Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАРБИЯ - ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ ҶОМЕАИ МУТТАМАДДИН

ТАРБИЯ - ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ ҶОМЕАИ МУТТАМАДДИН

10-04-2024, 14:49
Хабарро хонданд: 30 нафар
Назарҳо: 0
ТАРБИЯ - ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ ҶОМЕАИ МУТТАМАДДИН
(дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки ба камол расонидани фарзанд аз ҷониби волидон, наздикон, хешу табор ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, рисолати падару модар дар ҳаёт пеш аз ҳама, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад.
Аслан, инсон дар ҳама давру замон, дар тамоми марҳалаҳои зиндагии худ ба тарбия ниёз дорад. Зеро тарбия омили тақдирсоз аст.
Дар шароит соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон, қабул ва таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Консепсияи мактаби миллӣ», «Консепсияи маълумоти миллӣ», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии маълумот» ва дигар санадҳои муҳими соҳаи маориф саросар ба таълим, ба ташаккули афкор ва тарбияи маънавӣ-ахлоқии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон нигаронида шудаанд.
Масалан, Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист.
Аз тарафи дигар, табиист, ки дар ҷаҳони зудтағирёбанда ва мураккаби муосир хатари тафаккури ифротгароӣ ба раванди давлатдории кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ба мушоҳида мерасад, ки дар бархе кишварҳои олам ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба зиндагии озодона ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳдид намуда, боиси шиканҷаи мардум, ихтилофи ҷомеа ва ниҳоят хунрезӣ, ҷабру зулм ва куштори одамони бегуноҳ мегарданд. Масалан, дар муассисаҳои таълимӣ рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танҳо дар сурате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ маърифати умумии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад.
Аз ин рӯ, илму маърифат дар пешгирии хатарҳои номатлуб, аз ҷумла тафаккури хурофотӣ ва ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Пас, фарогир будан бо донишҳои устувор ва тафаккуру ҷаҳонбинии илмӣ барои дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат карда, зиндагии шоиставу босуботро таъмин месозад.
Маврид ба зимкр аст, ки дар пештоқи донишгоҳи Стелленбоши Африкои ҷанубӣ навиштаҳои зерин овехта шудааст:”Нест кардани ҳар миллате ба истифодаи бомбаҳои ҳастаӣ, ё истифодаи мушакҳои дӯрпарвоз ниёз надорад.Он танҳо мунҷар ба коҳонидани сатҳи таълим аст ва таввасути донишҷӯён додани иҷозати фиребу тақаллуб дар имтиҳонот таҳқиқ мепазирад. Он гоҳ натиҷа ба ин минвол хоҳад буд: Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон фурӯ мерезанд. Пул дар дасти чунин иқтисоддонон ва ҳисобдорон гум мешавад. Одамгарӣ аз дасти чунин “донишварон”-и дин мемирад. Адолат аз дасти чунин доварону қозиён зоеъ мегардад. Сукути низоми омӯзиш-сукути миллат аст”.
Ҳамчунин аз нахуствазири Ҷопонро пурсидаанд, ки чӣ гуна онон ба чунин пешрафте даст ёфтанд ва дар маҷоли фановарӣ (технология) ва илм пешсафи ҳама ҷаҳониён гаштанд?
Чунин посух додааст: ”Мо ба омӯзгор моҳҳонаи вазир, масъулияти дипломат ва обрӯи императорро додем ва ин аст натиҷааш”.
Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд.
Яъне, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротию тундгаро яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз мебошад.
Дар моддаи 6 – уми боби 2- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст: «Падару модар, новобаста ба он, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон».
Вобаста ба рисолати омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас метавон зикр намуд, ки омӯзгор шаҳсутуни таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад. Сирри ҳама муваффақият ба сурати комил дар шахсияти омӯзгор нуҳуфтааст. Аз ин лиҳоз, бояд муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ комилан омода бошанд, чунки пешаи омӯзгорӣ аз шахс масъулияти бузургро талаб мекунад. Абӯали ибни Сино роҷеъ ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбияткунандаи кӯдак бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат бошад». Ҷойи шубҳа нест, ки бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи кӯдакон ба омӯзгор ва муррабии муваффақ ҳамбастагии ниҳоят қавӣ дорад. Барои боз ҳам хубтар иҷро намудани пешаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ муаллим бояд дар дили онҳо нисбат ба Ватан, модар, арзишҳои миллӣ меҳр пайдо кунад.
Дар дигар маврид, педагоги маъруфи рус ва яке аз машҳуртарин олимони риштаи тарбия Анатолий Василевич Луначарский оид ба тарбияи ахлоқӣ ва сиёсии ҷавонон, ки раванди басо мураккаб буда, ҳеҷ гоҳ саҳланкориро намеписандад, чунин фармуда буд: «Агар устои заргар тиллоро вайрон кунад, онро аз нав гудохтан мумкин ва сангҳои қимматбаҳо вайрону корношоям мешаванд. Вале агар одам вайрон шавад, ин гуноҳу ҷинояти бузургест».
Бузургони илму адаби тоҷику форс дар осори хеш зери мафҳуми «адаб» тарбияро фаҳм карда, муҳимтарин нишони одамӣ будани онро ба такрор таъкид кардаанд. Чунончӣ, Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Аз адаб пурнур гаштааст ин фалак,
Аз адаб маъсуму пок омад малак.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Хулоса, тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Бо ин назардошт, замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта бошанд ва якҷоя дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Зеро тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.
Яъқубова Басгул-омӯзгори коллеҷи
муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: