Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

29-04-2024, 16:13
Хабарро хонданд: 559 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намудБа муносибати пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2024 эълон гардидани шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ барномаи бошукуҳи Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Рӯзҳои сайёҳӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардиданд. Зимни он Фестивали хӯрокҳои миллӣ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби ошпазҳои моҳири мамлакат дастархони миллии тоҷикӣ бо хӯрокҳои миллӣ, аз қабили ош, қурутоб ва оши туппа ороста шуд. Аз ҷониби иштирокчиён ба дастархон ва таомҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуда, ба лаззати таомҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар натиҷаи баргузории Фестивали хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ба ошпази мамлакати мо Сипоснома тақдим гардид.

Ҳамзамон дар доираи Рӯзҳои сайёҳӣ аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон барои муаррифии санъату фарҳанг ва либосҳои миллӣ намоиши либосҳои миллӣ баргузор карда шуда, аз ҷониби Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурудҳои халқӣ суруда шуданд.

Иштироки ҳайати мамлакат дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ба ин васила ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони давлатҳои аъзо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, варзишгарони бозиҳои миллӣ, Телевизиони «Тоҷикистон», Хонаи мӯд ва ошпазҳои моҳири мамлакат иштирок намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: