ягон зангӯлаи дигарро дар гардани мову шумо бор накунанд”.
Бе доштани маълумот одамон ҳам дағал ва ҳам камбағал, бадбахту гӯлу гумроҳанд. Одамон дар ду ҳолат ба роҳи бад мераванд: аз надоштани дониши кофӣ, аз вазъияти иқтисодии оила, ки ин ҳам ба надоштани дониши кофӣ вобаста аст.
Аз ин рӯ, омӯхтан, донистан ва амал кардан, ки касро ба манзили умед мерасонад, аз вазифаҳои муҳимми наврасону ҷавонон, умуман, ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Ба ҳамаи ин, эълон доштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мусоидат менамояд.
Бахтиёр ЗУЛФОНОВ,
ходими пешбари Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: