Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАФАККУРИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИРО БА ВУҶУД ОРЕМ!

ТАФАККУРИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИРО БА ВУҶУД ОРЕМ!

24-04-2024, 08:46
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
      ТАФАККУРИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИРО БА ВУҶУД ОРЕМ!
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир коррупсияро ном мебаранд. Ин амали номатлуб аз мушкилоти дохилӣ ба мушкилоти байналмилалӣ мубаддал гардида, решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва дар баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама бузург - нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, рӯзмарра ва мубрам будани муқовимат бо коррупсияро яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, дар ин самт баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо шарофати ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи заминаҳо барои иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шуд.
Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Дар бештари вақт зери мафҳуми коррупсия танҳо ришвагирӣ фаҳмида мешавад, аммо ин зуҳуроти номатлуб шакл ва тарзҳои гуногуни зоҳиршавии худро дорад. Масалан, он дар истифодаи аз меъёр зиёд пешбинигардидаи ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақсимоти неъматҳои моддӣ, аз худ кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда, сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар амалисозии ҳуқуқу манфиатҳояшон, ошнобозӣ, протексионизм (сарпарастии ғайриқонунӣ), хешутаборчигӣ, дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, маҳдудсозии рақобат ва ғайраҳо падидор мегардад.
Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёди пайдоиш дорад ва яке аз онҳо якҷояшавии ҳокимият бо иқтисодиёт мебошад, ки миллату давлати мо низ дар таърихи мавҷудияти худ онро паси сар намудааст.
Ин зуҳуроти номатлуб озодиҳои инсонро маҳдуд карда, ба пешрафти давлат ва рушди миллӣ монеъ мешавад. Роҳи муассири паст кардани шиддати он муборизаи дастаҷамъона бар муқобили он аст.
Аз таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки бояд ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дурӣ ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем.
Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунему чун шаҳрванди ватандӯст бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зиддикоррупсиониро ба вуҷуд орем.
Бо ҷалби мутахассисони соҳа баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаанд, ҳуқуқҳои худро тибқи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд ва ҳатман кореро анҷом диҳем, ки танҳо ва танҳо бо роҳи қонунӣ бошад ва ба ин васила, бахусус, ба тафаккури ҷавонон, ки ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст, таъсири мусбӣ расонем.
Мо, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳо, терроризм ва экстремизм, инчунин, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мубориза барем.
Д.Назирмадзода,
роҳбари дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе,
А.Раҳмонзода,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: