Ноҳияи Сино
Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода, муовини раиси ноҳияи Сино Мунир Шарофиддинзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар рафти маҷлис мувофиқи рӯзномаи он масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат рӯзи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Зоҳир Ҳабибзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориш дода, аз ҷумла зикр кард, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.
Дар ин замина, ташкилотҳои ҳизбӣ раванди корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшида, дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 208 мулоқоту вохӯриро миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандони ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт доир намуда, дар самти кор бо ҷавонон 23 чорабинӣ бо фарогирии 1589 нафар ҷавонон, дар самти кор бо занон 56 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҳфилҳои маърифативу иттилоотиро бо фарогирии 47 ҳазору 850 нафар занону бонувон доир карданд.
Дар идома гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 2936 ҳашару шанбегиҳои оммавӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо 4210 дарахту ниҳол ва 3500 гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шуҳратҷон Фозилзода оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш дод.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов ва муовини раиси ноҳияи Сино Муниршо Шарофиддинзода зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол намудани намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, доир намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини сохторҳои ҳизбӣ тақозо намуданд, ки дар ин самт таваҷҷуҳи ҷиддӣ оҳир намоянд. Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, саҳмгузорӣ дар тозагиву кабудизоркунӣ ва ободонии ҳудуди ноҳия, таъмини иҷроиши саривақтии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳия дастурҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷом бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар маҷлисгоҳи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Воҳид Абдуллозода ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб иштирок карданд.
Дар асоси рӯзномаи маҷлис дар ибтидо Убайдулло Қурбонзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи аъзои ҳизб дар ноҳия 362 нафар зиёд гардида, 3 ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, 289 нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шуда, 20 нафар аз қайди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бароварда шуданд ва 6 нафар бинобар сабаби фавт аз сафи ҳизб хориҷ гардиданд.
Дар семоҳаи сипаришуда Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар асоси қарорҳои дар анҷуманҳо ва маҷлисҳои сохторҳои болоии ҳизб қабулшуда ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб нақшаву барномаҳои мукаммал таҳия намуда, як силсила корҳоро ба сомон расониданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд.
Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб барои амалӣ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” тадбирҳои зарурӣ андешида, дар назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз ҳисоби аъзои Раёсату Кумита, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва кормандони масъули ҳизбӣ ситоди доимӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои алоҳида таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмуи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор карда истодаанд.
Мувофиқи масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаи маҷлис тасдиқи қарорҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзои ҳизб ва тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ноҳияи Фирдавсӣ
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд.
Дар маҷлис ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 шунида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда, омӯзиш ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз моҳи марти соли 2024, ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ, дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби шахсони фаъол 683 шаҳрванд ба сафи аъзои ҳизб пайвастанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шаш ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТАУЗ Гидро”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Евро Дез”, Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Муассисаи таълимии “Гимназияи хусусӣ”-и ба номи Марям Зиёева ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” таъсис дода шуданд.
Дар идомаи маҷлис гузориш оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд.
Иброз гардид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавсими баҳорӣ бо ҷалби Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кумитаву ташкилоти ҳизбӣ аксияи ниҳолшинӣ доир намуд, ки дар маҷмуъ, 5385 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, 16 624 бех гулҳои садбарг ва мавсимӣ дар дохили ташкилоту муассисаҳо ва дохили майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсӣ шинонида шуданд.
Дар интиҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
ҲАМОИШИ БОНУВОН ДАР БАДАХШОН
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангиро таҳти унвони “Нақши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа” доир карданд.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова, муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбезода, бонувони фаъоли ноҳия, ҷавондухтарон, собиқадорони меҳнат аз ҳисоби занон, аъзо ва ҷонибдори ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зунайда Раҷабова зимни суханронӣ дар бораи саҳми боризи занону модарон дар пойдории сулҳу субот, пешрафти ҷомеа ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, дар хусуси пешравиҳо ва муваффақиятҳои бонувони ноҳияи Рӯшон дар тӯли 30 соли мавҷудияти ҳизб андешаронӣ ва барои бонувони собиқадор барои хизматҳои арзандаашон дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд. Зунайда Раҷабова ҳамчунин афзуд, ки бонувони ноҳияи Рӯшон барои халқу Ватан содиқона хизмат карда, минбаъд низ дар тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ саҳмгузор хоҳанд буд.
Дар идомаи ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбезода доир ба саҳми Пешвои миллат дар пешрафти ҳаёту рӯзгори бонувони ноҳия, фаъолияти чашмраси занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, нақши онҳо дар пойдорию солимии оила ва таълиму тарбияи насли ояндасоз андешаҳояшро баён дошт.
Ҳамчунин, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Гулнисо Қадаменова дар мавзуи "Бонувон дар меҳвари таваҷҷуҳи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон", мудири бахши фарҳанги ноҳия узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Насиба Баҳромова дар мавзуи "Мавқеи Пешвои миллат дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон" ва котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии “Пайғоми Рӯшон” Сарадбегим Дӯстова дар мавзуи "Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ" аз номи занони соҳибҳунару соҳибкор, оид ба ҷалб намудани ҷавондухтарон ба касбомӯзию ҳунармандӣ ва ҷудо гардидани грантҳои президентӣ суханронӣ карданд.
Баъд аз поёни ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ дар боғи Парчами миллӣ бо иштироки бонувон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем!” бо ҳадафи тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо иштироки занону духтарон баргузор шуд.
НИШОНДИҲАНДАҲО ЧАШМРАСАНД
Бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, мудири шуъбаи молияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Мирзоалӣ Файзизода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид.
Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Мирзоқосим Каримзода ифтитоҳ бахшида, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи семоҳаи аввали соли 2024 гузориш дод.
Таъкид гардид, ки масъулияти ҳизбиён ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ хеле боло рафта, таваҷҷуҳи асосӣ барои тақвияти сафҳои ҳизб, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои соҳибдавлатӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву ватанпарастии аъзо равона гардидааст.
Дар музокира раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён оид ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр ибрози андеша намуд.
Дар идома ҳозирин суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзодаро дар бораи ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуниданд.
Аз рӯйи масъалаи сеюми ҷаласа ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули (хориҷ, боздошт) аъзои ҳизб узви раёсат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов гузориш дод. Ӯ зимни суханронӣ иброз дошт, ки кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мебояд, ки дар самти қабули аъзо ва созмон додани ташкилоти ибтидоӣ мувофиқи дурнамо фаъолият баранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни вазифагузориҳо баён дошт, ки ҳизбиён дар самти баргузории чорабиниҳо, гирифтани пеши роҳи зиёдаравӣ, таассубу хурофотпарастӣ зиёдтар масъулият ҳис намуда, барои ҷалби сифатноки бештари аъзо, раванди корҳои созандагӣ дар биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ХҲДТ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Деваштич ва Ҷаббор Расулов ва самаранок истифода бурдани хоҷагиҳои ёрирасон бештар талош намоянд.
Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома ҳайати нави аъзои ситод барои саривақт қабул намудани обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” тасдиқ гардид.
Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар хотимаи ҷаласаи Раёсат барои пешравии фаъолият дар самти омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, рафти хонишҳои сиёсӣ ва ҳамкории самаранок бо васоити ахбори омма дастурҳои судманд дод. Дар идома бо иштироки мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Мирзоалӣ Файзизода, раисону муҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Машғулиятро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов оғоз карда, баъдан Мирзоалӣ Файзизода усулҳои нави корбарӣ бо EC1 муҳосибӣ, раванди пардохти аъзоҳаққӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳосибиро манзури ҳозирин намуд.
Ҳамчунин, вазъи молиявии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуда, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва муҳосибон ба суолҳои худ посух гирифтанд.
ВОХӮРӢ БО ҲАМВАТАНОН ДАР ШАҲРИ ХИМКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Россия Федератсияи бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Федератсияи вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ вохӯриҳои судмандро пайваста доир менамояд.
Дар ин самт мулоқоти роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомуддинов дар якҷоягӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Химкии вилояти Москва Иброҳим Ҳомидов бо тоҷикони шаҳри Химки баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ нахуст корманди намояндагӣ изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.
Дар рафти суҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат бошанд.
Дар идома ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйироти воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин радиф, вобаста ба фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз 5-уми сентябри соли 2023, №655 "Дар бораи муқаррар кардани шакли огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтааст ва тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст", тағйирот дар бораи хусусиятҳои иҷрои ҷазо дар шакли ихроҷ аз қаламрави Россия ва ғайра маълумот дода шуд.
Дар идома аз ҷониби аъзои ҳизб оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузорӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ибрози андеша гардид.
Зикр гардид, ки мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони Тоҷикистонии муқими Русия ба мушоҳида мерасанд. Дар ин робита иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият диҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу буҳрон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.
Масъалаи дигаре, ки зимни вохӯрӣ корбарӣ гардид, ин зарурати андешидани тадбирҳои муассир дар маҷрои таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.
СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ оилаи Одинаевҳо роҳҳои дохилии деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлобро сангфарш намуд, ки дар ин иқдом сокинон низ фаъолона иштирок карданд.
Сокинон иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи ин оила, бахусус вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ситора Одинаеваро якдилона ҷонибдорӣ карданд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии маҳали хеш дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми шоистаи хешро гузоштанд.
Чунин ташаббуси созанда ва иқдоми хайрия аз ҷониби ин оила дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ пайваста роҳандозӣ гардида, бо ин васила дар амалигардонии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ мешавад.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон Амиралӣ Малиқозода иштирок карданд.
Дар ибтидо сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон Амиралӣ Малиқозода зимни суханронӣ миннатдории роҳбарияти Нозироти андозро баҳри қадрдонӣ ва табрикоти самимиашон баён намуд.
Дар рафти ҳамоиш прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов кормандони соҳаро бо ин сана шодбош гуфта, дар иҷрои масъулияти пуршарафашон комёбиҳои беназирро таманно намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ рушди устувори иқтисодиёт, аз ҷумла ташаккули бомароми буҷети давлатӣ аҳаммияти басо хоса дошта, он барои тадриҷан беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ заминаи устувор мегузорад. Дар ин раванд саҳми кормандони андоз назаррас арзёбӣ мегардад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода дар ҷараёни суханронӣ изҳор дошт, ки аз фаъолияти бомароми кормандони ин соҳа дастёбӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар возеҳу равшантар мегардад.
Кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини нишондоди буҷети давлатӣ, ки ба он пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар вобаста аст, тамоми донишу малакаашонро истифода карда, дучанд талош менамоянд.
Дар хотима аз ҷониби прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов ба кормандони Нозироти андоз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ба аъзои фаъоли Нозироти андоз сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
ЛИБОСИ МИЛЛӢ - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ
Тарғиби фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, вобаста ба ин мавзуъ пайваста миёни сокинон, аз ҷумла занону бонувон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар маркази ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ-муаррифии миллат аст!” баргузор гардид.
Дар рафти аксияи ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба рушди фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз либоси бегона миёни ҷавондухтарон суҳбатҳо ороста, зикр намуданд, ки либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллат мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар як давлатро дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ аз рӯйи либос ва фарҳанги миллиаш нек мешиносанд.
АЁДАТИ ЗАҲМАТКАШОНИ АҚИБГОҲ
Ҳар нафаре, ки барои пойдории сулҳ дар рӯзҳои мудҳиши хунин, махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бар зидди фашизм мубориза бурдаанд, ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, эҳтироми онҳо ба ҷо оварда мешавад.
Бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи ҷавонону занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нафароне, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, аёдат шуда, ба онҳо номаи табрикотӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки аз шаҳри Хуҷанд Самия Азизова, Қутфинисо Раҳмонова, Фотима Шукурова ва Маҷид Ширинов дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ хизмат кардаанд.
Аз ташрифи ҷавонон аёдатшудагон шод гардида, барои пойдории сулҳу амонии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дасти дуо бардоштанд.
ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ МАВҚЕИ ЗАНОН
Дарси навбатии "Мактаби сарварони ҷавон"-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуьбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Манижабону Аминзода дар мавзуи "Ҳизбҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар фаъолгардонии мавқеи занон доир” гардид.
Мавсуф зимни суҳбат иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ-сиёсӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми назаррас ва ногусастанӣ мегузорад.
Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олӣ ва стратегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз сиёсати хирадмандонаи ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳизб, аъзо ва ҷонибдорони он тамоми қудрату неруи худро сарф менамоянд.
Дар Барномаи мазкур сиёсати гендерӣ ва оила ҷойгоҳи хоса дошта, дар бахши сеюми он (Бахши сиёсати иҷтимоӣ) банди 3.4. сиёсати гендерӣ ва оила мушаххасан оварда шудааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт барои расидан ба баробарҳуқуқии занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли ин мушкилот кӯшиш менамояд.
Гуфта шуд, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хоса дода мешавад.
ДАР РАШТ РӮЗНОМАИ ҲИЗБӢ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Розиқ Нурзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Мубориз Саидзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии ноҳия, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” доир шуд. Дар кори маҷлис масъалаҳои натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда, ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, таъсиси рӯзномаи ҳизбии ноҳияи Рашт ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Мубориз Саидзода оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар ин самт як силсила тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд. Дар ин замина, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб раванди корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшида, дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” 183 мулоқоту вохӯриро миёни аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандони ноҳия доир намуда, дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш 58 чорабинӣ бо фарогирии 1988 нафар ҷавонон, дар самти кор бо занон ва аҳли ҷомеа 125 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҳфилҳои маърифативу иттилоотӣ бо фарогирии 1844 нафар занону бонувон ташкил ва баргузор кард. Дар идома гуфта шуд, ки дар ин давра бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 33 ҳашару шанбегиҳои оммавӣ роҳандозӣ гардида, дар рафти онҳо 800 дарахту ниҳол шинонида шуд.
Дар ин радиф, оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш пешниҳод шуда, дар идома аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис оид ба таъсиси рӯзномаи ҳизбии ноҳияи Рашт қарор қабул гардид.
Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода оид ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аъзои ҲХДТ ва мардуми заҳматқарини ноҳияи Рашт ҳамеша пайи созандагию ободкорӣ ва дастгирӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаву ободкоронаи Роҳбари давлат саъю кӯшиш карда, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Розиқ Нурзод зимни суханронӣ ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла оид ба беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол намудани намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва доир намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҳизб андешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ ҳар як аъзои ҳизб бояд масъулиятшинос бошад. Илова бар ин, зикр шуд, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар охир бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созанда, Оиннома, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт сарфароз гардонида шуданд ва ба якчанд ҷавони ватандӯсту хештаншинос, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, барои шомил шудан ба сафи ҳизби бунёдкору созанда ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
АЁДАТИ МӮЙСАФЕДИ 105-СОЛА
Ба муносибати 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ба аёдати иштирокчии ду ҷанг - ҷанги Финляндия ва ҷанги зидди фашистони немис, пири 105-сола Абдулазиз Қодиров рафта, ба мавсуф маводи ғизоӣ расонданд.
Аз ҷониби аёдаткунандагон иброз гардид, ки қадру манзалат ва хизматҳои ашхосе, ки барои Ватани азиз ҷону танро сипар карда, ғалабаи халқи Шуравиро бар фашизми гитлерӣ таъмин намудаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Бояд зикр кард, ки тибқи омори расмӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.
Поси хотири шаҳидони ҷанг ва гиромидошти онҳое, ки аз набардҳои хунини ҷанг саломат баргашта, айни ҳол ҳаёт ба сар мебаранд, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Ҳ.НОРЗОДА,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Шаҳринав
ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН БА ҶОЙИ ЗИЁРАТИ ҲАҶ
Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони хайрхоҳу ватандӯст ба хотири дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла шахсони яккаву танҳо ва маъюбону ятимон пайваста кумакҳои худро дареғ намедоранд.
Чунин иқдоми нек аз ҷониби узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, марди асил, шахси хайрхоҳу саховатпеша Муҳаммад Ғаффоров дар ноҳияи Восеъ сурат гирифт.
Муҳаммад ғаффоров, сокини деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо мақсади дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и Ҷамоати деҳоти мазкур хони идона ороста, ба онҳо як миқдор кумаки моддиву молиявӣ расонид.
Дар чорабинӣ 32 нафар ятими кулл, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши волидайн маҳрум мондаанд, беш аз 100 оилаи ниёзманд ва хонандагону омӯзгороне, ки дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, қадрдонӣ шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Муҳаммад Ғаффоров бо ҷонибдорӣ аз андешаҳои ояндасозу ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли равон доир гардид, тасмим гирифтааст, ки маблағи сафари ҳаҷи худ ва ҳамсарашро дар корҳои хайру савоб барои ҳамватанони хеш харҷ намояд.
Дар баргузории ин иқдоми инсондӯстона узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок карда, ин амали ҷавонмардонаи Муҳаммад Ғаффоровро шоистаи таҳсин хонданд ва барои дигарон ибратомез арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки кумаку дастгирии ниёзмандон рисолати неки инсонӣ ба шумор рафта, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро зарур аст ба хотири пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ва фароҳам овардани шароити созгор барои нафарони ниёзманд ин иқдоми некро ба анҷом расонад.
Дар охир чанде аз омӯзгорону хонандагон ва нафарони ниёзманди ҷомеа ба Муҳаммад Ғаффоров барои кумаку дастгириҳо изҳори миннатдорӣ карда, ин ҳама ғамхориҳоро давоми мантиқии сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.