Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОРРУПСИЯ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

КОРРУПСИЯ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

21-09-2023, 14:38
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
КОРРУПСИЯ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН
Дар ҷомеаи демократӣ зистан чунин маънӣ дорад, ки новобаста аз мавқеи доштаамон бояд ба гуногунандешӣ эҳтиром гузорему андешаи хешро танҳо ва танҳо барои манфиати давлату миллат гуфта бошем, бидуни зарару зиён ба он.
Амалҳои марбут ба коррупсия кори як солу ду сол набуда, бо нигоҳ ба дарозои таърих ва асарҳои таълифшуда дар давраҳои гуногун исботкунандаи он мебошанд, ки пеш аз солшумории мелодӣ ба вуҷуд омадааст ва барои пешгирии омилҳои он меъёрҳои махсус ҷорӣ гардида буд. Аз ҷумла, дар қонунҳои Рими қадим коррупсияро ҳамчун вайронкунии ғайриқонунӣ нисбат ба шахсони хизматгор меҳисобиданд. Метавон гуфт, ки коррупсия таърихи тӯлонӣ дорад. Мавҷудияти коррупсия ва мубориза бар зидди он дар ҷаҳон аз гузашта то ба ҳол яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
Дар давраи муосир низ ниҳодҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил шуда, дар ин самт фаъолият мекунанд. Аммо бо вуҷуди он, ки мақомоти дахлдор мавҷуд ҳаст ва онҳо барои мубориза бар зидди ин амали номатлуб кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то нафарони даст ба коррупсия зада ҷазои ҳуқуқӣ гиранд, мутаассифона, коррупсия яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад.
Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкиди саривақтӣ намуданд: “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд” (Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27-уми январи соли 2017).
Дарвоқеъ, пораву тамаъҷӯӣ ва фасодкорӣ ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки дар қиёс бо терроризму экстремизм зишттару хатарноктар аст. Чун нафаре, ки нисбат ба давлати худ хоинона менигараду пешравии онро дидан намехоҳад, мавқеаш муайян асту дар ҷомеа худро ошкоро мешиносонад. Вале нафаре, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор карданаш ба коррупсия даст занад (дар бисёр ҳолатҳо пинҳонкорона) бар пояи давлатдориву давлатдорӣ теша мезанад. Он нафар фикр намекунад, ки ин амали зиёновараш бо маънои дурушт ба нобоварии мардум ва дар маҷмуъ ба заифию дарунхӯрии сиёсати давлатдорӣ оварда мерасонад.
Дар раванди муҳайёсозии омилҳои коррупсионӣ ду нафар нақши асосиро мебозад: ришвадиҳанда ва ришвагиранда.
Агар дар ин маврид як андеша кунем, суоле ба миён меояд, ки дар мадди аввал дар мафкураи ҷавони ба чунин ҳолат гирифторшуда, пеш аз ҳама, чӣ ҷой мегирад!
Аз паҳлӯи дигар амали ғайриқонунии баъзе аз шаҳрвандонро мебинем, ки шояд бо ҷой доштани тафаккури ҳарфҳои болозикрамон дар зеҳнашон ва дар бисёр ҳолатҳо надонистани ҳуқуқҳои хеш ба хотири зудтар ба манфиатҳояш расидагӣ кардан, пеш аз ҳама бо пешниҳоди “пора” ба масъулин муроҷиат менамоянд. Бо шарофати бархе аз чунин шаҳрвандон дар ҷомеа фазои амалҳои коррупсионӣ ташкил шуда, бо ин омилҳо ҷомеаро ақидае фарогир мегардад, ки (ҷои арзишу муносибатҳои солими ҷаъиятиро тасарруф месозад) роҳи ҳалли бисёре аз хизматрасониҳоро танҳо ва танҳо бо роҳи “пулакӣ” мебинанд, ки дар аксарият маврид хилофи қонунгузориҳо амал мекунанд.
Ҷойи таъкиди хос аст, ки дар чунин ҳолатҳо коррупсияро дар миёни ҷомеа ҳамчун воқеияти нангину фасод арзёбӣ кардан ниҳоят мушкилсоз мегардад. Ба ҳар ҳол дар он вақт ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем, ки аз муосиртарин усулҳои таблиғотӣ истифода намуда, ҷомеаро ҳушдор созем, ки (хусусан, ҳамон шаҳрвандоне, ки амалҳои коррупсиониро ба хотири фоидаи муваққатӣ ва ночизе ба анҷом медиҳанд) чунин рафтору муносибати фасод боиси косташавии обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва касодии иқтисодиёту рушди давлат мегардад.
Аз таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки бояд ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дурӣ ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунему чун шаҳрванди ватандӯст бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зиддикоррупсиониро ба вуҷуд орем. Бо ҷалби мутахассисони соҳа баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаанд, ҳуқуқҳои худро тибқи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд ва ҳатман кореро анҷом диҳем, ки танҳо ва танҳо бо роҳи қонунӣ бошад ва ба ин васила, бахусус, ба тафаккури ҷавонон, ки ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст, таъсири мусбӣ расонем.


Фирӯз САЙМУМИНЗОДА,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: