Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд

Дар Душанбе масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд

29-04-2024, 16:15
Хабарро хонданд: 560 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шудВазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Вэйдун мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима гардиданд.

Инчунин дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сун Вэйдун баргузор гардид.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин дурнамои робитаҳо дар ҳошияи механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни нишаст доир ба таҳкиму тавсеаи талошҳои муштарак баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар анҷом дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: