Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад21-02-2024, 09:18
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9-14 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 4-9 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.