Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз рушди миқдорӣ ба рушди сифатӣ гузаштан дар илм амри ногузир аст

Аз рушди миқдорӣ ба рушди сифатӣ гузаштан дар илм амри ногузир аст

9-04-2024, 13:29
Хабарро хонданд: 510 нафар
Назарҳо: 0
Аз рушди миқдорӣ ба рушди сифатӣ гузаштан дар илм амри ногузир аст
Доир ба равандҳои муосири илми ҷаҳонӣ суҳбате дорем бо Аброр Мирсаидов-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

-Аброр Бобоевич, чуноне маълум аст, ҷомеаи постиндустриалӣ консепсияи тавсифи ҷомеаест, ки дар иқтисодиёти он сектори инноватсионӣ (навоварии дар амал татбиқгардида, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад) бо саноати баландистеҳсол, индустрияи донишҳо, бо ҳиссаи баланди хидматрасониҳои технологии пешрафта ва инноватсионӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ҳамчунин ҳиссаи баландтари аҳолие, ки бештар на дар истеҳсолоти саноатӣ, балки дар соҳаи хидматрасонӣ кору фаъолият доранд, дорои авлавият аст. Зербинои иқтисодиёт, албатта, илм аст. Ин воқеияти ҷаҳони муосир, новобаста аз таҳаввулоте, ки имрӯзҳо рух медиҳанд, аст. ОмодагииТоҷикистон ба сохтани чунин ҷомеа дар чӣ сатҳ қарор дорад?

-Оре, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон ва иқтисоддононбо пажуҳишҳои бунёдии худ исбот карданд: замони муосир, новобаста аз он ки вай дар марҳилаи пур аз тазоду муқовиматҳои шадидтар нисбат ба давраҳои қаблӣ қарор дорад, дар тамоюли бебозгашти гузариш ба ҷомеаи инноватсионӣ-иттилоотӣ, зинаи постиндустриалӣ, ки ба захираҳои иттилоотӣ, донишҳо, сармояи зеҳниву инсонӣ такя дорад, аст.
Он вобаста бо ташаккулу инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ-инноватсионӣ, иқтисодиёти дониш ва ё типи иктисодиёте, ки ба дониш асос мегирад, рӯйи майдон омадааст.
Феълан, пайваста бо фаъол гаштани нақши илм дар низоми қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа, иқтисодиёти дониш ҷойгоҳи устувор пайдо карда, мазмуни фаъолияти иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои оламро дигаргун намудааст. Яъне, майдони фаъолияти иқтисодиёти анаъанавӣ танг гашта, маҷрои шикастнопазири иқтисодиёти нав тадриҷан дар роҳи касби вазъи доминантӣ (тағйирпазирӣ) қарор дорад.
Инсоният дар раванди инкишофи таърихию эволютсионии худ кулли захираҳои табииро комилан натанҳо дар риштаи муносибатҳои иқтисодӣ гирифтааст, балки ба ҳар як ҷузъҳои он (предмету олоти меҳнат) чунон илму донишро таҳмил карда, тағйир додааст, ки истеъмолгар бидуни иттилову дониши кофӣ онҳоро мавриди истифода қарор дода наметавонад. Ҳатто агар бигӯем«тафаккури сунъӣ» на танҳо дастёр, балки бар инсон ҳоким шудааст, саҳв нахоҳем кард. Масалан, 2-3 компютер, ки иқтидори барномавии хеле бузургро доро аст, вазифаи ҳазорҳо коргаронро дар корхонаҳои азими истеҳсолӣ ба иҷро мерасонад. Ин раванд табиист, чун зерсохтор ва болосохтори низоми ҷомеа-сиёсату идораи давлатӣ, сатҳи тафаккури ҷомеа ва ғайраҳоро низ ба бозсозӣ моил месозад. Яъне, ин ҷо мушоҳида мекунем, ки нақши донишҳои илмӣ, сармояи зеҳнӣ, инсониву иҷтимоӣ ба омили асосӣ ва манбаи марказии инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодиёти ҷомеа табдил ёфта истодааст.
Имрӯз ҷомеаи инноватсионӣ-иттилоотӣ, табақа ва ё синфи пешбари онро «синфи креативӣ» ном гузоштаанд ва иқтисодиёти нави оянда «иқтисодиёти зеҳнӣ» ва ё креативӣ (креатив-эҷодкорӣ: бунёди арзишҳои нави фарҳангӣ ё моддӣ) аст.
Тоҷикистон низ аз ин равандҳои мусбати ҷаҳонӣ дар канор нест ва барои гузаштан ба ҷомеаи инноватсионӣ-иттилоотӣ заминаҳои ниҳодии созгор бунёд намудааст ва ин пайваста бо суръатгирии равандҳои инноватсионии нави ҷаҳонӣ таҳриру такмил ёфта истодааст.
Бахусус, дар самти зарурати таъмини рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи сифатҳои иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Дар Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, ПешвоимиллатмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонбаМаҷлисиОлӣ аз 26-уми декабри соли 2019қайд гардида буд: «Ҳукуматикишварвазифадоркардамешавад, киминбаъдбаҷанбаҳои сифатии рушди иқтисодимиллӣ, тақвиятинеруи инсонӣ, боистифодаазтехнологияҳоимуосирваҷорӣнамуданиинноватсиявусъатдоданиистеҳсолимаҳсулотиниҳоӣ, баландбардоштанифаъолнокиииқтисодииаҳолӣ, такмилинизомидастгириисоҳибкоривусармоягузорӣватавсеаииқтисодиётирақамӣдиққатиаввалиндараҷадиҳад».
Дар ҳақиқат,иқтисодиёти типи нав дар замони муосир, пайваста бо рушди ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти дониш равандҳои гузариш аз метод (тарз, роҳ, равиш)-ҳои классикии дастёбии рақобатпазирӣ ба методҳои нав, ки дар татқиқоти илмӣ ва инноватсия асос мегирад, раванди бебозгаштро касб намудааст.
Махсусан бояд қайд кард, ки ислоҳоти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа аз ислоҳоти соҳаи маорифу илм бояд оғоз ёбад. Зеро, ислоҳоти дилхоҳи пешбинишаванда аз сатҳи дарки аъзо ва қишрҳои алоҳидаи ҷомеа доир ба зарурату нафъи фарогири он вобастагӣ дорад ва маҳз дар ин раванд натиҷаҳои интизоршавандаро рӯйи кор меорад.
Сатҳи дарки зарурати ислоҳот ва эътимоду ҳавасмандӣ дар дигаргунсозии сифатии ҷомеаро сатҳу сифати дониш ва паҳноии андешаи аъзои ҷомеа, бахусус қишри креативи (эҷодкор)-и ҷомеа муаяйн мекунад. Аз ин лиҳоз, олими намоёни русС.П.Капитса маорифро ҳамчун «индустрияе, ки ояндаро муайян менамояд», тавсиф кардааст. Воқеан ҳам, имрӯз рушди низоми маориф ҳамчун соҳаи саноат (индустрия)-и технологии сатҳи баланд ба индустрияи эҷодӣ, ки ба истеҳсоли неъматҳои интеллектуалӣ (зеҳнӣ) ва илмғунҷоишаш баланд машғул аст, такя мекунад.
Саноати эҷодӣ фаъолиятест, ки дар асоси он ибтидои эҷодии фардӣ, таҷрибаву истеъдод қарор гирифта, тавлиди арзиши иловагӣ ва ҷойҳои кории нав дар заминаи истеҳсолу истифодаи моликияти зеҳнӣ сурат мегирад, Ин ҷо, пеш аз ҳама,дар назар дорем рушди соҳаи илмро, ки ба истеҳсолу пешниҳоди маҳсулот ва ё хизматрасониҳои илмӣ сару кор дорад.

-Шумо ислоҳоти ногузири соҳаи илму маорифро қайд кардед, ки барои рӯйи кор овардани иқтисоди нави пешрафтаи рақобатпазир таҳрикдиҳандаи асосӣ, сохтори бунёдгузор аст. Дар ин самт чӣ гуна масъалагузориҳо тақозо мегарданд, то кишвар аз раванди босуръати рушди ҷаҳонӣ дар канор набошад?

-Бояд қайд кард, ки пайваста бо ноил гаштан ба истиқлоли давлатӣ тадриҷан низоми миллии маорифи мамлакатниз ташаккул ёфт, рушд кард.
Шумораи муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо шаклгирии комили сармояи инсонӣ рӯйи майдон меояд, хеле афзуд. Муҳимтарин тамоюл дар он аст, ки дар ҷомеаи мо феълан дарк шудааст, ки сармояи инсонӣ омили муҳим ва беназири пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ноил шудан базиндагии шоистаи ҳар як фард мебошад.
Аз ин рӯ,на танҳо талаботи умумӣ ба донишандӯзиву хизматрасониҳои таҳсилотӣ, балки талаботи бозорӣ ба онҳо, яъне шакли таҳсилоти тиҷоратӣ рӯз аз рӯз боло рафта истодааст, ки заминаҳои иқтисодиву молиявии рушди соҳаи илму маорифро таъмин мекунад.
Соҳаи маориф, бахусус соҳаи таҳсилоти касбӣ дар мавриде рушд меёбад, ки агар дар онҳо омӯзгорон ба корҳои илмиву татқиқотӣ машғул бошанд, вазни қиёсии шумораи омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ биафзояд. Аммо, дар таъмини ин раванд мо истиқлоли худро дар ин самт танҳо пас аз 12-уми августи соли 2014 (таҳти рақами 255) бо таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионииназдиПрезиденти ҶумҳурииТоҷикистон» дарёфтем. Ниҳоят, инфармондастизиёиёни миллатдӯстрова ватанпарварро ба«гиребониорзувуормони» дерина расонид, даркасбизинаҳоиистиқлолияти зеҳнии миллат роҳкушод ва барои афзудани нуфузи кормандони илмӣ ангезиш бахшид.
Дар мамлакат, айни замон, аксари магистрантон имкон, ҷуръат ва хоҳиш доранд, ки ҳаёти худро бо соҳаи илм бипайванданд, ба докторантура (докторPhD) дохил шаванд ва шумораи муайяни мутахассисоне, ки қаблан муассисаҳои таҳсилоти илмиро хатм намуда буданд, низ ҷуръати онро доранд «карйераи» илмии худро дар сифати унвонҷӯ баланд бардоранд, бисозанд.
Ҷомеаи муосирро «ҷомеаи иттилоотиву инноватсионӣ» унвон додаанд, бинобар ин, тақозо мешавад, ки натанҳо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, балки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибунвону ҳирфаӣ таъмин бошанд.
Дар кишварҳои мутамаддин, пеш аз ҳама, ҳар як профессор мактабу равияи илмии худро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо)роҳандозӣ мекунад ва дар ин ҷараён рақобат вуҷуд дорад, зеро давлат озмунҳои баландпояро ташкил мекунад.
Дар ин ҷода, бахусус, омӯзиши таҷрибаи Исроил аз манфиат холӣ нест, ки ба комёбиҳо ноил шудааст. Яъне, афзудани шумораи омӯзгорони дараҷаи илмидошта ба тамоюли умумиҷаҳонӣ хос аст, ин талаби замон аст ва таъхирро намепазирад.
Ҳоло ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос,ҳамчунин,доктори илм маъмул ҳастанд.
Барои сазовор гаштан ба ин унвонҳо зарур аст, ки пажуҳиши илмии дорои сатҳу сифати баландро ба иҷро расонида, дар шакли диссертатсия (рисола) кори номзадӣ ва ё докторӣ таҳия ва дар шуроҳои диссертатсионӣ бомуваффақият дифоъ намоянд.
Қарори ниҳоиро доир ба сазовор намудани унвонҳои илмӣ Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
Дар ҳақиқат, яке аз механизмҳои муҳим дар ҷодаи таъмини рушду нумуи татқиқоти илмии ватанӣ фаъолияти Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан тартиботро дар майдони илм ва дар самти ноилгардии комёбиҳои илмӣ, дараҷаву унвонҳои илмӣ муайян мекунад, сатҳу сифат ва фаъолияти комилу шаффофи дигар ниҳодҳои соҳаи илму маорифи мамлакатро ба низом медарорад, такмил медиҳад.
Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи илму маориф, таъмини назорату ҳамгироии фаъолият дар самти аттестатсияи кадрҳои илмиву илмӣ-педагогии дорои ихтисоси олӣ, мусоидат намудан ба беҳдошти сохтори миқдории кадрҳои илмиву педагогӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокии тайёр намудани онҳо ва истифодаи онҳо бо назардошти талаботи ҷомеаву давлат, дурнамои илму маориф ва техникаву фарҳанг саҳми чашмрас дорад.Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ тартиботи ташаккул ва ташкили шуроҳои диссертатсионӣ, муқаррароту ҳуҷҷатҳои зарурӣ доир ба масълаҳои сазовор гардонидани унвону дараҷаҳои илмиро муаяйн намудааст.
Табиист, ки рушди миқдорӣ пайваста ба рушди сифатӣ мегузарад. Пеш аз ҳама,бояд имрӯз тафаккуру тамоюли («доми ниҳодии») ноил гаштан ба дараҷаи илмӣ ҳамчун воситаи дастрасӣ ба вазифаву мансаби баландро шикаст. Он фарде, ки бо ин ҳадаф маҷбуран ба соҳаи илм шомил мегардад, илмро барои худ талаф медиҳад. Эътирофи шахси донишманд ва дараҷаву унвони илмии он худ «мансаби» олитарин дар ҷомеа мебошад, ки бо заҳмату меҳнати шоистаи худи ӯ (на бо амр ё хоҳиши каси дигар) ба даст омадааст ва мазмуни «ман»-и вайро муайян кардааст.
Дар ин ҷо бамаврид аст, ки чунин таъкидиолим, мутаффакир ва нависандаи олмонӣ Ҳётеро ба хотир орем:«Бисёр мехоҳам, ки саҳна ба монанди ресмони дорбоз борик бошад, то ки одамони беҳунар ҷуръати болои он баромадан накунанд».
Маълум мегардад, кияке аз механизмҳои шикастани равандҳои номатлубдар илм баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кормандони илмӣ ва ташкилотҳои илмиву таҳсилотӣ, умуман, фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар майдони илм аст. Дар ин самт равшаннамоӣ ва коркарди меъёрҳову нишондиҳандаҳои арзёбии фаъолияту натиҷаҳои илмӣ воситаи муҳимми идораву танзими соҳаи илм ба шумор меравад.

-Яъне, дар ин самт роҳандозии бетаъхири барнома ва лоиҳаҳои илмӣ талаб карда мешавад…

-Оре, имрӯз пайваста бо болоравии аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоии илм таваҷҷуҳ ба кулли омилҳо, ки аз онҳо рушди илм вобастагӣ дорад, низ афзуда истодааст. Ин ҷо дар назар дорем, пеш аз ҳама, арзёбии натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотиро, ки бидуни онҳо идораи самараноки илм ғайриимкон мебошад. Барои ташкили ин кор дар ҷаҳони муосир таҷрибаи хеле ғанӣ андӯхта шудааст.
Дар бисёр кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон таҳия ва татбиқи барномаҳои арзёбии фаъолияти илмиву тадқиқотӣ сурат мегирад, ки баҳодиҳии миқдории натиҷаҳои фаъолияти илмии олимон ва муассисаҳои илмӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошад.Масалан, чунин барнома дар Британияи Кабир, ки бо унвони Research Assessment Exercise маъмул аст, арзёбии натиҷанокии фаъолияти донишгоҳҳои миллиро ҳар чор сол мегузаронад ва мутобиқ ба натиҷаҳои он ҳаҷми маблағгузориро муайян мекунад.
Ҳукумати Австралия барномаи Research Quality Framework роҳандозӣ кардааст, ки дар асоси индикаторҳои муайян маҳсулнокии муассисаҳои илмӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ ва олимони алоҳидаро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Дар Россия, дар доираи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия «Дар бораи арзёбии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, ки фаъолияти илмӣ-татқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва корҳои технологии таъиноти гражданӣ доранд» қоидаи арзёбии натиҷанокии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ тасдиқ шудааст, ки нишондиҳандаҳои мувофиқ тарҳрезишудаанд.
Аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳо, муассисаҳои илмиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: гурӯҳи аввал-муассисаҳои пешбар (лидер); гурӯҳи дуюм-муассисаҳои устувор, ки фаъолияти илмии муътадилро идома медиҳанд; гурӯҳи саввум-муассисаҳои илмие, ки самти илмӣ ва дурнамои рушди худро талаф додаанд.
Ҳамин тариқ, бо татбиқ шудани равишҳои миқдорӣ ҷиҳати арзёбии самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, сифати маҳсулоти илмӣ ва ҷудо намудани захираҳо барои иҷрои ин кор дар кишварҳои аъзои ИттиҳодиДавлатҳоиМустақил, бахусус дар Россия ва Ҷумҳурии Белорус низоми арзёбии илмӣ бо унвони низоми «наукометрика» таҳия мегардад.
Барои таҳлили арзёбии илмӣ, ки объекти онро соҳаи илм ва ё самти илмӣ-татқиқотӣ ташкил медиҳад, ба мақсад мувофиқ аст, ки таҳлили шабакаи иттилоотии маҳсулоти илмӣ-нашри маҷаллаҳо, патентҳо, диссертатсия (рисола)-ҳо, технологияҳои бақайдгирифташуда ва ғайра истифода шавад.
Ин таҷриба аз Институти иттилооти илмии Иёлоти МуттаҳидаиАмрикобаргирифта шудааст. Абзоре, ки ин ниҳод истифода бурдааст, Web of Science Scopus мебошад.
Ин ниҳоди илмӣ нахустин маротиба беш аз 8700 маҷаллаҳои илмии давриро мавриди коркард қарор дод ва айни замон мониторинг (омӯзишу таҳлил)-и беш аз 15 000 нашрияҳои илмии амалкунандаро мегузаронад.
Дар асоси мониторинг мақому нуфузи маҷаллаҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ ва кормандони алоҳидаи илмӣ дар майдони илми ҷаҳонӣ муайян ва арзёбӣ мегардад.
Дар бонки иттилоотии ин ниҳод аслан мақолаҳое, ки бо забони англисӣ интишор гаштаанд, ҷой дода шудаанд. Ин лоиҳа ба аксари олимон ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои гуногуни олам (Иттиҳоди Аврупо, Россия, Чин, Япония ва ғ.) мақбул набуд ва онҳо низ барои коркарди низоми наукометрикии миллии худ камар бастанд. Дар Россия аз соли 2005 Индекси иқтибоси илмии Россия (Российский индекс научного цитирования-РИНЦ) фаъолияти самаранок дорад.
Ин низоми иттилоотиву таҳлилии миллӣ натанҳо тадқиқоти илмиро бо иттилооти маълумотдиҳиву библиографии мубрам фавран таъмин мекунад, балки он як абзори тавоноест, ки натиҷабориву самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва олимонро арзёбӣ васатҳу сифати маҷаллаҳои илмиро муайян месозад.
Айни ҳол, ин низом ва абзор имконият фароҳам овардааст, ки маҷаллаҳои илмии Россияро бо нашрияҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ муқоиса намояд. Индекси иқтибоси илмии Россия(РИНЦ) дар заминаи «Китобхонаи илмии электронӣ» (http://www.elibrary.ru), ки портали азими иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф мебошад, фаъолият дорад.
Бонки иттилоотии он беш аз 31 ҳазор нашрия, аз ҷумла қариб 7000 маҷаллаҳои ватани (русӣ)-ро дарбар гирифтааст. Ин имконият медиҳад, ки иқтибосҳои илмӣ натанҳо аз сарчашмаҳои дохилӣ, балки аз нашрияҳои хориҷӣ мавриди амал қарор бигиранд.
Омӯзиши гардиши ҳуҷҷатҳо-мақолаҳои илмӣ имконият медиҳад, ки дараҷаи рушди самтҳои муайяни илмӣ ва коллективҳои илмӣ самаранок равшан гардад.
Бо ин равандҳо муаммои такмили сифати маҳсулоти илмӣ алоқаманд аст. Масалан, бархе аз коршиносон пайваста бо омӯзиши гардиши асарҳои илмӣ нисбат ба методологияи илмӣ қайд мекунанд, ки тадқиқоти муосир бо саҳвҳои низомӣ гирифтор аст ва дар асосноккунии илмии муаммоҳо костагӣ доранд.
Дар замони муосир таҳлили миқдории фаъолнокии нашриявӣ равиши хеле одӣ ва табиист, ки саҳми илмиро тавсиф медиҳад. Он яке аз индикатор (муайянкунанда)-и дақиқ ва аён доир ба маҳсулнокии олим, ташкилоти илмӣ ва соҳаи илм маҳсуб мешавад.
Ин равиш дар асоси аксари низоми арзёбии маҳсулнокии кадрҳои илмӣ қарор дорад. Маҳсули илмии интишоршуда (мақола, китоб ва ғайра), ба ғайр аз вазифаи иттилоотиву индикативӣ (огаҳ намудани ҷомеаи илмӣ доир ба натиҷаҳои кашфиёти илмӣ), ҳуқуқи зеҳнии муаллифро ҳифз карда, муносибати онро ба асарҳои илмии қаблӣ, бо тариқи иқтибосорӣ аз онҳо, инъикос мекунад.
Натиҷаҳои илмии бадастовардашуда, ки нашр мегарданд, ба ҳаҷми донишҳои умумиҷаҳонӣ зам мекунанд, ҷузъи онҳо мешаванд. Дар низоми ченкунии илм (наукометрика) бештар чунин нишондиҳандаҳои миқдорӣ истифода мешаванд:
Нишондиҳандаи фаъолнокии интишорот, ки дар шумораи асарҳои нашршудаи муаллиф ва ё ташкилоти илмӣ инъикос меёбад: мақола дар маҷаллаҳои илмӣ, монография, китоб ва ғайра;
Индекси иқтибосӣ, ки сатҳи фаъолнокиву арзишмандии ақидаҳои олимон ва муаллифонро муайян мекунад. Ин индекс аз рӯйи шумораи иқтибосҳо аз асарҳои муаллиф ба кор меравад.
Индекси саҳм ва ё таъсири нашрия, ки бо унвони «импакт»-омил маъмул аст, нишондиҳандаи миқдории муҳиммияти маҷаллаи илмиро муайян мекунад. Ин индекс нисбат ба маҷмуи иқтибосҳо аз мақолаҳо, ки мониторинги он дар маҷмуи маҷаллаҳо гузаронида мешавад, бо маҷмуи мақолаҳо, ки дар ин маҷалла нашр шудаанд, муайян карда мешавад. Ҳамзамон, нишондиҳандаи маҳсулнокии илмии муҳаққиқ низ маълум мегардад. Ба ин дохил мешаванд: индекси Хирша, ки таносуби шумораи мақолоти муаллиф ва шумораи иқтибос аз онҳо муайян карда мешавад; индекси сатҳи оперативӣ, ки нисбат ба шумораи иқтибосҳои аз маҷалла овардашуда ба маҷмуи мақолаҳои дар маҷалла чопшуда дар соли муайян ҳисоб карда мешавад.
Нишондиҳандае, ки иқтибосгирии фавриро нишон медиҳад, эътибори мақоларо дар олами илм муайян месозад. Ин индекс, ҳамчунин,нисбат ба шумораи иқтибосҳо аз адабиёт, ки на аз 5 сол қабл нашр шудааст, бо шумораи иқтибосҳо ба асарҳое, ки на беш аз як сол қабл нашр шудааст, корбарӣ мешавад.
Индекси «prise» имконият медиҳад, ки таъсири маҷалла, муассисаҳои илмӣ, олимон (ҳатто кишварҳои алоҳида)-ро дар ҷабҳаҳои коркардҳои илмӣ муайян намоем.
Индекси «худиқтибосдиҳӣ» ҳам мавриди корбарӣ қарор мегирад, ки он нишондиҳандаи шумораи иқтибосҳо ба ҳамон маҷалла, ба маҷмуи иқтибосҳо аз мақолот аст.Индекс дарозумрии иттилооти илмирониз муаяйн карда, оид ба сатҳи талабот, давомнокии таъсири онҳо ба ҷаҳони илм тафсир медиҳад.
Имрӯз дар мамлакат бо фаъолияти самараноки Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионииназдиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон”, муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳову муассисаҳои илмии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пайваста бо омода намудани диссертатсияҳо ва китобу мақолаҳои илмӣ бо забони давлатии тоҷикӣ, ташаккулу рушди забони илмии тоҷикӣ сурат гирифта истодааст, ки хеле саривақтиву зарур ва хуб аст.
Бинобар ин, дар мамлакат зарурати таъсиси Индекси иқтибоси илмииТоҷикистон (ИИИТ) дар заминаи Китобхонаи миллӣ, бо созмон додани портали азими иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф ба миён омадааст. Ин ниҳод бояд пайвандҳои ҷаҳонии худро бо ниҳодҳои мувофиқи кишварҳои олам бо тариқи ташкили тарҷумаи англисии реферат ва аннотатсияи васеи асарҳои илмии олимони кишвар ба роҳ монад.
Илми ҷаҳонӣ босуръат рушд мекунад ва мо бояд аз ин раванд дар канор набуда, ҳамқадам бо замон бошем.
Кишварҳое, ки ин омилро сарфи назар мекунанд, ба шикасти зеҳнӣ дучор мегарданд, ки барои мавҷудияташон хатари бузург дорад.Аз ин сабаб, роҳандозӣ намудани чораҳои болозикр ба манфиати кор буда, самараи он дар дурнамои миёнамуҳлат маълум хоҳад гашт.
-Ташаккур барои суҳбати фарогир.

Суҳбаторо: Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: