Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Завқӣ Завқизода даври дуюми гуфтушунидҳоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раисӣ намуд

Завқӣ Завқизода даври дуюми гуфтушунидҳоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раисӣ намуд

29-11-2023, 14:45
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Завқӣ Завқизода даври дуюми гуфтушунидҳоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раисӣ намудДар шаҳри Брюссели Белгия таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сарпарасти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин даври дуюми гуфтушунидҳо вобаста ба баррасии «Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Иттиҳоди Аврупо шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин созишнома барои боз ҳам бештар тавсеа додани ҳамкории бисёрсамта заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар созишнома густариши ҳамкорӣ байни ҳарду ҷониб дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иктисод ва савдо, сармоягузорӣ, иқтисоди «сабз», молия, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва логистика, маориф ва таҳкими сарҳад дарҷ гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: