Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРНОМАИ УМЕДБАХШ ВА ПАЙКИ НАҶОТБАХШ

БАРНОМАИ УМЕДБАХШ ВА ПАЙКИ НАҶОТБАХШ

9-04-2024, 13:26
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
           БАРНОМАИ УМЕДБАХШ ВА ПАЙКИ НАҶОТБАХШ

Насли калонсоли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол хуб дар хотир доранд, ки барномаи радиоии «Хоки Ватан» дар бозгашти фирориёни иҷборӣ ва таҳкими сулҳу суботи мамлакат нақши ниҳоят муҳим бозида, афкори ҳамагониро барои устувор намудани рукнҳои давлати миллӣ ва ваҳдати умумимиллӣ ҳамбаста кард.
Дар замони ташаннуҷи вазъи ҷумҳурӣ ва оташафрӯзии низои дохилӣ «Хоки Ватан» барои ҳамаи тарафҳо минбари ибрози ақидаи солим, розу ниёз, даъват ба сулҳу созиш буд.
Барномаи нахуст, ки 29-уми марти соли 1993 садо дод, бо мусоҳибаи чанд гуреза ва муроҷиатномаи Раиси Шурои Олии вақти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш гардид, ки аз ҳамватанони фирории мо даъват ба амал оварда шудааст, ки ба Ватан, меҳани аҷдодӣ баргарданд.
Дар он аз ҷумла омадааст, ки «Ҳамватанони азиз! Ман ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам, аммо як бурида ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем…Шуморо хонаву даратон, хешу таборатон, боғу роғатон интизор аст… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони азиз!».
Гуфтан мумкин аст, ки маҳз ҳамин муроҷиатнома оғози оғозҳои раванди суоҳофарӣ, ҳамдигарбахшӣ, ҳамдигарфаҳмӣ барои раванди минбаъдаи таҳкими сулҳу созгории миллӣ гардид.
Тариқи барномаи «Хоки Ватан» садо додани муроҷиатномаи Раиси вақти Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуд, зеро дар ҳамон шароит маҳз тавассути мавҷи радио фирориёни тоҷик имкони воқиф шудан аз вазъи сиёсии ҷумҳуриро доштанд.
Лаҳни барномаҳо моломоли хоҳишу даъват буд, чунончи сенарияи барномаи рӯзи 13-уми октябри соли 1993 чунин оғоз мегардад: «Ай ҳамватан! Ай модару падар! Аё хоҳару бародари дар кӯйи ғарибӣ уфтодаи ман! Яқин медонам, ки ин лаҳза низ омодаи шунидани барномаи «Хоки Ватан» ҳастӣ. Баҳри шунидани барномае, ки туро паёме аз Ватани азизу ёру диёр ва хешону пайвандонат хоҳад расонд.
Бале, «Хоки Ватан» пайвандгари дилҳои ману туст, эй ҳамватан!
Бале, «Хоки Ватан», умедгоҳи кӯи ғарибуфтодаву кулли он нафаронест, ки ҷӯёи гумкардагони хешанду ҳар рӯзу ҳар соат чашм ба роҳи эшон чоранд! Ва ин лаҳза низ «Хоки Ватан» бо ана ҳамин нияту умеду орзуҳои нек садо хоҳад дод. Ҳамчунон ҳама рӯзҳои пешин. Ва мо, созандагони барномаи «Хоки Ватан» низ ҳама рӯз бо ҳам умеду орзу аз барои таҳияи ин барнома сарфи вақт кардаву кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Бо умеди оне, ки шумо, ҳамватанони ғарибгаштаи мо ба Ватан бозгардед, ба умеди оне, ки ҳамватанони паҳну парешони мо дида, ба дидори ҳам бирасанду як ҷо ҷамъ биёянд, ба умеде, ки ҳамватанони мо бад-ин васила гумкардаҳои хеш дарёбанд ва ё паёми хуше нисбат ба якдигар бишунаванд».
Худи ҳамин матни пур аз ҳиссиёти баланди инсондӯстона, самимияти дилпазир, меҳри омехта бо орзую умед оҳанги илтиҷоомези даъват ба Ватан дорад.
Бидуни шак, чунин матнҳои аз самими дил нигошта бо ҳамҷӯрии мусиқии маҳини ҷонпарвар ва садои гӯшнавози наттоқони радио дили шунавандаро об мекунанд, эҳсоси онҳоро ба Ватан бедор ва алоқаи фирориёнро ба радио қавитар менамуд.
Дар идомаи сенария чунин сатрҳои пурмеҳрро мехонем: «Ай ҳамватан! Магар аз чизеву аз касе сари тарс дорӣ? Медонам, туро бо фанду фиребу дурӯғҳои шунида тарсат медиҳанд, нафароне. Садди роҳту бозгашт мешаванд ашхосе чанд. Ту дудилаӣ! Оре! Биравам ва ё на! Медонам, саропо месӯзӣ дар ёди Ватан, ёд кардаву пазмон шудаӣ, ёру диёру пайвандонатро! Пас, чаро намеоӣ? Магар ту гунаҳгорӣ? Яқин медонам, ки не? Гунаҳгор дигаронанд, ки ту хубтар аз ман медонӣ эшонро, ки туро фиребидаву ба он сӯйи соҳил роҳнамунат сохта, хонабардӯшу овораву дарбадарат гардонда, ғариби бетавону зору низору хорат карда! Имонам комил аст, ки медонӣ! Хуб медонӣ, ай, ҳамватани хонабардӯшу зору низори ман!
Ва маро ҳам аз эшон ғам нест, зеро ту ҳам хуб медонӣ, оне ки гуноҳи хеш медонаду гунаҳгор аст, ҳеҷ гоҳе пой ба хоки поки Тоҷикистони азиз нахоҳад монд ва эшонро дигар на ғаму на парвоест баҳри Тоҷикистону аз барои туи хонабардӯшу зору низори ғариби саргашта…
Зеро эшон имрӯз давру даврон доранду соҳиби пулу молу доллару риёлу кӯшкҳои бошукӯҳанд…».
Худ қазоват кунед, дар ҳамон солҳои қумандонсолорӣ навиштани чунин сатрҳои самимӣ, даъвати фирориён ба Ватани аҷдодӣ, бегуноҳу гумроҳу хонабардӯш номидани онҳо воқеан, қаҳрамонӣ буд.
Гумон мекунед, ки ин сатрҳоро на журналист, балки як ҳамдам, як хоҳар, як бародари ба ҷон баробар навиштаву аз сарнавишти талхи ҳамватанони дар ғами Ватан сӯхтаи мо ашки ҳасрат аз дидагон мерезад.
Оҳанги хоҳишу даъват ба Ватан дар барномаи «Хоки Ватан» чунон қавӣ буд, ки ҳатто бо гузашти беш аз 30 сол ҳар фарди солимақлу боҳуш, ботадбиру борайъ, ҳар шахсеро, ки заррае нангу номус ва ифтихори тоҷикӣ дорад, зимни мутолиаи барномаҳо вуҷуд меларзад, дил хун мешавад, ба ҳоли афроди ғарибгаштаи ноумеди ватангумкарда мегиряд, менолад, месӯзад. «Ай ҳамватан! З-ин рӯ, таманнову хоҳишу орзуву умеди ҳамарӯзи мо ҳамин аст, ки ҳарчӣ тезтар ту бозпас ба Ватан биёӣ.
Албатта, яқин аст, ки рӯзи одам дар ҳар куҷо мегузарад. Вале зиндагӣ дар Ватани хеш, назди ёру дӯстону хешону пайвандон шаҳди дигаре дорад.
Ай ҳамватан! Ту ҳама гармои тоқатфарсоро пушти сар кардӣ. То чӣ азобу кулфате, ки инро танҳо худат медонӣ!
Кунун фасли сармо фаро расида ва намедонам чӣ ҳолу аҳволе туро дар ин айём ба сар омада! Ва чӣ тақдире дар ин фасли сармо туро созгор буда…
З-ин рӯ, умед аст, ки бори дигар андеша мекунӣ, бори дигар гузаштаи рангини хешро ба ёд меорӣ, кӯчаву тангкӯчаҳои деҳи азизу базму маъракаҳои ҳамдеҳагонро пеши рӯ меориву ба хотири ин ҳама, ба хотири арвоҳи гузаштагону хешону пайвандон ба Ватани азизи хеш бозпас мегардӣ. Зеро бидон, ки Ватан интизори туст.
Ай ҳамватан! Ин аст умеду орзуи кулли ҳамватаноне, ки имрӯз чашм ба роҳи омади ту интизоранд ва яқин аст, ки бе мову ту, бе кулли мардуми Тоҷикистони азиз, ҳамагӣ ҳеҷ ҳастем ва ҳам мову шумо тоҷикем ва ҳамаи мо аз як ватанем!
Ҳамчуноне шоири ширинкалом ва шинохтаи тоҷик Ҳақназар Ғоиб басо хуб фармуда:

Бо Ватан мо ҳама якҷону танем,
Ватанам - ман, Ватани ту, ҳамаи мо Ватанем.

Навҷавон аст зи барноии мо,
Ҳамадон аст зи доноии мо,
Равнақаш дар дили фардои бузург,
Шуҳраташ аз раҳи бобоии мо.

Бо Ватан мо ҳама якҷону танем,
Ватанам ман, Ватани ту, ҳамаи мо Ватанем».

Маҳз чунин нигоштаҳои самимиву дилпазири ҳушбанд имкон фароҳам сохт, ки фирориён боҷуръат розу ниёзи худро тавассути номаҳо ифшо созанд, наздикону пайвандони худро биҷӯянд, аз худ дарак диҳанд. Бо ин мақсад дар барнома бахши «Назаре ба номаҳо» таъсис шуд, ки бо мисраҳои:
Номаҳо, эй номаҳои пуралам,
Номаҳои доғ аз ашки қалам.
Номаҳо, эй қиссаҳо, эй ёдҳо.
Розҳо, умедҳо, фарёдҳо…

оғоз мегардид.
Дар ин бахш номаеро мехонем бо чунин мазмун: «Ассалому алайкум, мураттибони барномаи «Хоки Ватан»! Пас аз салом бояд арз бикунам, ки аз рӯзи ба мавҷ баромадани ин барнома дар маконе, ки мо зиндагӣ мекунем, ҳар рӯз аз ашки мо борони сел меборад. Мо парандагони бе лона гаштаи меҳани азиз, ҳар рӯз ба ёди Ватан, ба ёди Тоҷикистони азиз хун мегирйем.
Чун аввалан салом ба Тоҷикистони азизам расондан, баъдан бояд тазаккур дод, ки меҳан ва модар пайвастагии зиче доранд. Аз ин хотир, ман ба падарам Назаров Маҳмуд, бародарам Маҳмудов Маҳмад гӯё, ки дар ноҳияи Ҷиргатол, совхози Шестопалов ва ҷигарбандаш Дилшод, ки дар Донишгоҳи тиббии Душанбе таҳсил дорад, пас аз салом муроҷиат мекунам:
Азизонам, ман модарат Маҳмудова Хосият, бо ҳамроҳии кӯдаконам Ибодулло, Ҷумъабек, Ҳомидҷон ва Фотима дар шаҳри Қундузи Давлати Исломии Афғонистон зиндагӣ дорам.
Азизонам, аз Шумо хоҳишмандем, худро ба воситаи радио маълум намоед.
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок фиребост, вале хоки Ватан нест!

Бо эҳтиром Маҳмудова Хосият”.

Нигорандандагони номаҳо намояндагони касбу кори гуногун буданд. Барои намуна номаи донишҷӯеро айнан меорем:
«Салом таҳиягарони барномаи «Хоки Ватан»!
Мехостам ба воситаи ин барнома аз ҳолу аҳволи устодон ва ҳамкурсони меҳрубонам хабардор шавам. Ман соли 1990 ба Донишкадаи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шудам. Ду сол таҳсил намудем. Имсол бошад, бо амри тақдир аз ҳамкурсонам ҷудо шудам ва ҳоло дар Давлати Исломии Афғонистон, вилояти Қундуз, минтақаи Дорулмуаллимин зиндагӣ карда истодаам.
Аз ҳамкурсонам Бобоева Бонуҷон, Бобиев Убайдулло, Ибронова Рухшона, Муҳаммадиева Бӯстон, Қурбонова Мавлуда, Шарифова Зинат, Ёрова Лолахон хоҳиш мекунам аз ҳолу аҳволи худ ба ман хабар расонанд.
Эй аспи сафед, мара ба боло барӣ чӣ,
Қамчин бизанум, сӯйи дарё бари чӣ.
Тилло бихарум, сумбота гулкорӣ кунум,
Як бори дигар пеши ҳамкурсом барӣ чӣ.

Ҳамкурсони ҷон, куҷо шудед аз назарум,
Рафтеду ҳанӯз ба шумо дар сафарум,
Дар хаёли ман ҳавои дидори шумост,
Кай фурсати он расад, ки кӯбед дарам.

Бо умеди дидори шумо ҳамкурсатон Тавротвӣ Давлатова аз ноҳияи Шаҳритус».
Дар бахши «Номаҳо аз Тоҷикистон» садои дили онҳое пахш мешуд, ки ҷигарбандонашон дар он тарафи Омӯ ғариб афтодаанд:
«Салом редаксияи азиз!
Илтимос номаи маро ҳам хонед. Ман аз ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Лангари Шоҳӣ Шарифова Ҳалима ҳар субҳ чун модарони дидагирён барномаи дӯстдоштаам «Хоки Ватан» -ро чун нури офтоб бесаброна интизорам ва пеш аз ҳама, ба шумо таҳиягарони ин барнома, ки дили пурандӯҳи моро таскин мебахшед, ташаккур мегӯям.
Ман модари ҷигарбирён бо чашми гирён 10 моҳ мешавад, ки зиндаҷудоям. Илтимос, номаи маро ҳам хонед, то Нисоҷонам шунавад ва аз худ дарак диҳад.
Хайр, Нисоҷон, ман ташнаи дидори туям.

Ман байта намедонум, рубоӣ мегум,
Сесад ғазала баҳри ҷудоӣ мегум.
Майли дилатон ёдум кунен ё накунен,
Ин байта бари зиндаҷудоӣ мегум.

Бо салом, Шарифова Ҳалима”.

Барномаи «Хоки Ватан» байни ҳамватанони мо ва пайвандони ғарибуфтодаи онҳо ба сифати пули иртибот хизмат мекард. Ба ҳарду тараф умед мебахшид, мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳамагон буд, заминаро барои ҳамдигарбахшӣ, аз синаҳо зудудани кинаҳо фароҳам месохт, ки намунааш барномаи рӯзи 2-юми феврали 1994 аст: «Ва бидонед, ки Шуморо кулли ҳамватанони Тоҷикистони азизатон интизор аст. Ва бидонед, ки шуморо мо, таҳиягарони барномаи барои ҳар яки шумо азиз «Хоки Ватан» интизорем. Шуморо ман интизорам. Ва ин лаҳза зи номи кулли ҳамватанону хешону пайвандон, зи номи Тоҷикистони азизат ман шуморо бо дилу дидаву оғӯши кушода ва садои баланд ба Ватан мехонам, эй мурғакони кӯчбаста.
Эй мурғи кӯчбаста зи боғу чаман биё,
Оҳуи фандхӯрда, ба кӯҳу даман биё.
Кашмир хоҳад дар дилат сӯйи Ватан биё,
Эй ҳамватан, биё…
Эй ҷони ман, биё!
… Бар пешвози роҳи ту, эй ғамгусори ман,
Рӯшангар аст гавҳари чашмони чори ман.
Гарм аст хонаи дили умедвори ман,
Эй ҳамватан, биё,
Эй ҷони ман, биё.
Эй ҷони ман, биё!
Эй ҳамватан, биё!».
Дар барномаи «Хоки Ватан» номаҳое қироат мешуданд, ки нигорандагони онҳо бо ин барномаи миллӣ ҳусни ният надошта, ҳатто аз он шубҳа менамуданд.
Мегӯянд, ки «мушт намунаи хирвар». Дар номае чунин сатрҳоро мехонем: «…Банда, ки худ шаҳди ғарибиро чашидаам, бо чашми сар медидам, ки чӣ сон як зумра ба барномаҳои шумо бо чашми ҳайрат менигаристанд, ба он боварию эътимод надоштанд, аз он, ки гӯё ин ҳама даъваткунандагон дар зери салоҳ ва ё маҷбуран баромад мекарда бошанд.
Мегӯянд, ки Худоро бо ақл мешиносанд. Охир, наход ин ҳама дурӯғ бошад ва мо хешу ақрабои падару модар, ёру дӯстонро барои он даъват мекарда бошем, ки онҳо аз дами теғ гузаранд. Шукри Яздони пок, ҳазорҳо шукр, ки ин тавр нест ва боди шуме, ки дар сарзамини мо вазид, барқосо гузашта рафт.
Одатан гулистон бе хор намешавад. Ҳастанд нохалафоне, ки бо роҳи макру ҳила садди роҳи бозгашти умумии ҳамхуну ҳамхешони мо мегарданд. Аммо мо ба онҳо хитобан мегӯем: Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, биёед, бо чашми сар бубинем, ки кайҳо алангаи ҷанг дар сарзамини кӯчаки мо хомӯш гаштааст, мардум пайи рӯзгори орому осудаи хешанд. Редаксияи азиз! Дар марзи Давлати Исломии Афғонистон аз бемории вабо 9 тан аз хешу таборам шаҳди шаҳодат чашидаанд. Ва то кунун падару модари бузургвору бародаронам: Муҳаммадазим, Муҳаммаднаим, Муҳаммадзикирё, Аҳмад, Порсохӯҷа, Қосимҷон, Муҳаммадсафӣ, Абдуалим, Абдумалику Абдурозиқ фирефтаи найрангу дасиса гашта, шаҳди ғарибӣ мечашанд. Аммо бедарак аз он, ки мо ҳамроҳи бародаронам Муҳаммадамин, Зоҳиршоҳ, Нусратуллову, Муҳаммадҷон кайҳо хонаҳоро таъмиру тармим намуда, дар онҳо бурёкӯбон намудем. Феълан аз чизе танқисӣ намекашем, шукри эзиди мутаъол ҳама чиз муҳайёст. Танҳо ба онҳо хитоб намуда мегӯем: бас будагист зиндаҷудоию шаҳди ғарибӣ чашидан. Падару модар ва бародарону ақрабои ман! Дафъатан ба Шумо муроҷиат карда мегӯям: Ҳарчи зудтар баргардед, ин ҷо тинҷию оромист.
Эй падарҷон хоки поят тӯтиё,
Гар ту моро дӯст медорӣ, биё.
Эътиқоди мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё.
Бо ҳазорон орзую умед фарзанди шумо Муҳаммаддовуди Мухторзода, сокини хоҷагии «Наврӯз»- и ноҳияи Вахш”.
Дар таърихи радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» ҷойгоҳи хос дорад. Зеро дар баробари тарғиби сиёсати ҳукумат он тавонист фирориёни иҷбориро ба Ватан бозгардонида, дар таҳкими сулҳу созгории миллӣ саҳми фаъол гузорад. Аз ҷониби дигар, дар шароити ташаннуҷзои низои дохилӣ он пуле буд байни ҳукумат, фирориён, мухолифини вақт ва мардуми диёр.
Бо гузашти вақт дар байни пажуҳишгарон суоле ба миён меояд, ки омилҳои маҳбубият пайдо намудани барнома дар чист? Иддае ҳайати эҷодӣ, гурӯҳе вазъи замон ва баъзеҳо минбари бетараф будани барномаро сабаби маъруф шудани он медонанд. Аммо мо бар ин назарем, ки ин омилҳо дар ҳамбастагӣ барномаи «Хоки Ватан»-ро маҳбуб гардонида, ба он рисолати таърихӣ бахшиданд.
Барнома таъинотӣ ва бозгардонидани фирориёни иҷборӣ мақсади асосии он буд. Он дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани сиёсати ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бемисл гузошт.
Давоми мавҷудияташ барнома беш аз 800 маротиба (45 дақиқагӣ) пахш шуда, тақрибан шаст ҳазор нафар аз Тоҷикистон ва 50 ҳазор нафар фирориён ба хешу ақрабо муроҷиат намудаанд, зиёда аз 200 ҳазор номаю дархост қироат шудааст, бисёр суҳбату мусоҳиба бо намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, мақомоти маҳаллӣ доир гардида, қариб 850 гузориш аз маросими истиқболи фирориён ва вазъи рӯзгорашон дар манотиқи гуногун пахш шудаанд.
Гурезаи охирин 16-уми ноябри соли 1997 ба Ватан баргашт ва барномаи «Хоки Ватан» низ рисолати таърихии худро ба субут расонд ва Тоҷикистон ба марҳилаи нав - созандагӣ ва бунёдкорӣ қадам гузошт.
Ҳамин тавр, «Хоки Ватан» ба сифати барномаи умедбахш ва пайки наҷотбахш дар баробари ба Ватан бозгардонидани гурезаҳо ҳамзамон фолклори мардуми тоҷикро бо рубоиву дубайтиҳои дорои мазмунҳои ғарибӣ ғанӣ намуд.
Ҳифз, гирдоварӣ ва интишори онҳо дар як муҷаллад барои пажуҳиши ҳолатҳои руҳонӣ ва ҳиссиёти ботинии гурезагон, ҳамбаста намудани азми онҳо бобати баргаштан ба Ватан, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва сабақи таърихӣ андӯхтан аз ҳама гуна низоъҳои дохилӣ замина фароҳам меорад.

Саидмуроди Хоҷазод,
доктори илмҳои филология,
профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: